Иттифоқи нависандагон аз адибони “тасодуфӣ” пок мешавад

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои бори аввал масъалаи “аз сафи аъзои ин созмон ихроҷ намудани адибони тасодуфӣ”-ро шурӯъ кардааст. Бо ин ҳадаф як комиссиюни корӣ ташкил шудааст, ки дар чаҳорчӯби стратегияи “Омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ” арзиши бадеии асарҳо ва сатҳи касбии адибонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Илова ба ин, раҳбарияти Иттифоқи нависандагон “мораторияи якунимсолаи” қабули аъзо ба ин созмони эҷодиро ҷорӣ кардааст.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ рӯзи 27 июл Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, чунин тасмим ба хотири поксозии суфуфи Иттифоқи нависандагон аз “адибони тасодуфӣ ва камҳунар, ки аслан аз соли 2010 то соли 2015 шомили иттифоқ шудаанд”, гирифта шудааст. Вай гуфт, адибон ва эҷодиёти онҳое, ки дар муддати ин панҷ сол ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудаанд, ҳатман маврди арзёбиву баррасӣ қарор мегиранд. Ба иттилои оқои Мирхоҷа, ба хотири анҷоми пурраи кори комиссиюн ҳеҷ нафаре ба узвияти ин созмон қабул нахоҳад шуд.

Ба иттилои ӯ, таҷрибаи манъи қабули нависандагон ба узвияти ин ниҳод ҳанӯз аз июли соли гузашта ҷорӣ шудааст ва то охири соли ҷорӣ идома мекунад. Дар шарҳи ин тасмим ӯ гуфт, ки комиссиюн нисбат ба ҳар адиб тақризи мушаххас таҳия карда хулосаҳои худро ба раёсат пешниҳод мекунад ва агар раёсат ба хориҷ шудани ин нафар овоз диҳад, адиб аз мақоми “Узви Иттифоқи нависандагон” маҳрум мешавад. Аз ҷумла, аъзои комиссиюн асарҳои нависанда, арзиши бадеии он ва сатҳи касбияти муаллифро меомӯзанд.

Аммо Раҳмат Назрӣ, шоири халқии Тоҷикистон ва узви Иттифоқи нависандагон ин иқдомро чандон дуруст намешуморад ва мегӯяд, дар ҳамаи соҳаҳо афроди тасодуфӣ ҳастанд. Яке аз масоили мавриди нигаронии ӯ ин аст, ки то куҷо кори аъзои комиссиюн мунсифона сурат хоҳад гирифт?

“Адибоне мисли устод Мӯъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Худоӣ Шариф, Саттор Турсун аз раёсати Иттифоқ берун карда шуданд ва имрӯз дар кори Комисия муовинони раиси Иттифоқи нависандагон ва ректорҳои баъзе донишгоҳҳо ширкат доранд ва оё баррасӣ ва тақризи асарҳои адибон мунсифона сурат мегирад? - ин суол аст. Албатта адибони тасодуфӣ ҳастанд, вале онҳо дар ҷомеа ҳамчун адиб ҳузур доранд ва нафъашон ба мардум мерасад. Ҳоло агар айб кобед, аз ҳама мешавад пайдо кард. Ба назари ман, чунин иқдом эътибори Итифоқи нависандагонро кам мекунад”.

Яке аз адибони ҷавоне, ки дар соли 2012 шомили Итифоқи нависандагон шудааст, Толиби Луқмон аст. Вай мегӯяд, тарафдори поксозии сафи Иттифоқи нависандагон аст: “То замони фурӯпошии шуравӣ ва хусусан дар даврони раҳбарии устод Турсунзода адиби тасодуфӣ ба Иттифоқ роҳ намеёфт, зеро дар вақти қабули шоир хеле санҷиши ҷиддӣ буд. Ман дар соли чоруми донишгоҳ таҳсил мекардам ва дар як ҷаласаи машваратии адибони ҷавон ва баъди чопи китобам “Сафар ба сӯи тулӯъ” шомили иттифоқ шудам ва он вақт худамро хеле хом ҳис мекардам. Вале дар мавриди мунсифона сурат гирифтани кори комисияи мазкур чизе гуфта наметавонам”.

Дар ҳамин ҳол, Ато Мирхоҷа мегӯяд, моратория ва ҳам аз санҷиш гузаронидаи нависандагон "дар таърихи Иттифоқи нависандагон бори аввал анҷом дода мешавад”. Вале интиқод аз сатҳи адабиёти тоҷик ва ҳам асарҳои нависандагону шоирони имрӯз дар сатҳи раҳбарияти Иттифоқи нависандагон бори аввал нест, ки садо медиҳад. Тасмими “поккорӣ” кардани сафи ин иттифоқ бо сари кор омадани раиси нав Низом Қосим дар охири моҳи июни соли 2015 гирифта шудааст.

30 июни соли гузашта баъди интихоб шуданаш ба мақоми раиси иттифоқ Низом Қосим аз зарурати ислоҳот дар фаъолияти ин сохтор лаб кушод. Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки дар давоми 5 соли гузашта ба узвияти Иттифоқи нависандагон 147 нафар пазируфта шуданд, дар ҳоле, ки, гуфт ӯ, дар даврони Мирзо Турсунзода соле танҳо 5 нафар шарафи гирифтани унвони узви иттифоқро ба даст меоварданд.

“Ман гумон мекунам, ки ин рақам бениҳоят зиёд аст. Агар ин қабул натиҷаҳои дилхоҳ медод, ман бо ҳар ду даст ҷонибдор будам. Аммо, мутаассиффона, дар ин 5 сол ман назму насри назаррасро надидам. Шояд ҳоло дар давраи ҷустуҷӯ ҳастанд, лекин, ба назари ман, шахс то он даме, ки ба ин иттиҳод меояд ва аъзо мешавад, бояд шинохташуда бошад”, - гуфта буд Низом Қосим. Дар сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ ӯ соле пеш гуфта буд, ки ба драматургияи қавӣ ниёз вуҷуд дорад, 99 дарсади ин иттиҳод ба шеърнависӣ машғул аст.

Мусоҳибаи радиои Озодӣ бо Низом Қосим аз рӯзи 30 июни соли 2015:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мусоҳиба бо раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим

Дар ҳоле, ки тарафдорони ин ақида, аз ҷумла дар миёни худи нависандагони тоҷик кам нест, баъзе нависандагони ҷавон мегӯянд, тасмимҳои раҳбарони Иттифоқи нависандагон созанда бошанду пеши роҳи рушди эҷодии қаламкашҳои ҷавонро нагиранд. Узвият дар Иттифоқи нависандагон пеш аз ҳама як унвони ифтихорӣ барои адибони тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ба маънои эътирофи ҳунари нависандагӣ ё шоирии онҳо дар сатҳи давлат аст ва дар панҷ сол як маротиба барои ҳар адиб шонс медиҳад, ки аз ҳисоби ҳукумат як асари худро нашр кунанд. Феълан Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон беш аз 400 узв дорад.