Муҳокимаи зани 71-солаи тоҷик – барои қасди "ҷиҳод" дар Сурия

Бинои Додгоҳи вилояти Суғд

Як зани ҳафтоду яксола аз ҷамоати Навгилеми Исфара бо писари 47-сола, духтар ва келину домодҳояш дар роҳ ба Сурия боздошт шуда, ҳоло дар курсии айбдорӣ дар Додгоҳи вилояти Суғд нишастаанд. Боздошти онҳо охири соли гузашта дар марзи миёни Туркияву Сурия сурат гирифтааст. Муҳокимаашон рӯзи 11-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.

Танҳо як духтари ин хонавода аз сафар ба Сурия худдорӣ карда, дар Исфара мондааст.

Як манбаи огоҳ аз парванда дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан ҳафт узви ин хонавода аз ҷамоати Навгилеми Исфара ба ҳайси ҷавобгар дар додгоҳ ҳузур доранд. Мақомот ду узви дигари хонаводаро ба далели ноболиғӣ ва бемории рӯҳӣ аз ҷавобгарӣ озод намудаанд.

Гӯшае аз Исфара

"Ҳаждаҳ нафар ба Сурия гузаштанд"

"Дар асл инҳо 27 хешу табор будаанд, ки соли гузашта дар се мусофирбари хурд ба Сурия мерафтанд. Ду мусофирбар, дар маҷмуъ ҳаждаҳ нафар, марзро гузаштаанд. Ва мусофирбари севумро, ки шомили нуҳ нафар буд, нирӯҳои Туркия боздошт карда, ба Тоҷикистон истирдод намуданд", - гуфт манбаъ.

Аз инҳо ном бурда намешавад. Мақомот танҳо гуфтанд, ин хонавода дар бозпурсӣ ва рӯзи аввали мурофиа иқрор кардааст, ки ба хотири “ҳиҷрат” ва иштирок дар “ҷиҳод” ба Сурия рафтанӣ буд.

Бино ба хулосаи тафтишот, ин афрод бо ташвиқи писари 44-солаи хонавода моҳи марти соли 2017 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ва аз онҷо ба Туркия рафтааст. Онҳо дар Қазоқистон ду моҳ ва дар Туркия панҷ моҳ зиста, сипас, ба марзи Сурия рафтаанд. Нуҳ нафари онҳо ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хатайи Туркия ба Идлиб дастгир шуда, 18 нафари дигар ба Сурия гузаштаанд.

Шикоят аз маҳдудияти ҳуқуқи динӣ

Шаҳрак. Бист нафар аз инҷо ба майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия рафтаанд

Алайҳи писари 47-солаи ин хонавода бар асоси 3 банди Кодекси ҷиноӣ – “Ҷалб ва иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо”, “Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” ва “Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ” парванда боз шудааст. Шаш нафари дигар бар асоси моддаи “Ҷалб ва иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо” муттаҳаманд.

Дар рӯзи аввали мурофиа айбдоршавандаҳо гуфтаанд, дар ватан ҳуқуқи диниашон, аз ҷумла дар мавриди пӯшиши мазҳабӣ, маҳдуд мешуд. Яке аз занони айбдоршаванда гуфтааст, боре ӯро пулиси маҳаллӣ дар бозор дошта, барои даст кашидан аз сатр ва бастани рӯймол ба тарзи оддӣ ташвиқ кард.

Танҳо як духтари ин хонавода аз сафар ба Сурия худдорӣ карда, дар Исфара мондааст.

"Тундгаро набуд, риш надошт"

То ба ҳол 9 сокини вилояти Суғд ихтиёрӣ аз ҷанги Сурия баргашта, ба ҷуз як нафар, дигарон аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудаанд.

Мухтор Аҳмадов, раиси Навгилеми Исфара, рӯзи 11-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сокини 47-солаи ин ҷамоат, ки дар курсии айбдорӣ нишастааст, чанд сол боз дар Душанбе мезист. Ӯ фориғуттаҳсили донишгоҳ буда, муддате ба ҳайси муҳосиби кор кардааст. "Вай тундгаро набуд. Риш надошт ва дуруст намоз ҳам намехонд. Намедонем, чӣ тавр гумроҳ шуда, модари 71-солааш ва бародарону хоҳарон ва шавҳарони онҳоро ба ин роҳ бурдааст", - афзуд ӯ.

Ба қавли раиси ҷамоати Навгилем, фирори як хонавода аз ин маҳал ба қасди рафтан ба “ҷиҳод” дар Сурия сокинонро нигарон кардааст. Ӯ гуфт, "ҳама норизо, ҳама зиққанд. Ба ҳамсояҳо гуфта будаанд, ки Русия меравему дам гирифта, бармегардем. Волидони ҷавононе ки ҳамроҳи онҳо ба роҳ баромада, ба тарафи Сурия гузаштаанд, норозианд. Талаб доранд, ки фарзандонашон баргардонда шаванд."

Аввал Чорқишлоқ буд, ҳоло Навгилем

Мухтор Аҳмадов мегӯяд, ба ҷуз оилаи мазкур як ҷавони дигар аз ҷамоати Навгилем барои тарғибу ташвиқи барномаҳои ДИИШ ва даъват ба иштирок дар ҷиҳод алайҳи неруҳои ҳукуматии Сурия дастгир гардидаааст. Зимнан, баррасии парвандаи ин ҷавони 31-сола низ рӯзи 11-уми апрел дар додгоҳи Хуҷанд шурӯъ гардид.

Исфара, ноҳияе бо аҳолии беш аз 200 ҳазор дар шимоли Тоҷикистон, дар марзи Қирғизистону Узбекистон ҷойгир аст ва мақомот онро яке аз минтақаҳои аз лиҳози мазҳабӣ осебпазири кишвар унвон мекунанд. Мақомоти Суғд соле қабл гуфтанд, ки 110 сокини вилоят ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки 62 нафари онҳо аз Исфара мебошанд.

Қаблан аз рафтани ҳудуди 20 сокини деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки ин ноҳия барои “ҷиҳод” дар ҷангҳои Сурия гузориш шуда буд.

Бино ба иттилои раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, то ба ҳол 9 сокини минтақа ихтиёрӣ аз ҷанги Сурия баргашта, ба ҷуз як тан ҳеч кадом аз онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудаанд.