5 октябр Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор аст. Ин сана аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1997 таъйин гардид ва аз он вақт ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, дар кишваре, ки се даҳа пеш дар он муаллим дар ҷомеа эътибори баланд дошт ва акнун ба яке аз қишрҳои осебпазир табдил ёфтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Феълан дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор омӯзгор ба ҳудуди 2 миллион хонанда дарс мегӯянд. Камбуди омӯзгор то ҷое рафъ шуда, аммо шикояту ноқаноатмандии аз кору рафтори ин қишр ба маротиб афзудааст. Худи омӯзгорон мегӯянд, масъулияти онҳо ҳоло чандон сода нест ва набояд волидон таълиму тарбияи фарзандро пурра ба души муаллим ва мактаб гузоранд.
"Гоҳе аз касбам пушаймон мешавам"
Бо собиқаи 24 солаи корӣ, София Ҳайдарбекова, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, ҳанӯз ҳам дар ҷустуҷӯи роҳҳои наву ҷолиби таълим аст. Кор бо мактаббачагони имрӯзро осон намедонад.
Ҳар рӯз баъд аз соати корӣ ӯ дар мактаб мемонад, то барои дарси ояндааш омодагӣ бинад. Чун, ба гуфтаи ӯ, “илму техника пеш меравад ва шогирдон нисбати омӯзгорон дар кор бо телефону компютер пешрафта кардаанд, вале баръакс шавқу ҳавас ба дарсхонӣ кам шудааст"
"Дар ин шароит масъулияти мо дучанд шуд. Бо синфҳои ибтидоӣ боз осонтар аст. Дар синфҳои болоӣ омӯзгорон азоб мекашанд”,--гуфт ӯ.
София Ҳайдарбекова ду даҳсола боз дар мактаби рақами 31-уми пойтахт ба шогирдон дарс медиҳад. Ба ёд меорад, ки замоне ӯ ин касбро интихоб кард, омӯзгори пешаи пуршараф буд.
Ҳоло арзишҳо тағйир ёфтаанд ва лаҳзаҳое мешавад, ки ин омӯзгор аз интихоби худ пушаймон мешавад. Ба вижа, беэҳтиромии хонандаву атрофиён ва бадгӯи нисбат ба омӯзгор ӯро баъзан нороҳат мекунад.
“Гоҳ гоҳ вақте пушаймон мешавам ва мегӯям, тамом дигар омӯзгорӣ намекунам, вале боз меҳру муҳаббат ба шогирдон маро ба мактаб мекашад. Омӯзгоре, ки асил аст ва касбашро дӯст медорад, ба мушкил нигоҳ накарда, касбро тарк намекунад”,-- гуфт ӯ.
"Ҳар қадам -- зери заррабин"
Дар зимн, дар ҷомеаи Тоҷикистон, солҳои ахир аз симои омӯзгор як образӣ манфӣ офарида шудааст. Ҳар сари чанд гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ омӯзгорон барои бемасъулиятӣ ва муносибати нодуруст бо хонанда, зери борони танқид қарор мегиранд ва дар расонаҳо ҳам, баъзан, хабарҳо дар бораи бадрафторӣ аз ҷониби ягон омӯзгор ва ё лату куби хонанда расонаӣ мешавад. Ин ҳама, ба гуфтаи муаллима София Ҳайдарбекова, ба руҳия ва кори омӯзгороне, ки касби худро дӯст медоранду талош мекунанд, бетаъсир намемонад.
Ӯ гуфт: “Баъзан муаллимон сиёсат мекунанд. Каме сахтгирӣ мекунем. Вале ин маънои онро надорад, ки мо кӯдакро задем, мӯяшро буридем ё таҳқир кардем. Лекин барои падару модар ин як даҳшат аст. Ана, баъд дар фейсбуку интернет нисбат ба омӯзгорону мактаб ҳар гуна ҳарфи носазо мезананд. Хеле нороҳат мешавам, вақте чунин таҳқирҳоро мешунавем.”
Он чӣ ӯро хушҳол мекунад, ин серталаб шудани бархе аз волидон дар нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд аст. Омӯзгор, ба бовари ин муаллима, дар танҳоӣ ва бидуни кӯмаки волидон наметавонад дар таълими як кудак муваффақ шавад. Бо ин вуҷуд, София Ҳайдарбекова таъкид мекунад, ки ҳанӯз ҳам зиёданд падару модароне, ки ба дарки ин намераванд ва бетаваҷҷӯҳанд.
“Бархе аз падару модарон хоҳиш надоранд, мумкин кӯдаконро бо нияти каме дам гирифтани худ ба мактаб мефиристанд. Ман бисёр мехоҳам, ки волидон омада, дар дарсҳо иштирок кунанд. Вале не, тамоман иштирок намекунанд, намехоҳанд”,-- афсус мехӯрад ӯ.
Дар бораи мушкили кори омӯзгор, қишре, ки солҳои ахир дар ҳама маъракаҳои кишвар, чӣ сиёсӣ ва чӣ ҷашну идҳо фаъоланд, аксарият медонанд. Ин ҳам рӯшан аст, ки бо вуҷуди маоши кам талабу таваққуъ аз онҳо хеле зиёд аст.
Пуштибонии нокофии давлат
София Ҳайдарбекова, ки модари 2 фарзанд аст ва зиндагиашро бо пули омӯзгорӣ пеш мебарад, дар бораи мушкилоти шахсии худ сӯҳбат намекунад. Мегӯяд, маошаш барои пешбурди зиндагӣ басанда нест, аммо касбашро дӯст медорад, муваффақияти ҳар хонандаро комёби худ медонад ва ин дилбастагии ӯро ба омӯзгорӣ бештар мекунад.
Дар ростои Иди омӯзгорон аз у пурсидем, ки барои худаш чӣ орзу дорад. Омӯзгоре, ки 10 соли ахир дар хонаи иҷора зиндагӣ дорад, бо табассум гуфт. “Мехоҳам, ки соҳиби хона шавам. Ариза навиштем, ба маорифи ноҳия ва мири шаҳр. Хайр, Худо хоҳад, ягон сол мешавад. Руҳафтода нашуда, умед дорем.”