Мизони тиҷорати Тоҷикистону Узбакистон 80 дар сад афзоиш ёфт

Омори расмӣ аз афзоиши беш аз 80 дарсадии мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дарак медиҳад.

Омори расмӣ аз афзоиши беш аз 80 дар садии мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дарак медиҳад. Фирдавсӣ Асматбеков, сардори раёсати омори савдои хориҷӣ ва хидматрасонии Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 12 август дар шарҳи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ табодули молу коло миёни Тоҷикистон бо Узбакистон 5,6 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81 дар сад бештар аст.” Ба гуфтаи ҷаноби Асматбеков мизони табодули коло бо Узбакистон дар шаш моҳаи аввали соли гузашта 3,1 миллион долларро ташкил дода буд.

Зиёд будани содирот аз воридот

Ҷаноби Асматбеков мегӯяд, “нишондоди хуб дар мубодилоти коло бо Узбакистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар он аст, ки мизони содироти коло аз Тоҷикистон нисбат ба воридоти он бештар аст ва он маблағи 3,3 миллион долларро ташкил медиҳад". Аммо воридот дар ин давра маблағи 2,3 миллион доллар будааст. Ба таъкиди ин масъули Оҷонсии омор, ин гуна нишондод, яъне боло будани содирот нисбат ба воридот дар табодули коло бо дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба назар намерасад. Ҳамин тариқ ба иттилои Фирдавсӣ Асматбеков, дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон умдатан маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла нуриҳои маъдан ва ҳар гуна маҳсулоти мавриди ниёзи аввалияи саноатӣ содир шуда ва аз Узбакистон ба Тоҷикистон тавлидоти саноатии хӯроку ва либос ворид гардидааст.

Афзоиши тиҷорат пас аз 8 соли ахир

Беш аз 80 дар сад афзоиш ёфтани ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Узбакистон дар ҳолест, ки дар оғози соли ҷорӣ хабарҳо аз 11 дар сад ва он ҳам ба таври бесобиқа дар 8 соли ахир афзоиш ёфтани табодули коло миёни Тоҷикистон ва Узбакистон нашр шуда буд. Ҳамакнун мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвари ҳамсоя таҳаввули тоза касб карда ва дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст. Зиёд шудани мизони табодули коло метавонад ба ҳамкориҳои бештар дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат миёни ду кишвар мусоидат кунад, гуфт Асматбеков.

Ҳарчанд, ба гуфтаи мақомот, ҳанӯз ҳам сатҳи тиҷорати мол миёни ду кишвари ҳамсоя нокофӣ аст ва имкониятҳо ва зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба таври бояду шояд маврид истифода қарор нагирфтаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон танҳо пас аз сафари Ислом Каримов ва иштирокаш дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе доир шуд, каме нармиш пайдо кард. Ин буд, ки бархе аз корхонаҷот ва ширкатҳо дар вилояти Суғд ба барқарории равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ширкатҳои Узбакистон иқдом карданд. Баргузории ҷаласаи саввуми Кумиссиюни мушатараки иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Тошканд, низ шӯълаи умед барои густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба гардид.

Дар ҳоле, ки равобити Тоҷикистону Узбакистон пас аз касби истиқлоли онҳо дар соли 1991 ҳеҷ гоҳ тахту ҳамвор набуд, аммо пас аз азми қавии Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" вориди як марҳалаи наздик ба “ҷанги сард” шуд. Сараввал Узбакистон дар равуои озоди қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон монеа эҷод кард ва баъдан қимати боҷи транзитиро барои ҳамсояаш ба таври бесобиқа то ба 60 дарсад боло бурд. Хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна рақобати бе ин ҳам тезутунди Тоҷикистону Узбакистонро боз ҳам афзоиш дод. Узбакистон бо баҳонаи таркиш дар яке аз кӯпрукҳои қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амӯзанг танҳои роҳи оҳан ба вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистонро тахриб намуд. Ин қитъаи роҳ Тоҷикистонро барои кишварҳои узви НАТО дар амри берун кашидани аслиҳаю таҷҳизоти ҳарбӣ пураҳамияттар мекард. Ҳамакнун бо он ки як нармиш дар муносиботи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ба назар мерасад ва мақомоти Тоҷикистон онро фоли нек ва “об шудани яхи чандинсола” медонанд, аммо Узбакистон мегӯяд, ҳанӯз ҳам ба тарҳи “Роғун” мухолифат дорад. Коҳиши тиҷорат бо Қазоқистон ва Русия Бо ин ҳам зиёд шудани табодули коло ва ба хусус мизони содирот аз Тоҷикистон ба Узбакистон дар ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дастовард дониста мешавад. Ҳол он ки ба иттилои расмӣ дар шаш моҳаи нахусти соли ҷорӣ мубодилоти коло миёни Тоҷикистон бо Қазоқистон ва Русия, ду кишвари муҳим дар иқтисоди ин кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.

Чун бар асоси оморҳои расмӣ дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ табодули коло миёни Тоҷикистон бо Қазоқистон беш аз 344 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 17 дар сад кам аст. Ҳамчунин сатҳи тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар ин муддат 526, 5 миллион доллар будааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 11. 3 дар сад коҳиш ёфтааст. Ба гузориши оҷонсии омори Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми табодули коло миёни Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ маблағи 982 миллион долларро ташкил додааст. Ин рақам нисфи сатҳи тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Чун дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ табодули колои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ маблағи беш аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.