Асабонияти Маскав аз сарпечиҳои Душанбе дар тасвиби созишномаи пойгоҳи низомӣ ва ҳам музокироти Каримов бо Путин маншаъ гирифта, метавонад сабаби ҳамлаи танзимшуда болои муҳоҷирони тоҷик бошад.
Чунин андешаро дар сӯҳбат бо Озодӣ бархе аз дипломатҳои баландпоя дар ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия баён карданд. Ахиран муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин бидуни огаҳии пешакӣ вазъи қатори роҳи оҳани Душанбе-Маскавро санҷид ва гуфт, ки он ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ нест. Рогозин инчунин дар бораи нақзи муқарарроти буду бош дар Русия сӯҳбат кард ва таъкид намуд, ки аз ин ба баъд муҳоҷирони тоҷик бояд ба Русия бо паспорти хориҷӣ сафар кунанд.
Ин пешниҳодро қаблан президент Владимир Путин низ дар миён гузошт ва тибқи қонуни нав сар аз соли 2015 шаҳрвандони кишварҳои муштарак-ул-манофеъ бояд танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ ба Русия сафар кунанд.
Як тиру ду нишони Маскав
Албатта, бори аввал нест, ки Русия аз ин фишорҳо болои Тоҷикистон кор мегирад. Аммо коршиносон вақти интихобкардаи Русияро ҷолиб мешуморанд.
Онҳо мегӯянд, Русия барои норозӣ будан аз Тоҷикистон чандин далел дорад. Аввалан ва аз ҳама асосӣ, тасвиб нашудани шартномаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, дувум, сафари ахири президент Раҳмон ба ситоди НАТО ва мулоқоти ӯ бо мақомоти баландпояи ин паймони низомӣ, ки Кремлинро асабонӣ мекунад ва сеюм сафари президент Каримов, рақиби президент Раҳмон ба Маскав аст, ки Кремлин солҳо боз талош мекунад дили ӯро ба даст биёрад.
Таҳлилгарон ҳамчунин мӯътақиданд, ки бо изҳороти пай дар паяш алайҳи муҳоҷирони тоҷик мақомоти Кремлин ба истилоҳ "бо як тир ду ҳадафро нишон мегиранд". Аввалан хашми шаҳрвандони худро паст мекунанд, ки аз афзоиши рӯзафзуни муҳоҷирони корӣ рӯҳияи эътирозӣ доранд. Дуввум, Кремлин моҳҳост, пайт меҷӯяд, ки бори дигар нуқтаҳои заъфи Душанберо ба намоиш гузорад.
Манобеи надик ба Кремлин мегӯянд ки мақомоти тоҷик амдан, яъне барқасдона тасвиби созишномаи октябри соли 2012 миёни Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон имзошударо ба таъхир меандозад, то мизони кӯмаки Маскав ба Душанберо боло бубарад.
“Душанбе аз Маскав мехоҳад, ки ҳаҷми кӯмакҳои низомиву фанниро, ки бар ивази иҷораи пойгоҳ ваъда карда буд, болотар бубарад. Вале Маскав инро як шантаж номида аз баррасии масъала худдорӣ мекунад”, гуфт як манбаи огоҳ дар ҳукумати Тоҷикистон. Ин манбаъ гуфт, ҳоло равобити миёни ду ҷониб “як ҷанги пинҳонӣ ё пуштипардаиро мемонад, ки ҳар як тараф мехоҳад аз он пирӯз берун шавад”.
Сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ вуҷуди ихтилофи шадид дар байни гурӯҳҳои музокиротиро рад кард. Вай гуфт, “ҳеҷ гуна шартгузорӣ нест” ва “ҳеҷ кадоме дарро ба рӯи дигаре напӯшидааст”. Дипломати баландпоя изҳори итминон кард, ки мухолифатҳои байни Тоҷикистону Русия ба некӣ ҳал мешаванд.
Раҳмон дар ситоди НАТО, Каримов дар Кремл
Бар асоси Созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки баъди кашмакашу музокироти тӯлонӣ миёни ду кишвар моҳи октябри соли 2012 имзо шуд, пойгоҳи Русия бо тақрибан 7 ҳазор сарбози худ то 30 соли дигар, яъне то соли 2042 дар Тоҷикистон мемонад. Бо вуҷуди онки мӯҳлати ҳузури пойгоҳ то охири соли 2014 ба поён мерасад, ҷонибҳо санади мазкурро тасвиб накардаанд. Русия ваъда додааст, ки дар ивази ҳузури ройгони пойгоҳаш дар Тоҷикистон ба ин кишвар имтиёзҳои иқтисодӣ медиҳад ва аз ҷумла маводи сӯхтро бо нархи арзонтаре ба Тоҷикистон мефурӯшад. Аммо то кунун созишнома дар ин маврид бинобар ихтилофоти амиқи назар байни ду тараф имзо нашудааст. Танҳо аҳде, ки Русия ба он вафо кардааст, сабукӣ барои муҳоҷирони корӣ аст, ки ҳақ медиҳад, то 15 рӯз бидуни сабти ном дар Русия бимонанд.
Гуфта мешавад, ки мояи дигари асабонияти Русия ҳакории Тоҷикистон бо НАТО аст, ки дар ҷараёни берун шудани нирӯҳо аз Афғонистон дар соли 2014 нақшеро барои Тоҷикистон дар назар гирифтааст. Ин ҳам дар шароите, ки Тоҷикистон аз тасвиби протоколи созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар заминаи мувофиқати ҳатмии ҳама президентони кишварҳои узви ин созмон барои ҷойгир кардани пойгоҳҳо ва нирӯҳои хориҷӣ дар қаламравашон, аз ҷумла транзити борҳои низомӣ худдорӣ мекунад. Тошканд ҳам маҳз бо ҳамин сабаб соли гузашта якбора аз ҳайати созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ берун шуд ва шонси Русияро барои гирифтани пеши роҳи Ӯзбакистон барои ҳамкорӣ бо нирӯҳои ғарбӣ аз байн бурд.
"Масуният"-и Душанбе дар ин бозии "Бизану бигир"
Аз сӯи дигар, ба андешаи як дипломати хориҷӣ, бо сафари президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов ба Маскав дар як вақт иттифоқ афтодани маъракаи нави ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик тасодуфӣ нест. Дар шароити ноҳамвор ва то андозае бӯҳронии равобити миёни Тошканду Маскав, фишор болои наздиктарин ҳамсояи Ӯзбакистон чизест, ки метавонад ба маънои намоиши бартарияти геостратегии Русия дар минтақа талаққӣ шавад. Яъне Тошканд бояд бидонад, ки барои Маскав дар Осиёи Марказӣ азизтару арзишмандтар аст. Дипломати хориҷӣ ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли 2009 дар телевизиони давлатии Ӯзбакистон ҳамингуна як филми мустанаде намоиш дода шуд, ки дар он вазъи санитарии қаторҳои самти Тоҷикистон-Русия мавриди интиқод қарор гирифта буданд.
Аммо дар ниҳояти амр ин ҳама "бизану бигир" заминаи молӣ дорад ва бештар ба муомилоти харидори хасис ва фурӯшандаи сарсахт монанд аст. Дар ин муомилот касе бурд мекунад, ки лаб зери дандон гузошта, ба фишорҳо таҳаммул биёрад. Як дипломати ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар тӯли 20 соли ҳамкории Тоҷикистон бо Русия фишорҳо ин қадар зиёд буданд, ки Тоҷикистон дар баробари онҳо "масуният пайдо кардааст".