Акмалидин дар Ҷоми ҷаҳонии самбо биринҷӣ гирифт

Акмалиддин Каримов

Акмалиддин Каримов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Ҷопон соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Наритаи Ҷопон ҷараён дорад, паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов рӯзи 22-юми ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми севумро касб кард.

Дар ин вазн Вахтанги Чидрашвили (Гурҷистон) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта,медали тилло сарфарозгашт. Аймерген Аткунов (Русия) барои ҷойи дувум медали нуқра гирифт. Ба ҷуз Акмалиддин Каримов, Масанори Араки (Ҷопон), ки мақоми севумро соҳиб гашт, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин медали гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҷопон мебошад. Варзишгарони тоҷик, инчунин, дар рӯзи охирини мусобиқа - 23-юми ноябр – ширкат хоҳанд кард.

Натоиҷи ду рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Наритаи Ҷопон оид ба самбои варзишӣ байни мардон:

Вазни то 52 кг

1. Геннадий ЧИРГАДЗЕ (Гурҷистон)

2. Агасиф САМАДОВ (Озарбойҷон)

3. Василий КАРАУЛОВ (Русия) ва Шавкат ҶӮРАЕВ (Узбакистон)

Вазни то 57 кг

1. Вахтанги ЧИДРАШВИЛИ (Гурҷистон)

2. Аймерген АТКУНОВ (Русия)

3. Масанори АРАКИ (Ҷопон) ва Акмалиддин КАРИМОВ (Тоҷикистон) Вазни то 68 кг

1. Тумурхулег ДАВААДОРЖ (Муғулистон)

2. Леван НАХУТСРИШВИЛИ (Гурҷистон)

3. Эмил ҲАСАНОВ (Озарбойҷон) ва Мартин ИВАНОВ (Булғористон)

Вазни то 74 кг

1. Амил ГАСИМОВ (Озарбойҷон)

2. Иля ЛЕБЕДЕВ (Русия)

3. Ассилбек АЛКЕЙ (Қазоқистон) ва Десарион БЕРУЛАВА (Гурҷистон)

Вазни то 90 кг

1. Алсим ЧЕРНОСКУЛОВ (Русия)

2. Отгонбаатар ЛКАГВАСУРЕН (Муғулистон)

3. Андрей КАЗУСЕНОК (Беларус) ва Давит КАРБЕЛАШВИЛИ (Гурҷистон)

Вазни то 100 кг

1. Дмитрий ЕЛИСЕЕВ (Русия)

2. Ариунердене БАТБАЯР (Муғулистон)

3. Давит ЛОРИАШВИЛИ (Гурҷистон) ва Викторс РЕСКО (Латвия)