Додситонӣ парвандаи ба артиш бурдани ҷавони беморро баррасӣ мекунад

Дилшод солҳо пеш ба бемории гӯш гирифтор будааст.

Хонаводаи Дилшод Шафиев, сарбози 24-солаи тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди он, ки ӯ ношунавост, иҷборан ба хидмати ҳарбӣ ҷалб гардида, ҳоло дар бистари беморист.

Мақомоти додситонии ҳарбӣ рӯзи 23-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз вазъи саломатии сарбоз Шафиев огоҳӣ доранд ва ин масъаларо ҷиддан таҳти назорат гирифтаанд.

Умедҷон Шафиев, бародари Дилшод, сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, дар даъвати баҳории имсол, 20-уми апрел чанд корманди пулис Дилшодро аз кӯча дошта, ба комиссариати ҳарбии Ҳисор бурданд.

Шафиев, афзуд, ҳарчанд ба идораи комиссарият рафта, пофишорӣ намуданд, ки бародараш ношунавост ва санади тиббӣ низ доранд, аммо ба ҳарфҳояшон гӯш надода, ӯро ба қисми ҳарбии 08362-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд интиқол додаанд. Ин қисми ҳарбӣ ба Вазорати дифои Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Ба гуфтаи бародари ин сарбоз, тахминан баъди ду ҳафтаи ҷалби бародараш ба артиш, хабардор шуданд, ки дар қисми ҳарбӣ гӯши чапи бародараш, ки аз тифлӣ нуқс дошту қобилияти шуниданро надорад, зардоб гирифта, вазъи саломатиаш бад шудааст.

"Табибон мегуфтанд, ки бо ин аҳвол ӯро ба артиш ҷалб кардааст"

Умедҷон Шафиев афзуд: "Якчанд рӯз дар худи қисми ҳарбӣ табобат мекардааст, лекин баръакс аҳволаш бад мешавад. Баъдан ба шифохона мефиристанд, ки он ҷо низ беҳбудӣ намеёбад. Баъдан санаи 4-уми июн ба беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғаффоров мефиристанд. Мо дертар хабардор шудем, ки ӯ дар чунин вазъ дар беморхона аст, ба беморхона рафтам, аҳволаш бисёр бад буд, мешунидам, ки табибон байни худ мегуфтанд, чӣ гуна ин ҷавонро бо ин аҳвол ба хизмат ҷалб кардаанд".

Рӯзи 23-юми июл як табиби беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғаффоров, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам сарбоз Дилшод Шафиевро аз шифохонаи низомӣ Бӯстон ба беморхонаи онҳо интиқол доданд ва тайи ду ҳафта назди онҳо табобат гирифтааст.

Ҳамсуҳбатамон афзуд, ки саломатии сарбоз хуб набуд ва гӯшаш об мерафт: "Дар гузашта пушти гӯшаш ҷарроҳӣ шудааст, ҷойи захм варам кардааст, гӯшашро ҷарроҳӣ кардем, баъди 14 рӯз, ки беҳтар шуд, ӯро дубора ба госпитали Бӯстон бурданд".

Хонаводаи сарбоз ба Додситониҳои ҳарбии Суғд ва шаҳри Душанбе арзиза навишта ва тақозо кардаанд, ки бинобар вазъи нохуби саломатии Дилшод, ӯро аз идомаи хидмат озод намоянд.

Додситонии низомӣ парвандаи сарбозро баррасӣ дорад

Фаррух Раҳимзода, як масъули Додситони ҳарбии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди гирифтани аризаи наздикони сарбоз, санҷиш гузарониданд ва тамоми санадҳои лозимаро ба додситонии ҳарбии Душанбе ирсол намуданд. Ҳамсуҳбатамон натиҷаи санҷишро шарҳ надод ва танҳо таъкид кард, ки Додситонии ҳарбӣ-гарнизонии Душанбе қазияи сарбозро пайгирӣ дорад.

Як намояндаи Додситонии ҳарбии Душанбе бидуни зикри номаш гуфт: "Ҳоло як ҳайати комиссия бо ширкати масъулони додситонию табибон ташкил шудааст ва масъалаи идомаи хидмати сарбоз ва шеваи ҷалби ӯро баррасӣ доранд. Вале ӯро маҷбур ба хидмат набурдаанд, ин чиз тасдиқашро наёфт, даъватнома фиристодаанд."

Дар ҳамин ҳол наздикони ҷавон мегӯянд, ҳеҷ гуна даъватномае дастрас накардаанд. Умедҷон Шафиев, бародари сарбоз мегӯяд, ҳар вақте назди масъулони додситонӣ меравад, ваъдаҳо мешунаванд, ки Дилшодро ҷавоб медиҳанд, вале амалан коре анҷом намедиҳанд.

Мақомоти додситонии ҳарбӣ мегӯянд, ба ин масъала ба зудӣ нуқта мегузоранд ва ҳоло хулосаи комиссияро мунтазиранд, ки сарбоз то куҷо қобили хидмат дар сафи артиш аст ё на.

Моҷароҳое, ки пайваста такрор мешаванд

Масъулони додситонии ҳарбӣ гуфтанд, аз аҳволи сарбоз бо хабар доранд ва вазъи саломатияш хуб буда, дар госпитали вилояти Суғд табобат мегирад. Аммо хонаводаи Дилшод дар шаҳри Ҳисор мегӯянд, ҳоло намедонанд, ки фарзандашон дар садҳо километр дур аз онҳо дар чӣ аҳвол асту арзу муроҷиатҳояшон барои ҷавоб додани фарзандашон аз идомаи хидмати ҳарбӣ то куҷо натиҷа медиҳад. Пайвандони сарбоз гуфтанд, зидди хидмати ҳарбии фарзандон нестанд, вале медонанд, ки писарашон имкони идомаи хидматро надорад.

Дар санадҳои тиббие, ки хонаводаи сарбоз дастраси Радиои Озодӣ намуд, табобату ташхисҳои ин ҷавон дар солҳои гуногун навишта шудааст, ки ӯ аз дарди гӯшаш азият кашида, ҷарроҳӣ низ шудааст. Хонаводаи сарбоз мегӯяд, ӯ пайваста таҳти назорати табибон буд ва ҳеҷ боварашон намеомад, ки вайро ба хидмати ҳарбӣ мебаранд.

Ин бори нахуст нест, ки пайвандони ҷавонон аз иҷборан ҷалб кардани фарзандони беморашон ба хидмати ҳарбӣ изҳори нигаронӣ менамоянд. Дар гузашта низ борҳо волидону наздикони сарбозоне садо баланд кардаанд, ки ҳини даъват ба артиш, вазъи саломатии фарзандонашон ба инобат гирифта намешавад.

Дар Тоҷикистон соле ду бор-баҳору тирамоҳ маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сурат мегирад, ки дар ҳар даъват масъалаи шеваи ҷалби ҷавонон ба артиш ба яке аз мавзӯҳои доғи расонаҳо табил меёбад.