Усто Ҳасан, Оқохони 4 ва даъвати Уинн аз кандакори тоҷик

Ҳасан Ҷумъаев ҳамроҳ бо Кэтлин Уинн, нахуствазири Онтарио дар маркази Исмоилия. Канада

Ҳасан Ҷумъаев, наққошу кандакори тоҷик, ки бо даъвати шахсии Оқохони 4 ба Канада рафтааст, мегӯяд, ки аз сӯи Кэтлин Уинн - нахуствазири Онтарио даъвати расмии дар он ҷо мондану кор карданро гирифтааст.

Ҳасан Ҷумъаев ё Усто Ҳасан, наққош ва кандакори маъруфи тоҷик, ки ҳунари дастонаш ҳанӯз дари Маҷлиси Намояндагони кишвар, сутунҳои хонаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва бинои Сирки давлатиро зеб медиҳад, пешниҳоди иқомати доимӣ ва кор дар Канадаро гирифтааст. Баъд аз тамошои кори ин наққош ва мулоқот бо ӯ, Кетлин Уинн -- нахуствазири Онториои Канада даъват кардааст, ки дар он кишвар бимонад ва фаъолияташро идома диҳад.

Аммо ин кандакори тоҷик, ки бештар аз як сол боз дар маркази Исмоилия дар Канада машғули наққошист, мегӯяд, бо вуҷуди шароиту имконоти хуби зиндагӣ дар Канада наметавонад он ҷо бимонад ва тарҷеҳ медиҳад, ки дар Ватан машғули эҷодкорӣ шавад.

"Ман хоҳиши Кэтлин Уиннро рад кардам. Канада давлати пешрафта аст. Тамоми шароит барои афроди сохибтахассус муҳайёст. Махсусан коре, ки бо даст анҷом дода мешавад, қадри баланд дорад. Вале, ростӣ, ин ҳамаро ба як қатраи оби ширини Тоҷикистон иваз намекунам. Ман чашмаҳои мусаффои Варзобро ёд кардам ва бармегардам," -- гуфт Ҳасан Ҷумъаев.

Аз бойгонии Озодӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як рӯз бо як кандакор

Ҳасан Ҷумъаев ҳоло ҳамроҳи писараш – Фирдавс машғули наққошӣ рӯи деворҳои маркази бузурги Исмоилия дар Канада аст ва ба гуфтаи ӯ, "ин нақшҳо баёнгари таърих, суннат ва ҳунари асили мардуми тоҷиканд". Ӯ мегӯяд, моҳи ноябри соли гузашта бо хоҳиши шахсии Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ба он ҷо рафтааст. Дар пайи як сафари пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Оқохони 4 ба Тоҷикистон нақшу кандакориҳои усто Ҳасан диққати ӯро ҷалб кардаву хостааст, ки деворҳои ин марказ дар Канада низ бо дастони вай наққошӣ шавад.

Ҳасан Ҷумъаев ҳангоми кор

Ин кандакор дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Варзоб, шимоли шаҳри Душанбе, ба дунё омада, соли 1973, баъди хатми мактаби миёна ба омӯзишгоҳи рассомии Мирзораҳмат Олимови пойтахт дохил мешавад ва барои кор ба Хазинаи бадеии ҷумҳурӣ меояд. Соли 1986 ба Руминиё меравад ва наққошиҳои худро барои мардуми ин кишвар пешниҳод мекунад. Ӯ дар охирҳои соли 1980 ба Яман даъват шуда, дар он ҷо машғули тадрис будааст.

Соли 1990, ба Саддом Ҳусайн, собиқ раисиҷумҳури Ироқ ҳангоми сафари корияш дар Яман, дасткории Ҳасан Ҷумъаев, ки дар он ҷанги Рустаму Сӯҳроб тасвир ёфта буд, писанд меояд. Собиқ диктатор ин таблои наққоширо ба маблағи ҳазор доллар барои манзили истиқоматии худ харидорӣ карда будааст.

Усто Ҳасан мегӯяд, нақши дастони ӯро дар Амрико ва Афғонистон ҳам дидан мумкин аст. Вай дар солҳои гуногун ба он ҷо рафта, чойхонаҳои тоҷикиро кандакорӣ кардааст. “Дар хориҷ вақте мебинӣ чӣ қадар кори туро қадр мекунанд, мехоҳӣ, дар кишвари худат ҳам чунин бошад,” – меафзояд наққошу кандакори тоҷик Ҳасан Ҷумъаев.

Кандакорӣ аз ҳунарҳои қадимии Шарқ аст, ки дар Тоҷикистон зиёд рушд кардааст. Авҷи кандакорӣ миёни мардуми ин кишвар ба замони Шӯравӣ марбут аст. Аммо бо аз ҳам пошидани давлати Шӯравӣ кандакорӣ низ мисли дигар бахшҳои ҷомеа мувоҷеҳи бӯҳрон шуд.