Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико чанд рӯз пеш дар назди вакилони Конгресси Амрико нутқи бузурге эрод кард ва сиёсатҳои дохиливу хориҷии ҳукуматаш дар ояндаи наздикро шарҳ дод.
Ӯ аз ҷумла гуфт, ки бояд кишварҳои рафиқ ва мухолифи Амрико мушаххас карда шаванд, то дар кӯмакҳои молие, ки Амрико ба онҳо медиҳад, бознигарӣ сурат бигирад.
«Ман имрӯз аз Конгресс мехоҳам, санадеро қабул кунад, ки моро мутмаин созад, ки долларҳои амрикоӣ ба манфиати Иёлоти Муттаҳида хидмат мекунанд ва фақат ба дӯстони Амрико мерасанд. Бо таҳкими муносиботи дӯстона дар ҷаҳон мо ҳамчунин мушаххас нишон медиҳем, кӣ ҳарифи мост» - гуфт, Доналд Трамп.
Бо зикри ин матлаб Доналд Трамп гуфт, баъзе аз кишварҳое, ки Амрико кӯмак мегиранд, дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба зидди қарори эътирофи Байтулмуқаддас ба ҳайси пойтахти Исроил раъй доданд.
Барои фаҳмидани онки, Амрико Тоҷикистонро дӯст мешуморад, ё не аввал бояд ба ин суол ҷавоб ёфт, ки дар худи Тоҷикистон Амрикоро ба ҳайси кӣ мепиндоранд. Кишвари ҳамкор, ҳампаймон ва ё манбаи мушкилоти эҳтимолии сиёсӣ?
Профессор ва доктори улуми сиёсӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, барои манофеи Тоҷикистон Амрико нақши муҳиме иҷро мекунад ва ислоҳот дар кишвар ва дар умум минтақа ба кӯмаки Иёлоти Муттаҳида имконнопазир аст.
«Бо назардошти вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон, мавқеи геополитикӣ, манофеи миллӣ ва авлавиятҳо, мо новобаста ба мухолифатҳои қудратҳои ҷаҳони муосир бояд ҳамкориро бо Амрикову Русия ба роҳ монда ва тавсиа диҳем» - мегӯяд, Шокирҷон Ҳакимов.
Ба қавли ӯ, Амрико метавонад, дар устувор шудани сутунҳои Тоҷикистон, аз нигоҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, инкишофи гуногунандешии сиёсӣ, такмили қонунгузории вобаста ба мубориза бо коррупсия нақши мусбат ва бузурге ифо кунад.
Сиёсатшинос ҳамчунин мегӯяд, ки Амрико бо ҳампаймонҳояш дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ аз ҷумла, муассисаҳои молии қарздиҳанда, ки ба вуруди сармоя ба Тоҷикистонро мусоидат мекунанд, барои кишвар аҳамияти хос дорад.
Ба қавли ӯ, дар самтҳои дигар аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ки аз Афғонистон сарчашма мегирад, Душанбе ва Вашингтон, комилан ҳамфикр ҳастанд.
«Бидуни шак, элитаи сиёсии кишвар манфиатдор аст, ки Тоҷикистон бо Амрико муносибатҳои дӯстона дошта бошад. Аммо ин муносибатҳо набояд ба зидди манофеи кишварҳои ҳамсоя ва ё қудратҳое равона шавад, ки аз пеш дар кишвар нуфуз доштанд» - гуфт Шокирҷон Ҳакимов.
Номувофиқатии ақидаи мардум ва ҳукумат
Музаффар Олимов, ҷомеашинос ва таҳлилгари тоҷик ба ин назар аст, ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ба Амрико эҳтиром мегузоранд, аммо мардуми оддӣ чандон «муҳаббате ба Иёлоти Муттаҳида надоранд.»
«Бар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ метавонам, бигӯям, ки дар афкори умум дар Тоҷикистон Амрикоро кишвари дӯст намешуморанд. Эҳтимолан дар ин масъала назари мардум ва раҳбарияти сиёсии кишвар бо ҳам мувофиқ нест» гуфт ӯ ва афзуд, ки «Возеҳан мақоми Русияву Чин барои Тоҷикистон дар муқоиса бо Амрико дигар аст».
Ба ақидаи таҳлилгар, дар Тоҷикистон тахмин мекарданд, ки Иёлоти Муттаҳида, ба таври ҷиддӣ дар кишвар сармоягузорӣ мекунад, вале чунин чизе ҳоло нест. Дар ин масъала қаблан Русия фаъол буд, ҳоло ҷои онро Чин гирифтааст.
«Магар бо чунин ҳамсояи азиме чун Чин, Тоҷикистон метавонад, худро ошкоро Амрикогаро биномад?» мегӯяд, Музаффар Олимов.
Мақомоти Тоҷикистон гузоришҳои созмонҳои гуногуни ҳомии ҳуқуқи Амрико дар бораи нақзи ҳуқуқ, маҳдудияти озодиҳои мазҳабӣ, саркӯби дигарандешон, фишор ба матбуот дар Тоҷикистонро бо асабоният қабул мекунанд. Ҳамчунин Тоҷикистон дар муноқишаи Исроилу Фаластиниён тарафдори фаластиниён аст.
Магар бо чунин ҳамсояи азиме чун Чин, Тоҷикистон метавонад, худро ошкоро Амрикогаро биномад?
Бори аввал дар соли 2013, ҷавонони тарафдори ҳукумат бо баргузории як тазоҳуроти зоҳиран ташкилшуда дар назди сафорати Амрико дар Душанбе, талаб карданд, ки Амрико Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқро ба Тоҷикистон истирдод кунад. Ӯ 20 сол пеш аз кишвар фирор кард.
Айни замон, сохторҳои қудратии Тоҷикистон фаъолона бо сохторҳои низомии Амрико ҳамкорӣ мекунанд ва аз онҳо кӯмакҳои моливу низомӣ мегиранд.
Додугирифтҳои зиёд бахусус низомӣ
Ба мисли либос, таҳҷизоти низомӣ, нақлиёт ва дигар муҳимот. Генералҳои амрикоӣ ва мақомоти баландпояи сиёсӣ дар сатҳи минтақаро низ ҳар вақти сафарашон ба Тоҷикистон раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қабул мекунад.
Гузашта аз ин Амрико барои кӯмак дар соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон аз тариқи барномаи HOPE ба Тоҷикистон дору ва кӯмаки молӣ медиҳад ва ҳам дар ислоҳоти қонунгузорӣ дар арсаи хидмати давлатӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки дасти кам ду ҳалқаи нуфуз дар доираҳои сиёсӣ ва атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳасан Асадуллозода, бародарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ориёнбонк, Ҷамолиддин Нуралиев, домоди ӯ ва муовини аввали раиси Бонки Миллӣ аз чеҳраҳои амрикогаро маҳсуб мешаванд ва дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида мусоидат мекунанд.
Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, аз замони расидани Тоҷикистон ба истиқлол то кунун барои некӯҳаволӣ ва мубориза бо камбизоатӣ дар кишвар тақрибан 1 миллиард доллар кӯмак кардааст.