Ширкатҳои сайёҳӣ: "Тоҷикистон ором аст"

Шева, Бадахшон. Муаллифи акс: Довуд Сулаймонов

Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ки тирпарронии рӯзи 4 сентябр дар Душанбе ва канораҳои он ба тиҷорати онҳо таъсир расонидааст.

Зоҳиран хабарҳо аз вуқӯи ҳодисаҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр ва шурӯи амалиёти таъқиби тарафдорони генерал Ҳалим Назаров ба тиҷорати ширкатҳои сайёҳии кишвар таъсир расонидааст. Ҳоло ин ширкатҳо мегӯянд, талош доранд сайёҳони хориҷиро мутмаин созанд, ки вазъияти ин кишвар на он таврест, ки расонаҳо тасвир мекунанд. Баъзе ширкатҳо аз мукотибаҳои имейливу телефонӣ фаротар рафта, талош мекунанд, тавассути барномаи интернетии Skype муштариёни дудилаи худро барои сафар ба Тоҷикистон дубора дилгарм кунанд. Баъзе дар наворҳои видеоии Skype ба туристони хориҷӣ хиёбонҳои орому амни Душанберо намоиш дода мекӯшанд он тарафро мутақоид созанд, ки аз сафари нақшавии худ ба Тоҷикистон даст накашанд.

Насим Ҷумъахонов, намояндаи як ширкати сайёҳӣ мегӯяд, ду тан аз сайёҳони хориҷӣ бояд 15-уми сентябр ба Тоҷикистон биёянд, аммо баъди ҳаводиси ахир дар як тамоси телефонӣ гуфтанд, ки аз сафар даст мекашанд. Онҳо аз расонаҳо шунидаанд, ки дар пойтахти Тоҷикистон задухӯрд аст ва ҳоло аз сафар ба Тоҷикистон ҳарос доранд. Насим Ҷумъахонов мегӯяд: “Мо барояшон гуфтем, ки нооромӣ дар як мавзеи дур аст ва Душанбеву Бадахшон комилан ором ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки дар сомонаҳои интернетии кишварашон хондаанд, ки гӯё дар Тоҷикистон ҷанг аст. Ман бо Skype дар хиёбонҳо қадам задам ва ҳолу аҳволи мардумро барояшон нишон додам. Бовар карданд, ки ором аст ва ҳоло қарор аст рӯзи муқарраршуда ба ин ҷо биёянд”, - гуфт ӯ.

Аммо Шагарф Муллоабдулов, раҳбари ширкати сайёҳии «Silk road» мегӯяд, ду гурӯҳ аз сайёҳон, ки бо мусоидати онҳо бояд ба Тоҷикистон меоманданд, аз нимароҳ баргаштанд ва сафари худро бекор карданд. Ӯ мегӯяд, 6 тан аз шаҳрвандони Амрикоро мутмаин карда буданд, ки дар роҳ ба Бадахшон ҳеҷ ҳодисае нест ва онҳо ҳам омода шуданд, ки сафарро идома диҳанд, вале дар ниҳоят, ба ҳушдори сафорати ИМА дар Тоҷикистон гӯш дода сафарро бекор карданд. Ҷаноби Муллоабдулов гуфт, талошҳои онҳо барои мутмаин кардани сайёҳон ба ин ки вазъ дар Тоҷикистон онгуна нест, ки воҳима мешавад ва агар ҳам як амалиёт дар дар як нуқтаи Тоҷикистон мегузарад, ба маконҳои дигар таъсир надорад, фоида накард.

“Ҳоло, фикр мекунам, ки онҳо баъди ин гуфтугузорҳои мо қарорашонро дигар карда, сафарро бекор неву паспарто мекунанд ва дар мӯҳлати каме дертар аз рӯзҳои қаблан ба нақшагирифта ба Тоҷикистон меоянд”. Аммо бархе ширкатҳои дигар мегӯянд, корашон мисли рӯзҳои маъмулӣ идома дорад. Руслан Ҳамроқулов, намояндаи як ширкати дигари сайёҳӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ дигаргуние дар корашон иттифоқ наафтодааст. Ӯ мегӯяд, пас аз рӯзи 4 сентябр ширкати онҳо 17 сайёҳро аз Олмон, 11 нафарро аз Исроил ва 4 нафарро аз Фаронса истиқбол кардааст. Ӯ мегӯяд, рӯзи 14-уми сентябр аз Австрия ва Британиёи Кабир ҳудуди 20 сайёҳи дигарро интизоранд, ки барои дидани кӯҳҳои Бадахшон меоянд.

Ҳодисаҳои 4-уми сентябр, ки мақомот ҳамчун ҳамлаҳои террористии силоҳабадастони таҳти раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ ва қумандони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин болои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва ШКД-и шаҳри Ваҳдат тасвир кардаанд, мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои хориҷӣ ҳам қарор гирифт. Вале Наврӯз Қурбонзода, як масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “то кунун аз ҷониби ҳеҷ ширкати сайёҳӣ ва ё сайёҳони алоҳида дар бораи вазъи амниятии Тоҷикистон ба онҳо суол ё муроҷиате нашудааст”. Ӯ мегӯяд, дар сурати чунин муроҷиат онҳо ба сайёҳон итминон медиҳанд, ки ҳангоми сафар ба Тоҷикистон ба ҷони онҳо хатар таҳдид намекунад.

Вай гуфт, “то ҷое мо иттилоъ дорем, вазъ зери назорат аст ва ҳеҷ хатаре ба сайёҳон вуҷуд надорад. Ягон маҳдудият ҳам барои сайёҳон ҷорӣ нашудааст ва онҳо бемушкил метавонанд ба Тоҷикистон биёянд”, -гуфт Қурбонзода. Тибқи иттилои расмӣ, моҳи сентябр тариқи ширкатҳои сайёҳӣ аз Тоҷикистон бояд се ҳазор сайёҳи хориҷӣ дидан кунад, аммо ҳоло маълум нест, ки чанд нафари онҳо дар паи ҳодисаҳои ахир сафари худро анҷом медиҳанд. Дар 6 моҳи охир бар асоси ҳисобҳои расмӣ беш аз 147 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон омадааст, ки дар қиёс бо соли гузашта як баробар бештар будааст. Сайёҳон ба Тоҷикистон бештар ба хотири дидани манзараҳои Бадахшон, ки бо кӯҳҳои сарбафалак, пиряхҳои бузург ва табиати зебояш шӯҳрат дорад, меоянд. Ҳоло намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, аз ҳама василаҳо кор мегиранд, то барномаҳоеро, ки қаблан барои ҷалби сайёҳон дар моҳи сентябр рехта буданд, ба роҳ монанд.