Модари Беҳрӯз Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо, ду рӯз боз аз шабакаҳои варзишӣ чашм намеканад ва такрор ба такрор лаҳзаҳои сахти расидани ҷигарбандаш ба мартабаи қаҳрамонии ҷаҳонро дар Сочи тамошо мекунад. Кореро, ки писари Мавҷигул Хоҷаева кард, дар 42 соли охир касе аз гуштигирони Тоҷикистон накардааст.
Мавҷигул Хоҷаева, модари хонашини Беҳрӯз, мегӯяд, тоза дарк мекунад, ки ин пирӯзӣ чӣ маъно доштааст. Ӯ пушти экрани телевизион баробари писараш ашк рехтааст. Ҳам ашки шодӣ ва ҳам ашки эҳсоси дарди дасти писар, ки ним дақиқа зери фишори сахти рақиб ва дарди тоқатфарсо қарор дошт.
Нахустин суоли модар ҳам зимни тамоси аввалини телефонӣ баъд аз пирӯзӣ ҳамин буд. “Вақте наворро дидем, ки дасташро рақибаш мекашад, хеле тарсидам. Баъди пирӯзӣ ба ӯ занг задем, аввал пурсидам, ки дастат чӣ хел аст? Гуфт: “сад фоиз”. Хушбахтона дасташ осеб надидааст. Хеле хушҳолам.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Модар мегӯяд, аз муваффақиятҳои ӯ ифтихор мекунад, аммо иқрор мешавад, ки ҳар машқу мубориза ва сабқати писараш барояш изтиробангез сахт аст, чун метарсад, ки осеб набинад.
Беҳрӯзи 22-сола фарзанди чаҳоруми хонавода аст. Падари ӯ муфаттиш аст. Макони зисти хонавода ноҳияи Варзоб буд, аммо ба далели таҳсилу тамрини фарзандон волидон ба Душанбе омадаанд. Беҳрӯзро ҳамроҳ бо бародари бузургтараш Фирӯз, падар ҳанӯз аз 11-солагӣ ба гуштӣ ҷалб кардааст.
Ба ҷуз аз нишони тиллое, ки варзишгари тоҷик акнун бо худ аз сабқати ҷаҳонӣ меорад, ӯ ҳудуди 100 нишону ҷоизаҳои дигари варзишӣ дорад, ки беҳтаринашон то ду рӯзи пеш, нишони қаҳрамони Осиё буд.
Мавҷигул Хоҷаева, модари паҳлавон ҳам таърихи бисёре аз ҷоизаҳои ӯро медонад: “Аввал дар вазни 32 кило баромад мекард ва аввалин бор дар ҳамин вазн ҷойи сеюм гирифт. Ӯ ҳамчунин ба гуштии ҷудо шавқи беандоза дорад. Пеш аз рафтан ба ҳамин мусобиқа ҳам ба худ боварӣ дошт. Мегуфт, иншоаллоҳ, ман чемпиони ҷаҳон мешавам”.
Коре, ки ӯ кард, ҳар кас наметавонад
Муррабии Беҳрӯз Садриддин Обидов, мегӯяд, омодагии Беҳрӯз ба сабқат хуб буд ва ӯ умед ба нишони тилло дошт. Ӯ мегӯяд, Беҳрӯз маъмулан, тамоми нерӯи худро барои пирӯзӣ равона мекунад ва тарсу ваҳм надорад.
Садриддин Обидов бо ёдоварӣ аз усули «қабзи дарднок”-ки рақиби белорусаш барои таслим кардани Фирӯз ба кор бурд, мегӯяд, ба ин усул на ҳар кас тоб меорад.
“Дар сонияи 26-уми сабқат агар ба ҳолати латдиҳии даст (қабзи дарднок-болевой приём) гирифтор шуд, ҳолати вазнинтарин буд, вале ман бовар дорам агар рақибаш дасти ӯро мешикаст ҳам, ӯ тан намедод. Чаҳор давр гуштӣ гирифтан, кори ҳар варзишгар нест.”
Ба андешаи Садриддин Обидов, ки рақобати шогирдашро аз Душанбе дар телевизион тамошо кардааст, ҳама рақибони Беҳрӯз, ки ҷавонтару сабуктар буд, ӯро ҷиддӣ нагирифтанд. “Аммо вақте усулҳои ӯро диданд, назарҳо тағйир ёфт” – гуфт ӯ.
Ман бовар дорам агар рақибаш дасти ӯро мешикаст ҳам, ӯ тан намедод. Чаҳор давр гуштӣ гирифтан, кори ҳар варзишгар нест.
Ҳоло Садриддин Обидов, мураббии Беҳрӯз, хонаводаву мухлисони варзиш барои истиқболи ботантанаи ӯ дар Душанбе омодагӣ мегиранд. Беҳрӯз Хоҷазода, донишҷӯи курси 4- уми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ бомдоди 14-уми ноябр бо унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо ба Душанбе бармегардад.
Ӯ рӯзи 11-уми ноябр дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар шаҳри Сочи дар Русия дар қувваозмоии ниҳоӣ бар паҳлавони Беларус Степан Попов пирӯз омад ва баъд аз чаҳор даҳсола қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо шуд, унвоне, ки то кунун Саидмӯъмин Раҳимов, яке аз паҳлавонони тоҷик бо он фахр мекард.