Масъалаи зиёни сигор ва мубориза бо истифодаи зиёди он дар байни аҳолӣ рӯзи 28-уми май дар як нишасте ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар Душанбе баррасӣ шуд. Сӯҳроб Воҳидов, сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологӣ дар Вазорати тандурустӣ гуфт, боло бурдани қимати сигор метавонад, дастрасӣ ба тамоку ва теъдоди сигоркашонро кам кунад.
Аммо ин нигарониҳо ҳам садо дод, ки гарону дастнорас кардани сигор барои аҳолии камбизоати Тоҷикистон, сигориҳоро водор мекунад, ба навъи дигари тамоку, яъне нос рӯ биёранд. Навъи тамокуи суннатӣ, ки зиёнаш на камтар аз сигор аст ва дар байни аҳолӣ бисёр зиёд истифода мешавад.
Сӯҳроб Воҳидов дар нишаст гуфт, гурӯҳи корие дар Вазорати рушди иқтисод машғули таҳияи санадҳои лозимӣ барои афзоиши қимати сигоранд. Ӯ афзуд, айни замон Тоҷикистон мехоҳад, ӯҳдадориҳои байналмилалиашро барои мубориза бо сигоркашӣ иҷро кунад.
"Сигор набояд камтар аз 5 сомонӣ бошад"
Намояндаи вазорати тандурустӣ афзуд, гаронтар кардани қимати тамоку дар дигар кишварҳо “натиҷаи хуб додааст” ва теъдоди онҳое, ки аз тарси нархи баланд, аз одати зиёноварашон даст кашидаанд, зиёд шудааст. Ба қавли Сӯҳроб Воҳидов, "ҳоло дар Осиёи Марказӣ сигори аз ҳама арзонро дар Тоҷикистон меёбед". Намояндаи вазорат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҷузъиёти пешниҳодҳо барои гарон кардани қимати сигорро шарҳ дод ва гуфт: "Мо мехоҳем, аз 5 то 7 сомонӣ боло бурда шавад. Нархи сигори арзони арзон аз 5 сомонӣ боло шавад. Дар Тоҷикистон арзон аст, масалан дар Туркманистон нархи як қуттии сигор аз 50 сомонии худамон сар мешавад”.
Аммо дар нишасти бахшида ба рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар Душанбе ин нигарониҳо садо дод, ки гаронтар кардани сигор танҳо роҳи кам кардани талабот ба тамоку буда наметавонад, чун интихоби дигаре дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
"Аз сигор ба нос мегузаранд"
Бархе аз хабарнигорон дар нишаст гуфтанд, аз мушоҳидаву сӯҳбатҳояшон бо афроди сигорӣ маълум карданд, ки дар гузашта бо афзоиши нархи сигор афроди камбизоат ба нос рӯ овардаанд. Ҳоло нархи сигоре, ки аз Покистон меояд, дар Тоҷикистон аз 3 то 15 сомониро ташкил медиҳад ва ба қавли баъзе аз сигориҳо ҳоло ҳам барояшон гарон аст.
Бино ба гузоришҳо Тоҷикистон аз назари истеъмоли тамоку дар миёни кишварҳои муштаракулманофеъ мақоми 9 ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми сеюмро касб кардааст. Як таҳқиқи соли 2016 нишон додааст, ки 29,9 дарсади аҳолии калонсол дар кишвар тамоку мекашанд, ки аз ин 25,7 фисадро мардон ва 2,2 фисадро занон ташкил медиҳанд. Тибқи гузоришҳои дигар дар Тоҷикистон беш аз ним миллион нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳоро мардон, 10 дар садро занон ва 12 дарсади дигарро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Достони Маъруфи сигорӣ
Маъруф, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои камтар кардани хароҷот аз сигор ба нос рӯ овардааст. Ӯ мегӯяд, қаблан пулаш барои чанд қуттӣ сигор кофӣ буд ва баъди ҳар чанд соат сигор мекашид.
Ҳоло дар ҳамёнаш фақат барои носи арзон пул меёбад: "Ҳозир мардикорам, дар барам он қадар пуле надорам, ки сигор кашам ва барои ҳамин маҷбур шудам ба ҷои сигор носро интихоб кунам. Агар барои сигор дар як рӯз 8 сомонӣ сарф мекардам, ҳозир як халтача носро як сомонӣ мехараму як ҳафта мекашам."
Аммо ба эътиқоди Сӯҳроб Воҳидов, намояндаи вазорати тандурустӣ, боло бурдани нархи сигор, шумораи носкашонро зиёд намекунад, чун “ин масъала ба иродаи ҳар як шахс вобастагӣ дорад.”
Давлати Тоҷикистон соли 2017 қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро тасвиб кард ва бар асоси он фурӯшу истифодаи тамоку маҳдуд шуд. Тарғиби тамоку, истеъмоли он дар ресторанҳо, дар назди шифохонаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам манъ шуд.
Аммо бо вуҷуди ин фурӯши он ва бахусус нос дар кӯчаву бозорҳо ба назар мерасад. Носфурӯшҳо барои ҷалби харидор бо садои баланд фарёд мекашанд, ки як навъи реклама ба ҳисоб меравад. Табибон бар ин назаранд, ки дар баробари сигор, нос ҳам хатари зиёд дорад ва бояд масъулин дар мавриди ҷилавгирӣ аз паҳншавии он миёни мардум, аз ҷумла ҷавонон, тарғибот баранд ва чораҳои бештар биандешанд.