Об то куҷо меояд? Ё баҳси додгоҳии "Обу корези Душанбе" ва журналист

КВД «Обу корези Душанбе» барои мақолаи “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” аз болои рӯзноманигори "Тоҷикистон” ба додгоҳ шикоят бурдааст.

КВД «Обу корези Душанбе» барои мақолаи “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” аз болои муалифи он Ҳасан Шокирзода, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба додгоҳи Фирдавсӣ шикоят бурдааст. Ин корхона фактҳои дар мақола нашршударо носаҳҳеҳ номида, аз рӯзноманигор талаб кардааст, ки ҳамчун ҷуброни маънавӣ ба даъвогар 30 ҳазор сомонӣ ҷаримапулӣ пардохт кунад. Вуҷуди чунин даъворо дар дафтари матбуоти додгоҳи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳам рӯзи 26 август ба радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

Масъулин мегӯянд, ки аризаи шикоятии раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Файзулло Юсуфов дар мавриди мақолаи ҳафтаномаи “ Тоҷикистон” - “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” ба додгоҳ ворид шуда ҳоло ин қазия дар истеҳсолоти судӣ қарор дорад. Додгоҳи Фирдавсӣ мегӯяд, ин баҳсро додрас Бахтиёр Абдураҳмонов мавриди омӯзиш қарор додааст ва дар назар аст дар ҳафтаи оянда мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ шавад. Ҳасан

Ҳасан Шокирзода

Шокирзода рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва муалифи мақолаи ҷанҷолбарангез ба радиои Озодӣ гуфт, баъди он ки мақолаи ӯ дар таърихи 18 декабри соли 2014 ба нашр расид, раҳбарияти КВД «Обу корези Душанбе» ба хашм омад.

Муаллиф матлаби худро “як памфлет” меномад, ки бар асоси фактҳои воқеии мушкили дастрасӣ ба об дар сохтмонҳои бисёрошёна дар ҳудуди Душанбе иншо шудааст. Вай мегӯяд, дар ин мақола масъалаи ба ошёнаҳои баланди пойтахт нарсидани об матраҳ шуда, назари сокинони манзилҳои истиқоматӣ ва дигар факту далелҳои воқеӣ истифода шудаанд. Ҳасан Шокирзода гуфт, дар матлаб вазъи чаҳор маҳаллаи Душанбе, аз ҷумла “Якум Советский”, маҳаллаи Сирк, Яккачинор ва “Дустӣ” тасвир шуда буд. Додгоҳи Фирдавсӣ мегӯяд, ки дар арзиаи КВД “Обу корези Душанбе” зикр шудааст, ки дар давоми чанд моҳи баъди нашри ин мақола муассисаи давлатӣ фактҳои дар матлаби “Тоҷикистон” овардашударо мӯшикофона санҷида, маълум кардааст, ки на ҳамаи сокинони ин маҳаллаҳо, танҳо баъзеашон аз набуди об азият мешаванд.

Рӯзноманигор Ҳасан Шокирзода мегӯяд, замони нашри мақола муҳим аст, ба он хотир, ки фактҳои то ба ошёнаҳои баланд нарасидани об моҳи декабрро дар бар мегирад ва вазъи баландошёнаҳоро дар фасли зимистон тасвир мекунад. Ҳоло ӯ умедвор аст, ки дар мурофиаи судӣ дурустии далелҳои дар мақола нашркардаашро собит мекунад. Дар робита ба баҳси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо КВД “Обу корези Душанбе” НАНСМИТ – Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон Сӯҳроб Пулотов - вакили дифоъро барои ҳимояти ҳуқуқи журналист сафарбар кардааст.