Сабабҳои худкушии наврасон дар Тоҷикистонро маълум карданд

Акс аз бойгонӣ.

Як писарбачаи 13-соларо дар Панҷакент дар охирин лаҳзаи пеш аз марг бародараш аз банди дор наҷот дод. Наврас дар рӯзи равшан дар оғилхона хост, худкушӣ кунад.

Дар сӯҳбат бо равоншиносон баъд аз ин ҳодиса ӯ гуфтааст, ки намедонад, ба ӯ чӣ ҳолате рух дод, фақат, ба гуфтааш ёд дорад, ки дар гӯшаш «як садое пайваста таҳрик медод, ки ту бояд ин корро кунӣ”.

Сӯҳбати равоншиносон бо модари ин кӯдак, ки дар доираи як пажӯҳиш дар масъалаи худкушии кӯдакон анҷом шуд, муайян кардааст, ки ӯ аслан бо писараш ҳамсӯҳбат намешуд, ба зиндагии наврас таваҷҷӯҳ надошт ва аз дунёи ӯ бехабар буд.

Аксаран вақти худро писарбача баъд аз дарс бо нигоҳубини чорво мегузаронидааст. Аз модар пурсида шуд, ки “оё бори охир кай писарашро ба оғӯш гирифта буд?” Модар ба ин суол посух дода натавонист. Зимни сӯҳбат оид ба навозишу дӯстдории кӯдак, «наздикони писар эҳсоси ноҳинҷорӣ карда, гуфтаанд дар маҳалли онҳо ин одат нест».

Пажӯҳишро ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал анҷом додааст.

Пажӯҳиши тозае бо номи «Таҳқиқи ҳолатҳои равонии атфоли моил ба худкушӣ», ки соли 2017 аз ҷониби Бунёди атфоли СММ анҷом шудааст, муайян кардааст, як сабаби аслии қасди ҷони худ кардани наврасону ҷавонон ба бетаваҷҷӯҳии волидон, бехабар будан аз ҳолу дунёи онҳо ва дур будан аз навозишу меҳрубонӣ мебошад.

Кӯдаконро бо мушкилоташон танҳо мегузоранд

Масъулин мегӯянд, ки ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани кӯдакону наврасон нигаронкунанда мешавад ва танҳо соли 2017 дар Тоҷикистон 83 кӯдак қасди ҷони худ кардааст.

47 ҳодиса аз ин миён, ба қавли омбудсмени кӯдак, нокушода монда, дар 12 ҳолат кӯдакон ба сабаби фазои номуносиби оилавӣ даст ба ин кор задаанд. Пажӯҳишгарони СММ дар амри таҳқиқи решаҳои ин фоҷеа дар миёни кӯдакони тоҷик назари 60 наврас ва аъзои 9 хонаводаро пурсидаанд.

Аксари волидони пурсидашуда эътироф кардаанд, ки бо фарзандонашон равобити самимӣ надоштанд ва аз эҳсосу мушкилоти онҳо бехабар буданд. Сӯҳбати онҳо бо кӯдакон танҳо дар масоили мактабу дарс маҳдуд мешудааст.

Наздикони писар эҳсоси ноҳинҷорӣ карда, гуфтаанд дар маҳалли онҳо ин одат нест

Гулнора Гулмирзоева, мушовири Бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон оид ба масоили сиҳатии руҳии кӯдакону наврасон рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои ахир бо фикри кору рӯзғор волидон аксаран аз фарзандони худ дур мешаванд.

“Аксари волидон махсусиятҳои равонии кӯдакон, талаботи онҳоро вобаста ба синну сол намедонанд. Намедонанд, ки аз сари онҳо чӣ мегузарад. Волидон маъмулан серкоранд, агар ягон дақиқа вақт ёбанд, телефон ба даст мегиранд. Ҳамин тавр кӯдакон дар рӯ ба рӯйи мушкилоти худ танҳо мемонанд, намедонанд ба кӣ муроҷиат кунанд, волидон ҳам вақт надоранд, намефаҳманд. Худи наврас намедонад бо мушкил чӣ гуна мубориза барад. Эҳсосашон боло мегирад ва ба ҳолати афсурдагӣ гирифтор мешаваду ин ҳама метавонад, ба худкушӣ таҳрик диҳад” - мегӯяд, ӯ.

Дар ҷойи мо ба оғӯш гирифтани фарзанд "одат нест"

Равоншинос мегӯяд, сӯҳбати онҳо бо волидони тоҷик муайян кардааст, ки аксарият бо бузург шудани фарзандон аз онҳо фосила мегиранд, муносибат бо кӯдакон дар сатҳи фармонфармоӣ ба роҳ монда мешавад, муносибати самимиву дӯстона вуҷуд надорад ва волидон фикр мекунанд, ки навозишу меҳрубонӣ, самимияту ошноӣ бо кӯдакашон танҳо бояд бо синни хурдсолӣ маҳдуд шавад.

Ба таъкиди Гулнора Гулмирзоева, вазифаи волидон танҳо аз назорати таҳсилу рафтори фарзанд иборат нест. Хоҳиш ва садои дили кӯдакон ҳам бояд шунида ва ба назар гирифта шавад.

Волидонаш намедонанд, чаро Умедаи 14-сола аз Рашт худро кушт.

“Волидон ба суолҳои мо ҳайрон мешуданд. Вақте мо пурсидем, ки кай бори охир бо фарзандони худ сӯҳбат кардед ва талабу хоҳиши ӯро пурсида будед?, мегуфтанд, ки магар ин даркор аст? Онҳо чизҳои оддиро намедонанд. Кӯдак чӣ эҳсос мекунад, чӣ мехоҳад - ин хел фаҳмиш нест дар падару модарҳо. Ҳоло кӯдакон осебпазиранд ва волидон бояд аз эҳсоси онҳо ҳамеша огоҳ бошанд” – мегӯяд, ӯ.

Аксар наврасоне ҳам, ки дар назарпурсии ЮНИСЕФ ширкат кардаанд, ба суоли “Чаро ҳамсолонашон қасди худкушӣ мекунанд?”, гуфтаанд, “Волидон онҳоро дарк намекунанд” ва “Аз ҷониби касе дастгирӣ намешаванд.

Сӣ дар сади ин наврасон ҳам иқрор шудаанд, ки маъмулан аз мушкили ба сари худ омада ва ҳолати руҳии худ ба касе намегӯянд. Ин ҳам, ба гуфтаи равоншиносон, метавонад наврасро ба худкушӣ таҳрик диҳад.

Бино бар натиҷаҳои пажӯҳиш, мушкилоти иҷтимоӣ, дастрасии маҳдуд ба таҳсил, издивоҷи бармаҳалу бекорӣ миёни духтарон аз омилҳои аслии дигари аз зиндагӣ дасту дил шустани наврасону ҷавонон гуфта мешавад.

Бехабарӣ аз ҷаҳону зиндагии кӯдак

Дар моҳи апрел ду наврас, Умеда Эшонқулова ва Тангем Баракаеваи 14-сола дар Рашту Ҳисор худкушӣ карданд. Дар ҳарду ҳодиса ҳам волидон гуфтанд, намедонанд, чаро фарзандонашон ба ин роҳ рафтанд.

Ҷасади Тангем Баракаеваро инҷо ёфтанд.

Дилбаршоҳ Эшонов, падари Умеда дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “дар рафтори ӯ қабл аз худкушӣ ва худи ҳамон рӯз ягон тағйирот мушоҳида накардем. Субҳ хушҳол ба назар мерасид ва чун ҳамеша аз мактаб бо баҳои аъло баргашта, ҳамроҳи модараш ба кори хона машғул шуд.”

Муаллифони пажуҳиш ахир бар ин боваранд, ки агар волидон аз дили кӯдакони худ огоҳ мебуданд, нишонаҳои худкуширо дар фарзандонашон мушоҳида карда, метавонистанд, онҳоро аз марг наҷот диҳанд.

Танҳо 3 падару модари пурсидашуда гуфтаанд, ки дар рафтори фарзанд тағйиротро мушоҳида карданд, аз ҷумла афсурдаҳолӣ ва одамгурезӣ аз нишонаҳои мавриди нигаронии онҳо буд. Ин волидон гуфтанд, ки чунин хислатҳои фарзанди наврасро хоси синну сол ва ҳолати хоси равонии ноболиғ пиндошта, ҷиддӣ нагирифтанд.

Надонистани шеваи муошират бо фарзанд

Як гурӯҳи дигари волидон иқрор қардаанд, ки шеваи дурусти муошират бо фарзандро намедонанд. Муниса, як модари ҷавон, ки 3 фарзанд дорад, мегӯяд, писари 10-солааш баъзан вақте хостаҳояш иҷро намешавад, таҳдид ба худкушӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, аз ин хеле меҳаросад, вале намедонад бо чӣ роҳе ин фикрро аз сари ӯ дур кунад.

“Албатта, ба равоншинос муроҷиат кардам, суҳбат ҳам кард бо ӯ, вале боз ҳам метарсам. Намедонам шояд ман чизеро дарк намекунад, шояд наметавонам фарзандамро хуб дарк кунам. Вале ҳоло баъди шунидани таҳдиди худкушӣ ва руҳафтодагии писарам талош дорам, куллан муносибатро дигар кунам ва таваҷҷӯҳро ба ӯ бештар кунам” - гуфт Мунисба ба Радиои Озодӣ.

Пажӯҳишгарон мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз ин ҳодисаҳо дарсҳои равоншиносӣ бо кӯдакон дар мактабҳо бояд тақвият дода шавад ва на танҳо волидон, балки педагогҳо ва равоншиносони касбӣ ҳам дар амри кор бо ноболиғон ҷалб шаванд.