Шумори занони низомипӯш дар солҳои охир рӯ ба афзоиш овард. Мақомот мегӯянд, агар солҳои пеш аксаран духтарони шаҳрнишин хоҳиши милиса ё корманди ҳарбӣ шуданро доштанд, ҳоло духтарони деҳот ҳам барои хизмат дар ниҳодҳои қудратӣ изҳори омодагӣ мекунанд. Барои намуна, ҳоло 30 дар сади муҳассилини Академияи Вазорати корҳои дохилии кишварро духтарон ташкил медиҳанд.
Сайбӣ Шодиева, аз гурӯҳи занонест, ки ҳар субҳ дар интихоби либос вақти зиёд сарф намекунад ва ба фарқ аз дигар занони коргар, ҳар саҳар суоли “чӣ пӯшам?” ҳам азияташ намедиҳад. Либоси ӯ муайян аст. Прапоршик Сайбӣ, бояд ҳар рӯз бо либоси низомӣ, пиҷак ва доман кабуд, ба ҷойи кор ҳозир шавад.
Маҳз шавқи зиёд ба ин либоси низомӣ ва орзуи “дигар будан” Сайбӣ Шодиева, зани 40-солаи тоҷикро 16 сол пеш ба сохторҳои қудратӣ овард. Вай мегӯяд, аз хурдӣ орзу дошт, корманди милиса бошад. Ҳоло ӯ дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе кор мекунад ва мисли ҳар корманди ин сохтор орзуи расидан то ба рутбаи генералиро дорад.
“Дар оила ман ягона нафаре ҳастам, ки дар сохтори қудратӣ кор мекунад. Падару модарам ба интихоби ман зид набуданд ва ман, ки бисёр шавқ доштам, милиса шавам, баъди хатми омӯзишгоҳ аз Ёвон ба Душанбе омадам ва корро аз як шӯъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ шурӯъ кардам. Ҳамин тавр имрӯз ба ҳайси конвой ё нигаҳбони маҳбусҳо кор мекунам. Мо асосан маҳбусонро аз боздоштгоҳҳо ба мурофиҳои додгоҳӣ бурда, меорем. Кори пурмасъулият аст. Сарнавишти як маҳбус, як ҷинояткор бар дӯши мост,” -- мегӯяд Сайбӣ Шодиева.
Сайбӣ меафзояд, барои зане, ки ин касбро дӯст намедорад, кор дар ин соҳа осон нест. Онҳо дар баробари мардон ҳамеша бояд дар ҳолати омодабош бошанд ва баробари эълони бонги хатар, оилаву фарзандро фаромӯш карда, давоми 40 дақиқа дар ҷойи хозир шаванд.
Моҳрухсор, афсари калони яке аз бахшҳои Вазорати мудофиаи кишвар, ки бо вуҷуди мухолифат ва нигаронии волидонаш аз интихоби аҷиби духтарашон, ки аз нигоҳи онҳо барои як зан муносиб нест, пой бар ин арса гузоштааст. Ин касб ӯро аз як духтари “нозук” ба як зани ҷасуру мутмаин ба худ ва ҳадафдор табдил дод. “Комёбии ман дар он аст, ки ман касбамро дӯст медорам. Бояд гӯям, ки кор дар ин сохтор вақту заҳмати бештарро талаб мекунад, ва бино бар ин сафи занони мо ба фарқ аз кишварҳои дигар то ба ҳол ҳам дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ зиёд нест,” -- гуфт Моҳрухсор.
Дар маҷмӯъ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 5 000 зан кор мекунанд. Мақомот мегӯянд, зиёда аз ҳазор нафари онҳо дар вазифаҳои раҳбаркунанада ва беш аз сад нафар ба ҳайси додрас фаъолият доранд. Дар қисмҳои низомии Вазорати дифоъ наздик ба 500 нафар ва дар Вазорати корҳои дохилӣ 2500 зан хидмат мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар Кумитаи амният низ саҳми занон назаррас аст. Аммо ба гуфтаи масъулон, агар қаблан занон дар ин сохторҳо дар корҳои ғайринизомӣ ва бештар ҳуҷҷатнигорӣ машғул буданд, акнун онҳо дар баробари мардон дар корҳои хатарноке дар самти ошкорсозии ҷиноятҳо саҳм мегиранд.
Саодат Амиршоева ягона генерал-зани тоҷик ва вакили порлумони кишвар мегӯяд, ба ин ақида, ки аксар духтаронро либоси зебои низомӣ ба ин сохтор меорад, чандон розӣ нест. Ба қавли вай, зане, ки омодааст, баробари мардон дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор кунад, зани ҷасур ва нафарест, ки дар пеши худ ҳадаф дорад.
“Либос ин як баҳона аст, зане, ки чунин либос пӯшидан мехоҳад, метавонанд дар зиндагии ҳаррӯзаи худ ҳам ба ин шакл либос дӯхтаву ба бар кунад. Ин заноне ҳастанд, ки қуввату тавоноӣ ва дар зиндагӣ мақсад доранд. Мехоҳанд, ба ҷое бирасанд. Онҳо нисбати давлату ватан ва фарзандони худ эҳтиром доранд, ки ба ҳимояи ватан мебароянд ва бо ҷинояткорӣ мубориза мебаранд. На ҳама зан ва ҳатто на ҳама мард метавонад, аз ӯҳдаи ин кор барояд."
Саодат Амиршоева мегӯяд, ҳарчанд дар сохторҳои қудратӣ ҳастанд корҳое, ки зан аз нигоҳи ҷисмонӣ наметавонад, иҷрои онро ба дӯш гирад, дар ин ниҳодҳо аз миёни занон сарҳанг, муфаттишон, кормандони фаврӣ ва марзбононе ҳастанд, ки вазифаҳои худро хеле хуб анҷом медиҳанд. Дар ин сохторҳо ба зану мард тақсим кардани кормандон камтар мушоҳида мешавад.
Ҳоло мегӯяд, ин генерали тоҷик, бояд бештар занон дар сохторҳои қудратӣ, дар корҳои роҳбарикунанда таъин шаванд. Вай меафзояд: “Хато намешавад, агар занро сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ таъин кунанд, иштибоҳ намебуд, агар зан дар ягон қисми ҳарбӣ роҳбар ё ҷонишин бошад. Ман бисёр орзу дорам, ки яке аз муовинони прокурори генералӣ зан бошад. Барои намуна, ба ҳамин наздикӣ, як зан, прокурори генералии Қирғизистон, бо сабаби ҷиноят содир кардани шавҳараш истеъфо дод. Занон ба фарқ аз мардон масъулияти бештар ҳис мекунанд. Барои чӣ дар давлати мо бояд инхел набошад?”
Аммо бо он, ки ҳазорҳо нафар имрӯз дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар раддаҳои гуногун ифои вазифа мекунанд, танҳо як нафар ҳамин Саодат Амиршоева рутбаи генералӣ дорад. Баландтарин рутбаи низомие, ки ғолибан занон имрӯз дар Тоҷикистон ба он муваффақ мешаванд, рутбаи сарҳанг ё полковник аст. Ва баъдан танҳо як қадами дигар то генералӣ.