Комроншоҳ як қадам дур аз медали тилло

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2018”), ки дар шаҳри Анталияи Туркия шоми имрӯз, 8-уми апрел, ба поён мерасад, дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило ба финал баромад.

Комроншоҳ, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Самули Виитанен (Финляндия) пирӯз шуд. Баъдан ӯ Солтон Броунро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Устопириён дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Маммадалӣ Меҳдиевро аз Озарбойҷон мағлуб кард ва ба финал баромад. Рақиби ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ, ки шоми имрӯз, 8-уми апрел, барпо мегардад, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017 Неманҷа Маҷдов аз Сербия мебошад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2017”), ки соли гузашта дар Анталия баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён медали нуқра ба даст оварда буд. Ӯ пас аз ду пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣ дастболо шуда, ба финал баромад. Вале Устопириён дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва мақоми дувумро касб намуд.

Зимнан, Гантулга дар мусобиқаи имсолаи Гран-прии ҷудо дар Анталия рӯзи якшанбеи 8-уми апрел дар вазни зери 90 кило ба рақобатҳо аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ пас азпирӯзӣ бар Батуҳан Ефемгил (Туркия) дар даври баъдӣ аз Турал Сафгулиев (Озарбойҷон) шикаст хӯрд. Гантулга дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба Рафаэл Македо (Бразилия) бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро соҳиб шуд.

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Саидҷалол Саидов имрӯз, 8-уми апрел дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило дар даври аввал бар Виктор Демяненко аз Қазоқистон дастболо шуд. Баъдан бар Залан Оҳат (Маҷористон) ғолиб омад. Вале Саидҷалол барои ба нимфинал баромадан аз Ниёз Илёсов (Русия) шикаст хӯрд. Сипас Саидов дар даври тасаллобахш аз Бенҷамин Флетчер (Ирландия) мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро соҳиб шуд.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа 316 варзишгар (206 мард ва 110 зан) аз 50 кишвар ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Гран-прии ҷудо дар Анталия шаш варзишгар дохил аст: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов,Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов.

Дар рӯзи аввали мусобиқа - 6-уми апрел - Наврӯз Каримзод дар вазни зери 66 кг ба сабқат аз даври дувум шуруъ намуд. Ӯ дар нахустин қувваозмоияш аз Андраз Ҷереб аз Словения шикаст хӯрд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа - 7-уми апрел - се нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Акмал Муродов – зӯрозмоӣ карданд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило дар даври аввал бар Александр Турнер аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғолиб омад. Ӯ дар даври дувум Сайҷад Сеҳенро аз Ироқ шикаст дод. Вале Беҳрӯз дар даври баъдӣ аз Акил Гҷакова (Косово) мағлуб шуд ва аз идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Акмал Муродов, ки дар вазни зери 81 кило дар қувваозмоии аввали худ бар Кристҷан Тонисте аз Эстония пирӯзӣ ба даст овард, дар даври дувум қувваозмоиро ба Ведат Албайрақ аз Туркия бохт.

Гуштигири ҷавону маъруфи тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило дар даври аввал аз Иван Петр аз Ҷумҳурии Чех шикаст хӯрд.

Ғолибону ҷоизадорони ду рӯзи мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия-2018, 6-7 апрел :

МАРДОН

60 кг
1. ОГУЗОВ Алберт (Русия)
2. ПАПИНАШВИЛИ Ҷаба (Гурҷистон)
3. ДИАЗ Адонис (ИМА)
3. ҶАГВАРАЛДОРҶ Амарболд (Муғулистон)

66 кг
1. НИНИАШВИЛИ Баграти (Гурҷистон)
2. ВИРУ Денис (Молдова)
3. ГАНБОЛД Херлен (Муғулистон)
3. ЛЕ БЛОУЧ Килиан (Фаронса)

73 кг
1. МАТСИАС Томми (Шведсия)
2. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
3. МУҲАММАДИ Муҳаммад (Эрон)

81 кг
1. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)
2. ХАТТОН Ҷек (ИМА)
3. ГОТООАГА Дорин (Молдова)
3. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)

ЗАНОН

48 кг
1. КОСТА Катарина (Португалия)
2. КЕЛМЕНДИ Фиолла (Косово)
3. МЕНЕЗЕС Сара (Бразилия)
3. СЕНТУРК Гулқодир (Туркия)

52 кг
1. КРАСНИКИ Дистриа (Косово)
2. ГИЛЕС Челси (Британияи Кабир)
3. ПУПП Река (Венгрия)
3. СТАНГАР Аня (Словения)

57 кг
1. ГДАКОВА Нора (Косово)
2. КИМ Ҷанди (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ФИЛЗМОСЕР Сабрина (Австрия)
3. ГРИНБЕРГ Мааян (Исроил)

63 кг
1. КРССАКОВА Магдалена (Австрия)
2. КОСТЕНКО Валентина (Русия)
3. КАСТИЛХОС Алексиа (Бразилия)
3. КАТИПОГЛУ Бурса (Туркия)

70 кг
1. БЕРНХОЛМ Анна (Шведсия)
2. ЗУПАНКИЧ Келита (Канада)
3. КОНВЕЙ Салли (Британияи Кабир)
3. ПОЛЛЕРЕС Микаела (Австрия)

Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Анталия дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Косово бо касби 2 медали тилло ва 1 нишони нуқра дар мақоми аввал қарор дорад. Шведсия бо касби 2 медали тилло мақоми дувум ва Гурҷистон бо касби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми севумро азони худ кардаанд.