Нороҳатии занони "замонавӣ" аз нигоҳҳои каҷу хашини мардон. ВИДЕО

Баъзе аз духтарони тоҷик мегӯянд, ки пӯшидани либоси аврупоӣ онҳоро таҳти фишори лафзии мардон қарор додааст.

Агар куртаи тоҷикӣ пӯшем, мегӯянд, “ба модарат домод даркор нест?” Аммо агар аврупоӣ пӯшем, мегӯянд, “рақаматро намедиҳӣ рафта ягон ҷо шинем?” Яъне, дар зеҳнашон мо "дастрас"-ем, ҳол онки ин тавр нест.

Мӯниса Азизова, донишҷӯи бистсолаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, гуфт, бо вуҷуди эҳтиёткорӣ дар интихобои либоси аврупоӣ ҳар дафъа ба нигоҳҳои шаҳватомез ва бадгӯии мардон рӯбарӯ мешавад. “Ман дар хонаводаи суннатӣ бузург шудаам ва он қадар либоси нимбараҳна намепӯшам. Бо вуҷуди ин, ҳар вақте ҳамроҳи дугонаҳоям дар кӯча мегардем, ҳатман ҷавонон луқма мепартоянд ва ҳарфҳои ноҷо мегӯянд. Барои мисол, ҳарфи аз ҳама одитарини онҳо ин аст, ки “ҳамон футболкаро напушӣ намешавад?!”, - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нороҳатии занон аз нигоҳҳои каҷу хашини мардон

Мӯниса танҳо духтаре нест, ки аз густохиву хирасарии ҷавонон шикоят мекунад. Бештари духтароне, ки либосҳои аврупоӣ мепӯшанд, мегӯянд, аз ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ҳарос доранд ва дар пӯшидани либосҳои бегона аз эҳтиёт кор мегиранд, то ки дучори бадрафторӣ нашаванд. Яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт, “агар куртаи тоҷикӣ пӯшем, мегӯянд, “ба модарат домод даркор нест?” Аммо агар аврупоӣ пӯшем, мегӯянд, “рақаматро намедиҳӣ рафта ягон ҷо шинем?” Яъне, дар зеҳнашон мо "дастрас"-ем, ҳол онки ин тавр нест. Баъди он дашномҳояшон оғоз мешавад, «модарат чунин асту худат фалон. Падарат чунин асту чунон..."

Занон -- ҳадафи дашному озори лафзӣ дар кӯчаҳои Душанбе

Тоҷикистон расман давлати дунявист, аммо бахши аъзами ҷомеа муҳофизакоранд, ки пӯшишҳои ғайримазҳабиро қабул надоранд. Ҳарчанд ҳукумат дар ин авохир талош дорад, расму пӯшишҳои дунявиро дар кишвар бештар роиҷ кунад.

Эллина Ким

Эллина Ким, куриёгии муқими Тоҷикистон, ки 27 сол дорад, дар Душанбе таваллуд ва бузург шудааст. Ӯ гуфт, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки расму оини тоҷикиро риоя кунад, вале бо ин ҳол борҳо зери фишори лафзии мардон қарор гирифтааст. “Луқмапартоиҳои шубҳанок, ки бештари вақт ба маънояшон сарфаҳм намеравам. Вақте ба ман дугонаҳоям тарҷума мекунанд, мехоҳам ба онҳо гӯям – “Биё, ин ҷо! Биё, ки масъаларо ҳал кунем ва ман фаҳмам ту бо ман чӣ кор мехоҳи кунӣ?!”

Ҷомеашинос Сайфиддин Акрамов мегӯяд, ки баъзан худи духтарон ба луқмапартоиҳои ҷавонон баҳона медиҳанд. “Худашонро як гунае ҷилва медиҳанд, либосҳое мепӯшанд, ки мардонро маҷбур мекунанд, ба онҳо гап партоянд. Дар мадди назари онҳо қарор гиранд. Ин гуна занҳоро ҳам мо зиёд мушоҳида кардаем», - гуфт ӯ. Баъзе ҷавонон бар инанд, ки духтарҳо бояд либоси табъи дилашонро ба бар кунанд, аммо фаромӯш накунанд, ки зиёдаравӣ таваҷҷуҳи шаҳватбори писаронро ба онҳо ҷалб мекунад.

Ҷамшед, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гуфт, “хусусан барои ман фарқ надорад, ки духтарҳо либоси аврупоиро ба бар мекунанд ё миллиро. Дар ҳарду ҳолат метавон хело ҷалбкунанда ва ҷаззоб пӯшид. Дар ҳарду ҳолат метавон хушрӯ буд. Вале дар ҳамаи ҳолатҳо духтарҳо метавонанд, зери гапу калоча ва луқмапартоии ҷавонону мардон қарор гиранд”.

Аммо ҷавони дигаре бар ин назар аст, ки баъзан қолаби рафтор байни духтару писар аз ду самт вайрон карда мешавад. Фаъолони ҷомеа пешниҳод мекунанд, то нисбат ба бадрафторӣ ва бархӯрди ношоистаи ҷавонписарон, ки духтаронро азият мекунанд, ҷарима таъин карда шавад.

Наргис Қосимова, журналисти тоҷик, мегӯяд, "бисёр вақт бо мошини шахсӣ дар шаҳр ҳаракат мекунам ва хеле кам аҳамият медиҳам, ки касе ба ман бо чашми бад нигоҳ мекунад ё не. Агар ман пиёда роҳ равам, таваҷҷуҳи нороҳаткунадаи атрофиёнро ҳис мекунам. Ин нигоҳҳои ношоям ба синну соли мардҳо робита надошта ба тарбияи онҳо марбут аст. Фикр мекунам, барои мубориза бурдан бо ин гуна рафтору кирдори мардҳо, бояд масъалаҳои бехатариро дар назар гирем. Чун модари ду духтар, ман фикр мекунам, ки бояд мардҳо ё писарҳое, ки бадрафториро нисбат ба духтарон раво медонанд, ҷарима шаванд."

Бисёре аз духтарон аз тарси онки аз ҷониби мардҳо барои намуди зоҳириашон гапи ноҷо нашунаванд, кӯшиш мекунанд, либосҳои миллӣ ё инки пӯшиши аврупоии ба истилоҳ “пӯшида”-ро ба бар кунанд. Аммо ин низ ба духтарҳо кумак намекунад, то худро аз луқмапартоиҳо, нигоҳҳои бешармона ва ҳатто дастдарозии мардҳои синну солашон гуногун эмин дорад.

Ҳарчанд мавридҳое нашудааст, ки ҷавондухтаре бо либоси нимбараҳна мавриди азияту озор ва ё шиканҷаи мардон дар кӯчаву хиёбон қарор гирифта бошад. Аммо бархӯрди носолими иддае аз ҷавонписарон бештар духтарону ҳатто занонро нороҳат мекунад. Фарҳанге, ки то ҳанӯз дар зеҳни иддае аз ҷавонон боқӣ мондааст.