Медали тилои Ҷаҳонгир ва биринҷии Ёсин дар Макао

Дар мусобиқоти Ҷоми дзюдои Осиё байни варзишгарони то 16-сола дар Макао Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиби медали тило ва Ёсин Неъматов сазовори нишони биринҷӣ шудаанд.

Рӯзи 30 июл барои тими гуштигирони навраси тоҷик дар Ҷоми гуштии дзюдои Осиё байни наврасони то 16-сола дар Макаои Чин рӯзи бобароре буд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар ин мусобиқот дар вазни 81 кило бар тамоми ҳарифонаш ғолиб омада, сазовори медали тило ва Ҷоми Осиё шуд.

Барои Ҷаҳонгир Маҷидов, яке аз умедҳои навраси гуштии тоҷик, нишони тилои Ҷоми Осиё алакай сеюмин медал дар як моҳи охир аст. Ҷаҳонгир дар мусобиқоти Ҳонгконг низ медали тило ва рӯзи 5 июл дар Бозиҳои кӯдакони Осиё медали нуқра ба даст оварда буд.

Ҷаҳонгир Маҷидов феълан дар раддабандии беҳтарин гуштигирони наврас дар навъи гуштии дзюдо дар ҷаҳон бо 102 имтиёз дар мақоми 19-ум қарор дорад. Пирӯзӣ дар Макао имкон медиҳад, ки ӯ мавқеашро дар ин раддабандӣ беҳтар кунад.

Ёсин Неъматов дар Макао бо вуҷуди маризӣ тавонист дар вазни 73 кило дар Ҷоми дзюдои Осиё соҳиби нишони биринҷӣ шавад. Муҳаммадрозиқ Неъматов, падари Ёсин Неъматов рӯзи 30 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин комёбии фарзандаш ифтихор мекунад: “Худовандро ҳазор бор шукр, ки писарамро ин дафъа ноумед накард ва ба рағми маризӣ тавонист бар се нафар пирӯз гардад ва медали биринчиро ба гардан овезад ва барои Тоҷикистони азизам ифтихор биёварад. Агар ин маризии ногаҳонӣ беҳолаш намекард, мутмаин будам, ки боз ҳам мавқеи болотареро дар Макао ба даст меовард.”

Ёсин Неъматов ҳамроҳ бо хонаводааш дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба сар мебарад ва онҷо машқ мекунад, вале дар мусобиқоти байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ дорад. Ёсин Неъматов рӯзи 25 июл дар сабқати қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар Ҳонгконг низ сазовори нишони биринҷӣ шуда буд.