Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки аз 16-ум то 18-уми октябр дар пойтахти Узбакистон - Тошканд баргузор шуд, ҷои 5-умро гирифт.
Дар ин мусобиқа, ки байни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифт, 282 варзишгар аз 42 кишвари ҷаҳон барои имтиёзҳои олимпии Бозиҳои соли 2016 мубориза бурданд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 10 варзишгар шомил буд. Онҳо дар сабқати мардон дар 6 вазн (ба ҷуз - 60 кг) рақобат карданд, вале аз медалҳои Гран-при бенасиб монданд.
Комроншоҳ дар вазни то 90 кило, ки ҳамагӣ 23 нафар ширкат дошт, баъди ду ғалаба бар Бутуҳан Эфемгил (Туркия) ва Муҳаммад Дарвеш (Миср) ба нимфинал баромад. Вале вай дар даври ниманиҳоӣ аз Кирилл Денисов (Русия) шикаст хӯрд. Комроншоҳ баъдан барои медали биринҷӣ аз Ҳотам Абдулахир (Миср) мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми 5-умро соҳиб шуд.
Нокомии Комроншоҳи Устопириён дар Тошканд дар ҳолест, ки ӯ дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 10-12-уми октябр дар Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардида буд.
Дар Гран-прии Тошканд паҳлавонҳои тоҷик ягон медал ба даст наоварданд.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 66 кг дар даври аввал аз Улуғбек Норқобилов (Узбакистон) ва Расул Абдушарифов дар ин вазн аз Анзаур Арданов (Русия), Саидмухтор Расулов дар вазни то 73 кг аз Ҳасан Ванлиуғлу (Туркия), инчунин Саидҷамол Алимардонов дар вазни то 81 кг аз Муҳаммад Абдулаъл (Миср) шикаст хӯрданд.
Комрон Карликов дар вазни то 81 кг баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Элдар Зарипканов (Қазоқистон), дар даври баъдӣ аз Карлос Луз (Португалия) мағлуб шуд.
Саидҷалол Саидов дар вазни то 90 кг дар даври аввал аз Эркин Дониёров (Узбакистон) ва Неъматулло Асронкулов дар вазни то 100 кг аз Адлан Бисултонов (Русия) ноком шуданд.
Дадахон Қурбоналиев, ки дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Соиб Қурбонов (Узбакистан) пирӯз шуд, дар даври дувум аз Мартин Пасек (Шветсия) мағлуб гашт. Баъдан Дадахон барои медали биринҷӣ аз Рамзиддин Сайидов (Узбакистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми 7-умро касб намуд.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Абдулло Тангриев (Узбакистон) шикаст хӯрд.
Ғолибону ҷоизадорони Гран-при-2014 оид ба дзюдо дар Тошканд
Мардон
60 кг
1. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)
2. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистан)
3. ГАНБОЛД Херлен (Муғулистон)
3. КИРГИЗБОЕВ Гумар (Қазоқистон)
66 кг
1. СОБИРОВ Ришод (Узбакистан)
2. ДОВДОН Алтансух (Муғулистон)
3. ЛАВРЕНТЕВ Денис (Русия)
3. УРИАРТЕ Сугой (Испания)
73 кг
1. САИНЖАРГАЛ Ням-Очир (Муғулистон)
2. ХАШБААТАР Тсаганбаатар (Муғулистон)
3. ДЮПРА Пер (Фаронса)
3. ОЗДОЕВ Зелимхон (Русия)
81 кг
1. МОУСТОПОУЛОС Роман (Юнон)
2. ИМОМОВ Яхё (Узбакистон)
3. ОТГОНБААТАР Ууганбаатар (Муғулистон)
3. СОБИРОВ Шаҳзод (Узбакистан)
90 кг
1. ИДДИР Александр (Фаронса)
2. ДЕНИСОВ Кирилл (Русия)
3. ФАКЕНТЕ Валтер (Италия)
3. АБДУЛ АХИР Ҳотам (Миср)
100 кг
1. ДАРВЕШ Рамазон (Миср)
2. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)
3. ПАСЕК Мартин (Шветсия)
3. САЙИДОВ Рамзиддин (Узбакистан)
+100 кг
1. БАТТУЛГА Темуулен (Муғулистон)
2. АЛЛЕРСТОРФЕР Даниэл (Австрия)
3. БОР Барна (Мачористон)
3. МАШАРИПОВ Элёр (Узбакистан)
Ҳисоби умумидастаӣ (мардон ва занон):
- Муғулистон – 3 медали тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ
- Руминия – 2 медали тилло
- Узбакистан – 1 медали тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ
Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 42 кишвар бо касби 1 ҷойи 5-ум ва 1 ҷойи 7-ум дар мақоми 26-ум қарор гирифт.