Магар зани танҳо будан дар Тоҷикистон гуноҳ аст? ВИДЕО

Нақши қаҳрамони филмро Шамсия Асанова иҷро кардааст.

“Тарки хонавода кардани шавҳар ва бо тифли дар батн танҳо мондани зани ҷавон ӯро ба худсузӣ водор кард, вале ӯ дар лаҳзаи охир миёни маргу зиндагӣ дувумиро интихоб намуд. Ба тифли батнаш ваъда дод, ки худу ӯро намекушад ва зиндагиро ба танҳоӣ месозад.”

Сарнавишти ин зани танҳо достони филми кӯтоҳи “Вақте ки зан бошӣ” аст, ки онро коргардони ҷавони тоҷик Мурод Тӯйчиев офаридааст. Дар ин филм, ӯ сарнавишти талху озору азият ва нигоҳҳои таҳқиромези ҷомеа ба занҳои танҳомондаро ба тасвир кашидааст.

Мурод, ки риштаи коргардониро хатм кардааст, ба ҳайси пешхидмат дар тарабхонае кор мекунад. Шунидани қиссаҳои талхи занони танҳо аз худашон ӯро водор кард, ба кори аслиаш рӯ биёрад ва таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба сарнавишти занони танҳо ҷалб кунад, ки ҳам аз танҳоӣ ва ҳам аз бархӯрди манфии ҷомеа ранҷ мекашанд.

Мурод Туйчиев дар баробари коргардонӣ дар ресторан ҳам кор мекунад.

Мурод Тӯйчиев мегӯяд, зимни кор дар ресторанҳо, бо даҳҳо зане рӯ ба рӯ шудааст, ки аз сахтии рузгор қасди ҷони худ кардаанд. Коргардони 23-сола мегӯяд, дар ҷомеаи Тоҷикистон зани танҳо ҳамеша маломат мешавад, ки шавҳар надораду фалону бисмадон аст ва аз ин рӯ баъзе роҳи раҳоӣ аз таънаву маломати мардумро дар худкушӣ мебинад.

Мурод Туйчиев аз мушкилу азияти занон бо дард сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, бетараф будан нисбат ба сарнавишти ин занон “гуноҳ” аст.

“Сенарияи филм аз зиндагии воқеии занони танҳову азиятдида таҳия шуд. Вақте онҳоро гӯш мекардам, мефаҳмидам ки ҳар яке сарнавиште дорад, мушкиле дорад. Аз зиндагии сахти худ зиёд мегиристанд. Ҳамин буд, ки маро ба таҳияи филм водор кард, чун вақте ин ҳамаро мешунавӣ намешавад, хомӯш истод” – мегӯяд, Мурод Туйчиев.

Қаҳрамони беноми филм

Нақши аслиро дар филм ҳунарпешаи ҷавон Шамсия Асанова бозидааст. Қаҳрамонро ном нагузоштаанд, то дар симои ӯ мушкилоти ҳама занонеро инъикос кунанд, ки аз бархӯрди бад ранҷ мекашанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Магар зани танҳо будан гуноҳ аст?

Мурод дар филми худ аз як “одат”-е дар ҷомеаи сунатии тоҷик қисса мекунад ва “одати” таҳаммули тамоми мушкилоти ба сарашон омада ва нигаҳ доштани он дар худ.

Қаҳрамони филми ӯ ҳам аз ин гурӯҳ занон аст, ки тамоми умр зери таънаву маломати ҳамсояҳо ва нигоҳи шаҳватталабонаи мардон зиндагӣ мекунад ва дар ниҳоят як рӯз косаи сабраш лабрез мешаваду мехоҳад, тарки дунё кунад. Муаллифи филм мегӯяд, набояд чунин бошад ва ҳеҷ зане наметавонад, ба чунин сахтиву бархӯрди номуносиб тоб биёрад.

Худукушии занон ва аз ҷумла бо кӯдаконашонро, ки як соли ахир дар Тоҷикистон борҳо такрор шуд, паёмади ҳамин бархӯрди манфӣ медонад. Вале ба ақидаи ӯ, занон дар баробари мушкилиҳои зиндагӣ мубориз бошанд ва ҳеҷ гоҳ худро аз мардон поин нагузоранду заиф нашуморанд.

“Гоҳе занон ҳам бархӯрди худро бо занони танҳо тағийр медиҳанд. Вақте аз чаҳор тараф ангушти ишора ба сӯи як зани танҳо равона мешавад, сабри онҳоро лабрез мекунад. Ҷомеа метавонад, як зани танҳои азиятдидаро бишканад”, - мегӯяд ӯ.

Коргардони ҷавон мегӯяд, ҳадаф аз таҳияи филм ҷилавгирӣ аз озору азияти занон дар хонавода ва ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Паёме ба ҷомеа барои мурооти ҳуқуқи зан

Онҳое, ки филмро дидаанд, мегӯянд, мутаассир шудаанд ва мегӯянд, аз инъикоси зиндагии воқеӣ дар филм метавонад, ба зеҳни мардум таъсир бигузорад, то назарашонро нисбат ба зан ва бахусус занони танҳо иваз кунанд.

Ситора, сокини Душанбе, ки филмро тамошо кардааст гуфт, бо вуҷуди онки филм кӯтоҳ ва аксари саҳнаҳо дар дохили як хона наворбардорӣ шудаанд, бинандаро зери таъсир мегузоранд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан қасди ҷони худ мекунанд. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи зан мегӯянд, ки зӯроварӣ ва бадрафторӣ ба зан, таънаву маломати пайваста, беэҳтиромӣ ва нодида гирифтани ҳуқуқи онҳо сабаби аслии худкушии занону духтарон аст.

Бо ин ҳама қаҳрамони филми Мурод Туйчиев ба фарқ аз дигар занони ноумед рӯзгорашро тағийр медиҳад. Ӯ баръакси чанд зане, ки худрову фарзандонашро ба об андохта куштанд, дубора зиндагии тозаро шурӯъ мекунад. Мехоҳад тифлашро худаш бузург кунад ва дигар барояш ақидаи атрофиёну суннатҳои қадимӣ ва иртиҷоӣ муҳим нестанд.