Парвози снарядҳо ва шабҳои бехобии сокинони Дараи Об (ВИДЕО)

Осори тире, ки аз размоишгоҳи Мумирак омадааст.

Снарядҳои сарбозони рус ба хонаҳои чанд сокини рустои Дараи Оби Шӯробод афтодааст.

Бар асари афтодани чанд гулӯла дар чанд рӯзи охир масҷиди деҳаи Дараи Оби Шӯрообод ва чанд хонаи сокини русто осеб дидааст, мардум низ тарсидаанд ва ҳукумати маҳаллӣ ҳам нигарон шудааст. Сокинони Дараи Об мегӯянд, гулулаҳо аз мили силоҳи сарбозони рус берун омадааст, ки чаҳор километр поёнтар аз деҳа як моҳ боз тамрин мекунанд. Аммо Игор Шербаков, як намояндаи пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон гуфт, ҳоло маълум нест, ки гулулаҳо ба кӣ тааллуқ дорад, зеро дар тамрингоҳи «Мумирак» сарбозони тоҷик ҳам машқ мекунанд. Ҷаноби Шербаков гуфт, низомиёни рус боэҳтиёт тамрин мекунанд, то осебе ба хонаҳову мардуми наздик ба «Мумирак» нарасад.

Ӯ меафзояд: «Мо пас аз машқҳо тамрингоҳро тоза мекунем ва снарядҳое, ки натаркидаанд, онҳоро безарар мекунем. Аммо то ҷое, ки медонам, ин снарядҳо аз ҳудуди пойгоҳ берун намешаванд. Ин ҷо низомиён тоҷик ҳам машқ мекунанд, вале барои мо номаълум аст, ки ин снарядҳо аз куҷо ба деҳаҳо меафтанд. Ба ҳар сурат ин масъала омӯхта мешавад.»

Аммо Умед Юсупов, сокини деҳаи Дараи Об, ки хонааш аз тири снаряд осеб дидааст, мегӯяд, танҳо Худованд ҷони ӯву наздиконашро аз ин тир наҷот додаст. Умед пораҳое аз ин снарядҳоро рӯи даст дорад ва мегӯяд, ӯро барои таҳқиқ ба мақомот месупорад:

«Танҳо Худо моро наҷот дод, вагарна аз ин тир ҳамаамон мурданамон мумкин буд. Девори хона шикоф шуд, ҳама сахт тарсидаем ва то ҳол ба худ наомадаем.»

Бори аввал нест, ки аз снарядҳои пойгоҳи Мумирак ба хонаҳои сокинон осеб мерасад. Абдулваҳҳоб Саъдуллоев, имомхатиби масҷиди Дараи Об мегӯяд, аз оғоз то анҷоми тамрини русҳо сокинони деҳа бо тарс зиндагӣ мекунанд:

«Гоҳо аз болои деҳа тир меборад. Ҳайвонот мурда буд. Чанд сол пеш бачаҳо ҳам аз снарядҳои нотаркида мурданд. Рӯз надорем. Хоҳиши мо ҳамин аст, ки тирпаронӣ аз болои деҳаи мо қатъ шавад ва сокинон осуда зиндагӣ кунанд.»

Ҳукумати Шӯрообод бо ирсоли як мактуб ба масъулони пойгоҳи низомии Русия хостаанд, ки афтидани гулула ба деҳоти атрофро шарҳ бидиҳанд. Сулаймон Назаров, раҳбари дастгоҳи ҳукумати Шӯрообод мегӯяд, пас аз иросли ин мактуб намояндагони пойгоҳи низомии Русия ба Шӯрообод омаданд ва бо раиси ноҳия сӯҳбат карданд:

«Ин ҳодиса соли аввал нест. Бештар аз тирҳои нотаркида, кӯдакон зарар мебинанд. Имсол танҳо чанд хона кам зарар диданд. Мо мактуб кардем ва муовини қисми низомии русҳо бо сардори машқгоҳи Мумирак омаданд. Дар сӯҳбат гуфтанд, ки талош мекунанд, то чунин ҳодисаҳо такрор нашавад.»

Тамрингоҳи «Мумирак» дар 7 километрии шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод ва Шӯрообод ҷойгир аст. Размоишгоҳ дар поёни деҳоти Дараи Об ва Кафтари ин ноҳия қарор дорад. Дар ин тамрингоҳ сарбозони пойгоҳи 201-и Русия, ки дар маркази Кӯлоб ҷойгир аст, ҳамасола размоиш мекунанд.