Аслбӣ Шарифоваи 76-сола, як сокини Кӯлоб соли гузашта ба зиёрати Хонаи Худо ба Макка рафт ва ин маросимро бо либоси миллии тоҷикон – атлас анҷом дод. Ин зан мегӯяд, ки дар ҳаҷҷ ҳама - чӣ шоҳу чӣ гадо ҳама баробаранд ва касе ба касе эрод намегирад, ки чаро чунин либос пушидӣ ва чаро либоси дигар ба тан накардӣ.
Аслбӣ Шарифова мегӯяд, ки барои ватан, модар ва миллати худро муаррифӣ кардан, вай либоси миллии атласро ба бар кард ва фаризаи динии худро анҷом дод. Ӯ мегӯяд, мақсади ӯ намоиш додани тавони зани тоҷик ва қудрати ӯ буд: "Мо миллати кучак нестем, мо миллати тамаддунсозем. Мо миллати фарҳангием. Аз бисёр мамлакатҳо дида қадимӣ ва ҷаҳонӣ ҳастем."
Аслбӣ Шарипова дар овони Шӯравӣ низ, ки низом сахт дошт, ҳангоми сафар ба кишварҳои дигар, ҳамеша либоси миллиро ба бар мекард, то дар миёни дигар миллатҳо аз ӯ низ чун намояндаи мардуми хос, пазироӣ шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад