Агарчӣ номи гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" то рафт аз ёдҳо зудуда мешавад ва ин гурӯҳ дигар дар сархати хабарҳо нест, вале дар хонаводаи Ҳамза Турабеков, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд каломи "лаънат" ба номи ДИИШ ҳар рӯз садо медиҳад.
Духтари ин хонавода Нодирабегими Ҳамза ҳазорҳо километр дуртар аз Тоҷикистон барои як умр дар Ироқ зиндонӣ шудааст. Ҳоло зеҳни Ҳамза Турабековро танҳо як хаёл банд кардааст, ки чӣ тавр худро то Ироқ расонад ва духтари зиндонияшро бубинад.
Соли 2017 гурӯҳи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрд. Тақдири cадҳо тоҷикони узви ин созмони тундрав аксаран номаълуманд.
Додгоҳе дар Бағдоди Ироқ Нодирабегими Ҳамзаро рӯзи 27-уми апрел бо ҷурми терроризм ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Падараш аз гардиши рӯзгор тавба мекунад ва мегӯяд, намедонист духтари ӯ, ки соли 2013 бо ҳазор умед издивоҷ карда буд, боқии умрашро дар маҳбасҳои Ироқ сипарӣ мекунад.
Нодирабегим Ҳамза аз ҷумлаи 13 зани тоҷик аст, ки аз аввали сол дар Бағдод аз 25 сол то зиндони абад маҳкум шудаанд. Исми ин занҳо дастраси Радиои Озодӣ шудааст, вале то ҳанӯз шахсияти 12 нафари дигари онҳо дар Тоҷикистон маълум нест.
Нодирабегими 26-сола ҳамроҳ бо шавҳар, модар ва се бародараш соли 2015 аз Русия ба Ироқ рафтанд ва ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастанд. Охири моҳи апрели соли равон оҷонсии "Франс-Пресс" аз мурофиаи додгоҳиии 19 зани хориҷӣ бо акс гузориш нашр кард. Дар гузориш гуфта мешуд, ки чаҳор зани тоҷик низ дар ин миён ҳукми абад гирифтаанд.
"Писарам гуфт, ба курдҳо таслим мешавад"
Ҳамза Турабек дар миёни акси ин занҳо Нодирабегимро шинохт. Умар Каримӣ, хабарнигори ироқӣ, ки дар ин мурофиа ширкат дошт, исми чанд зани тоҷикро, ки дар додгоҳ ҳукмҳои тӯлонӣ ва ҳукми абад гирифтаанд, ба ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт. Номи Нодирабегим низ дар ин феҳраст буд. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Зафаробод низ тасдиқ карданд, ки воқеан, дар акс Нодирабегим Ҳамза аст.
Ҳамза Турабек, сокини деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рӯзи 25-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло барои рафтан ба дидорбинии ягона фарзандаш ба Бағдод омодагӣ мебинад. Ӯ рӯзгорашро аз ҳисоби 5 гектар замини деҳқониаш мечархонад. Имсол 2 гектар гандум ва 3 гектар пахта кишт кардааст ва умедвор аст, ки аз фурӯши ҳосил ба пули сафараш пул зам кунад.
Ӯ гуфт: "Аз мақомот иҷозат пурсидам, розигӣ доданд. Ҳоло дар пайи омода кардани шиносномаи хориҷиам ҳастам. Онро гирифтам, ба Қазоқистон меравам. Он ҷо сафорати Ироқ аст. Мехоҳам виза гирам ва рафта духтарамро дар зиндон бубинам. Барои сафар пул ҳам ҷамъ кардаам".
Нодирабегим ягона узви хонаводаи Ҳамза Турабек аст, ки пас аз ду соли бенишонӣ дар додгоҳи Бағдод пайдо шуд. Ин мард мегӯяд, ҳамсараш, ки зоҳиран, бо пайравони гурӯҳи ифротии "Ҳизб-ут-таҳрир" тамос дошт, ҳамроҳ бо домодаш чор фарзанду ду набераашро ба Ироқ бурд.
Ӯ соли 2016 хабари марги ду писараш-Худоёрбеки 27-сола ва Элёрбеки 20-соларо шунида буд. Онҳо дар шаҳри Мавсили Ироқ буданд. Писари хурдиаш, Асилбеки 19-сола бори охир, моҳи августи соли 2017 бо ӯ тамос гирифта, гуфтааст, тасмими таслим шудан ба нерӯҳои курд дар Ироқро дорад.
Моҳи августи соли 2017 Мавсил аз дасти ДИИШ озод шуд ва ҷангиёни ин гурӯҳ фирор карданд. Наворҳои таслими гурӯҳии ин ҷангиён низ ба дасти нерӯҳои курд нашр шуда буд. Ҳамза Турабек мегӯяд, пас аз таслим шудан робита бо писараш қатъ шуд. Аз ҳамсараш, ки ба иддаои ӯ, фарзандонашро бидуни ризоияти ӯ ба Ироқ бурдааст, ҳеҷ хабаре нест.
Муаллима, дузанда ва маҳбуси якумрӣ дар Бағдод
Нодирабегим Ҳамза соли 2013 Колеҷи омӯзгории ноҳияи Зафарободро хатм карда, ба гуфтаи падар, орзӯ дошт, муалимаи синфҳои ибтидоӣ шавад.
Ҳамза Турабеков мегӯяд, панҷ панҷаи духтараш ҳунар буд. Курси кутоҳи дузандагӣ хонда буд ва барои духтарони деҳ курта медухт. Ӯ гуфт, духтараш талош дошт, дар баробари омӯзгорӣ тарроҳи либосҳои муди миллӣ ва аврупоӣ шавад. Орзуе, ки пас аз шавҳар кардан ва сафар ба Русия аз байн рафт.
Маълум нест, ки Нодирабегим бо хоҳиши худаш ва ё фишори модару шавҳараш ба Ироқ сафар кардааст. Ҳамза Турабек бовар дорад, ки духтараш ва писари хӯрдиаш Асилбек фиреб хӯрдаанд.
"Духтарам ва писари хӯрдиам фиреб хӯрдаанд. Ҳардуи инҳо аз хати кашидаи ман берун намешуданд ва ҳеҷ вақт андешаҳои бад надоштанд. Дилам ба онҳо сахт месӯзад"-гуфт ӯ.
"Кӯдакони бесаробон баргардонида мешаванд"
Мақомоти тоҷик мегӯянд, хабари ҳукмҳои тӯлонии занони тоҷик ба дасти онҳо расидааст, вале намояндагони кишвар дар ҳеҷ мурофиае ширкат надоштанд.
Як мақом аз ҳукумати Тоҷикистон бидуни зикри номаш рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло танҳо барои баргардонидани кӯдакони бесаробони тоҷик талош мешавад. Ӯ гуфт, ҳанӯз дар мавриди занони зиндонии тоҷик дар маҳбасҳои Ироқ тасмиме гирифта нашудааст.
"Ҳеҷ қарордоде барои зиндониён дар миёни Тоҷикистону Ироқ нест. Ҳоло фақат ҳамон кӯдаконеро кӯшиши овардан дорем, ки дар паноҳгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд ва модару падарашонро аз даст додаанд",-гуфт, ин ҳамсӯҳбати мо.
Дар шаш моҳи ахир аз ин кишвари ҷангзада даҳ навраси тоҷик, ки волидайнашонро аз даст дода буданд, ба ватан баргардониданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки соли 2014 қисмате аз Ироқу Сурияро таҳти назорат гирифта буд, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба сафи худ ҷалб кард. Аксари онҳо, ба мисли хонаводаи Ҳамза Турабеков аз Русия ба ин ду кишвар сафар карданд.
Соли 2017 гурӯҳи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрд. Тақдири тоҷикони узви ин созмони тундрав аксаран номаълуманд.