«Истаравшан» аз Данғара бо як имтиёз баргашт, вале пешсаф монд

Tajik football club Istaravshan

Бозиҳои мавқуфгузоштаи давраи аввали мусобиқоти лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Дар ду бозӣ мизбонон ва дар ду бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд. Як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.

Пешсафи ҷадвали мусобиқот – “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан – дар меҳмонӣ бозиро бо “Сомон”-и Данғара бо ҳисоби 2:2 анҷом дод. Ин дувумин мусовии “Истаравшан” ба шумор меравад. Зимнан, “Истаравшан” ягона дастест, ки то ҳоло бохт надорад. Футболбозони Истаравшан, ки дар 13 бозӣ 35 имтиёз гирифтаанд, дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб намудаанд.

“Эсхата”-и Хуҷанд, ки дар майдони худ “Локомотив-Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, бо 33 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад.

“Душанбе-83”, ки бар дастаи меҳмон - «Сомон»-и Данғара - бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуд, дар ҷадвали мусобиқот бо 26 имтиёз мақоми севумро соҳиб шудааст.

“Локомотив-Помир”-и Душанбе дар ду бозии мавқуфгузошта дар меҳмонӣ бар тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ва бар “Шоҳин”-и Муъминобод бо ҳисоби 4:1 пирӯз гашт.

Бозиҳои даври 14-уми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 9-10-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Натиҷаҳои бозиҳои мавқуфгузошта

Бозиҳои даври 10-ум

«Душанбе-83» – «Сомон» – 2:1

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 33 (1:0). Элчибек Рашидбеков, 66 (2:0). Анушервони Қобилҷон, 76 (2:1).

«Парвоз» «Локомотив-Помир» – 0:2

Голҳо: Рустам Соиров, 46 (0:1). Шарифбек Раҳматов, 82 (0:2).

Бозиҳои давр 11-ум

«Сомон» – «Истаравшан» – 2:2

Голҳо: Хуршед Халилов, 13 – аз пеналтӣ (1:0). Шарифҷон Ҷамолов, 24 (1:1). Бахтовар Наҷмиддинов, 25 (2:1). Абдуқаҳҳор Қодиров, 68 (2:2).

«Шоҳин» – «Локомотив-Помир» – 1:4

Голҳо: Муҳсин Мадуллоев, 31 (1:0). Шарифбек Раҳматов, 41 (1:1). Рустам Соиров, 45 (1:2). Рустам Соиров, 66 (1:3). Ҷонибек Шарипов, 87 (1:4).

Бозии даври 13-ум

«Эсхата» – «Локомотив-Помир» – 2:1

Голҳо: Ҷӯрабой Исоев, 22 (1:0). Рустам Сабуров, 40 (2:0). Эмомалӣ Аҳмадхон, 49 (2:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истаравшан» (Истаравшан)

13

11

2

0

31-9

35

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

13

11

0

2

31-18

33

3

«Душанбе-83» (Душанбе)

13

8

2

3

26-14

26

4

«Саройкамар» (Панҷ)

13

8

1

4

26-13

25

5

«Исфара» (Исфара)

13

7

1

5

24-14

22

6

«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)

13

7

0

6

21-14

21

7

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

13

6

2

5

23-16

20

8

«Равшан» (Кӯлоб)

13

6

2

5

18-20

20

9

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун)

13

5

1

7

20-28

16

10

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

12

4

2

6

24-19

14

11

«Сомон» (Данғара)

13

3

2

8

21-31

11

12

«Шоҳин» (Муъминобод)

13

3

2

8

18-30

11

13

«Зарафшон» (Панҷакент)

13

1

1

11

14-39

4

14

«Ҳулбук» (Восеъ)

12

1

0

11

4-36

3

Нишонзанҳои беҳтарин: Илҳом Баротов («Истаравшан»), Соҳибҷон Ваҳҳобов («Саройкамар») – 12-тӯбӣ.

Даври 14-ум

9 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Зарафшон» – «Ваҳдат»

«Дӯстӣ» – «Ҳулбук»

«Равшан» – «Парвоз»

«Истаравшан» – «Душанбе-83»

10 август (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Саройкамар» – «Шоҳин»

«Исфара» – «Сомон»

«Локомотив-Помир» – «Эсхата»