Ширкати мусофирбарии “АлянсАвто” дар вилояти Маскав 40 ронандаи тоҷикро аз кор ҷавоб дод. Масъулини ин ширкат мегӯянд, аз коргарон дархост шуд, ки аз 15-уми июл дигар ба кор наоянд. Русия қонун “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ”-ро тағйир дод, ки то охири моҳи июли соли 2017 хориҷиҳоро аз ҳаққи ронандагии таксӣ ва дигар нақлиёти мусофирбар бо санади кишварҳои худ маҳрум мекунад. Ин қонун марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам мебошад, ки бархе дар қаламрави Русия аз роҳи рондани таксӣ даромад ба даст меоранд. Қонун аз онҳо талаб мекунад, ки дар мактабҳои ронандагӣ имтиҳон супурда, санади русӣ дарёфт кунанд.
Ҳоло ҳам умедворам, ки ронандаҳои тоҷик ҳуҷҷати русӣ мегиранд. Ҳама вақт омодаем, ки онҳоро ба кор қабул кунем
Таксиронҳое, ки ҳоло аз кор озод шудаанд, мегӯянд, бархеи онҳо барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии Русия муроҷиат карда, вале посухи рад гирифтанд. Бархеи дигар бинобар гарон будани арзиши ин ҳуҷҷат барои гирифтани он талош накардаанд. Мувофиқи дараҷаи ронандагӣ, арзиши шаҳодатнома барои ронандагони хориҷӣ аз 25 то 90 ҳазор рубл арзиш дорад.
“Ҳуҷҷати қалбакӣ доданд, тарсидем”
Саид Мӯсоев, корманди 34-солаи ширкати “АлянсАвто” рӯзи 19-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аз аввали сол бо ҳамроҳони дигараш барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагии Русия талош кард, аммо муваффақ нашуд. Аз рӯи қонун шаҳрвандони Тоҷикистон, мисли хориҷиҳои дигар, ҳақ доранд дар қаламрави Русия имтиҳон супоранд ва санади ронандагӣ дарёфт кунанд. Аммо мақомот чунин дархостҳоро бо ҳар баҳона рад мекунанд.
“Нархи иваз кардани санади тоҷикӣ ба санади русии ронандагӣ то ҳазор доллар аст. Баъзе ҳамкорони тоҷикамон, ки шаҳрвандии Русия доштанд, ҳуҷҷат гирифтанд, вале мо натавонистем. Баъди гирифтани ҳуҷҷат онҳоро қалбакӣ гуфтанд ва сад мушкили дигар дар сарашон бор шуд. Мо тарсидем, ки агар бо ҳазор доллар қалбакӣ диҳанд, ҳам пуламон месӯзад ва ҳам боз дар кашокаш мезанем”, – мегӯяд Саид Мӯсоев.
Ин мард мегӯяд, ки дар Тоҷикистон чаҳор фарзанд дорад, ки ба кумаки ӯ эҳтиёҷ доранд. Ҳоло бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ронандагӣ дар дигар соҳа кор меҷӯяд.
Анвар Саломов, таксирони дигари тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро дорад, мегӯяд, бо дахолати як миёнарави рус ҳуҷҷат гирифта буд, вале моҳи гузашта зимни як тафтиши сарироҳӣ ӯро қалбакӣ донистанд. “Якбора дар мушкил афтодем. Мушкиламон ҳал нашудааст. Бачаҳои дигар тарсиданд, ки мисли мо ҳуҷҷат бигиранд. Мо, яъне онҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро чунин фиреб карданд. Ҳоло, Худо медонад, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ кор мекунанд”, - гуфт ӯ.
“Гуфтанд, ки ба муҳоҷирони ҳуҷҷат намедиҳем”
Таксиронҳои тоҷике, ки ҳоло корашонро дар Русия аз даст доданд, аз 8 то 12 сол собиқаи корӣ доранд. Иззатулло Шарипов, таксирони 45-солаи тоҷик, мегӯяд, тариқи патент кор мекард ва то 50 ҳазор рубл маош мегирифт. Ӯ гуфт, “мо дар як ҷо нанишастем ва аз вақте қонун баромад, ба сад идорааш муроҷиат кардем. Гуфтанд, ки ҳоло мо ба муҳоҷирон ҳуҷҷати ронандагӣ дода наметавонем. Гуфтем, ки мо ба ҳама чиз омодаем. Имтиҳон месупорем, чун 12 сол аст, кор мекунем ва қоидаи роҳро хуб медонем. Лекин гуфтанд, ки намедиҳем.”
Бархе дигар аз таксиронҳои тоҷик мегӯянд, бинобар гарон будани нархи шаҳодатнома аз гирифтани он даст кашиданд. Бо далелҳои гуногун, аз 40 таксирони тоҷики ширкати “АлянсАвто”-и вилояти Маскав ҳеҷ нафар барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагии русӣ муваффақ нашуданд.
Тибқи омори созмонҳои ҷамъиятии кор бо муҳоҷирон шумораи таксиронҳои тоҷик беш аз се ҳазор нафар аст
“АлянсАвто”: Мутаассифем, ки ронандаҳои тоҷикро аз даст медиҳем
Виталий Власенко, раҳбари ширкати “АлянсАвто”, рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ронандаҳои тоҷик, ки то 15-уми июл кор мекарданд, тавсиф кард ва гуфт, хеле мутаассиф аст, ки онҳоро аз даст дод. Ӯ гуфт, ҳоло 40 мошине, ки тоҷикон ронандагӣ мекарданд, бекор хобидааст. Ӯ гуфт, “мо ҳам кӯшиш кардем, ки онҳо ҳуҷҷати ронандагӣ бигиранд. Ҳуҷҷати ронандагӣ бисёр гарон аст, аз 25 то 90 ҳазор рубл нарх дорад. Бисёр қимат аст ва худи русҳо баъзан, харида наметавонанд. Ҳоло ҳам умедворам, ки ронандаҳои тоҷик ҳуҷҷати русӣ мегиранд. Ҳама вақт омодаем, ки онҳоро ба кор қабул кунем”.
Бар асоси қонуни Русия “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ” ҳар ширкате, ки дар он шаҳрванди хориҷӣ бидуни ҳуҷҷати ронандагии русӣ кор мекунад, 50 ҳазор рубл ҷарима мешавад. Аз ин рӯ, Виталий Власенко гуфт, бар асоси ин қонун наметавонист ронандаҳои тоҷикро кор бифармояд.
Ронандаи таксӣ – кори баобрӯ барои муҳоҷири тоҷик?
Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар сохтмонҳо кор мекунанд ва ронандагӣ барои муҳоҷири тоҷик як андоза кори баландтар ва баобрӯтар ба ҳисоб меравад. Хуршед Валиев, муҳоҷири таксирони собиқадори тоҷик мегӯяд, то соли 2000-ум шумораи таксиронҳои тоҷик хеле кам буд. “Шаҳрвандони кишвари мо дар инҷо бештар корҳои сохтмон, роҳрӯбӣ ва корҳои дигареро анҷом медиҳанд, ки русҳо худашон намекунанд. Шаҳрвандони мо бо азоб инҷо ронанда мешаванд. Ронандаи таксӣ будан нисбат ба сохтмончӣ вазифаи баландтар аст. Нозирони роҳ ҳам зиёд ғам медиҳанд, лекин ба ҳар ҳол кораш нисбат ба сохтмон осон аст”, - шарҳ дод ӯ.
Омори расмие вуҷуд надорад, ки дар Русия чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ронандаи таксӣ ҳастанд. Вале аз рӯи арзёбиҳои созмонҳои ҷамъиятии кор бо муҳоҷирон шумори таксиронҳои тоҷик беш аз се ҳазор нафар аст, ки то охири моҳи июл сарнавишташон ҳал мешавад. То охири моҳи июл ҳаққи ронандагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳодатномаи ронандагии тоҷикӣ комилан мамнӯъ мешавад.