Озмуни “Miss International BSU – 2016” бо пирӯзии донишҷӯи соли дуюми риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Беларус Ёсаминбону Мӯсоева анҷом ёфт. Даври ниҳоии ин озмуни зеботарин донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Беларус шоми 17 март дар шаҳри Минск дар толори Донишкадаи журналистикаи ин донишгоҳ доир шуд.
Жанна Савел, раҳбари раёсати кор бо донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи давлатии Беларус рӯзи 18 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ дар озмуни “Miss International BSU – 2016” 20 нафар вориди рақобат шуданд ва аз миёни 8 нафаре, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ҳайъати ҳакамон якдилона Ёсаминбонуро бонуи зеботарини донишгоҳ интихоб карданд.
Жанна Савел гуфт: “Ҳадафи озмун ба шароити зиндагиву таҳсил дар Беларус мутобиқ кардани донишҷӯёнест, ки аз кишварҳои мухталиф ба пойтахти Беларус омадаанд. Ин озмун солдармиён ва имсол барои бори панҷум доир мешавад. Зебоии зоҳирии довталаб танҳо як шарти ин озмун аст. Онҳоро аз лиҳози маълумоташон дар бораи фарҳангу таърихи кишвари мизбон ва ҳунарҳои доштаашон, аз ҷумла дар пухтупаз ва рақсу тарона ҳам имтиҳон мекунанд. Ёсаминбону бо онки духтари хеле зебост, бо як рақси хуби тоҷикӣ ҳамаро тасхир кард.”
Ташкилдиҳандагон ба Ёсаминбону барои пирӯзиаш дар озмун роҳхат ба осоишгоҳи машҳури Беловежская пушаро тақдим кардаанд. Ёсаминбону Мӯсоева 14 июли соли 1996 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар канори пойтахти Тоҷикистон ба дунё омада, инак соли дувум аст, дар пойтахти Беларус таҳсил мекунад.
Ёсаминбону Мӯсоева рӯзи 18 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз ҳама аз ҳидояту роҳнамоиҳои модари омӯзгораш сипосгузор аст.
Ӯ мегӯяд: “Модарам ҳамеша нофаҳмонда, маро ба таҳсилу омӯзиш ва фаро гирифтани ҳунарҳои мухталиф ташвиқ мекард. Ман аз чорсолагӣ ба омӯхтани рақс сар кардам, аз синфи панҷ – ба сурудхонӣ. Шеърҳову мақолаҳоям, ҳанӯз дар синфи як мехондам, ки дар нашрияҳои кӯдакона, ба мисли “Гул-гул” нашр мешуд. Ҳам мактаб мерафтам, ҳам дарси рақс, ҳам суруд, ҳам пеши репетитори фанни алгебра, ҳам олимпиадаҳо аз фанни ҳуқуқ, ҳам курсҳои забони англисӣ, ҳам давраҳои омӯзиши пазандагиву дӯзандагӣ. Ягон соат вақти холӣ набуд дар ҷадвали зиндагиам. Ва билохира бо стипендияи президентии “Дурахшандагон” ба риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Беларус дохил шудам.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ёсаминбону Мӯсоева мегӯяд, аз хурдӣ орзуи ду касбро дошт: кайҳоннавард ё ҳуқуқшинос шудан ва дар ниҳоят ба орзуи дуюмаш расид. Ёсаминбону афзуд, бори аввал дар озмуни зебоӣ ширкат мекунад, вале ибтидо мутмаин набуд, ки тоҷи пирӯзиро ба сари ӯ хоҳанд гузошт: “Ман аз ин пеш дар соҳаҳои дигар, ба мисли рақс, суруд, фаъолияти муаллифӣ, дизайнерӣ ва аксбардорӣ дар озмунҳо ширкат кардаам, вале озмуни зебоӣ чизи нав буд барои ман. Ман ҳамин тур тахмину таваккал карда рафтам ва шукр, ки пирӯз шудам. Дар даври ниҳоӣ ман рақси миллии тоҷикиро иҷро кардам дар ҳавои таронаи “Мавригӣ”-и Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов, ки бо номи “Кабӯтар” ҳам маъруф аст.”
Ёсаминбонуро модараш, ки мудири мактаби рақами чоруми ноҳияи Рӯдакист, ба воя расондааст. Падари ӯ дар ҳамин ноҳия ронандаи оддӣ будааст. Ӯ мегӯяд, аз зумраи он “ҷавонони тилоӣ”-е нест, ки бо ёрии мақоми падар барои худ роҳ мекушоянд: “Ман “ҷавонони тилоӣ” онҳоеро намешуморам, ки зери сояи мансабу сарвати падару модар ё ягон бародару тағояшон каттагӣ мекунанд. Онҳо “ҷавонони тилоӣ нестанд ва дур ҳам намераванд. Ҷояш меояд, ки пешпо мехӯранд, зерои сояи падару модар доимӣ нест. “Ҷавони тилоӣ” онест, ки қалбаш бой аст, рӯҳаш бой аст. Ин мафҳуми моддӣ нест.”
Озмуни зебоии “Miss International BSU – 2016”, ба гуфтаи Жанна Савел, бо ибтикори раёсатҳои равобити байналмилалӣ, фарҳанг ва корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Беларус доир шудааст. Ҷои дувумро дар “Miss International BSU – 2016” донишҷӯи соли чоруми риштаи иртибототи иҷтимоиву фарҳангӣ Бибиҷамол Раҷабова аз Туркманистон ва ҷоизаи тамошобинонро донишҷӯи соли аввали риштаи журналистика Ҷессика Обанор аз кишвари африқоии Нигерия ба даст овардаанд.
Ҷаннат Қулиева аз Туркманистон зебодухтари аз ҳама хушсалиқа ва Анастасия Курдяйкина аз Қазоқистон духтари аз ҳама романтики Донишгоҳи давлатии Беларус баргузида шуданд.