Ашки шодии Беҳрӯз пас аз қаҳрамонӣ. ВИДЕО

Беҳрӯзи 22-сола баъди боло бурдани дасташ мисли кӯдак гиря кард ва кӯдаке, ки ӯро касе сахт задааст. Аммо Беҳрӯзро касе назада буд, баръакс ӯ рақиби тануманду аз худаш баланд ва вазнинтарро зад дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии самбо дар ҷаҳон.

Дар сабти видеоии рақобати Беҳрӯз Хоҷазода бо Степан Попов, ки рӯзи 11-уми ноябр сурат гирифт, дида мешавад, ки чӣ гуна Беҳрӯз баъд аз эълони пирӯзии ӯ аз тарафи довар, рақибашро оғӯш гирифт ва сипас бо садои баланд гиряро сар дод. Беҳрӯз далел барои гиряи хурсандӣ дошт, зеро кореро, ки 42 сол боз ҳеҷ яке аз гуштигирони самбо дар Тоҷикистон натавонистанд кунанд.

Ӯ баъд аз чаҳор даҳсола қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо шуд, унвоне, ки то кунун Саидмӯъмин Раҳимов, яке аз паҳлавонони тоҷик бо он фахр мекард. Беҳрӯз гуфт, “гиря худаш омад” ва ӯ дигар пеши роҳашро гирифта натавонист.

Беҳрӯз рӯзи 12-уми ноябр дар сӯҳбати кӯтоҳе аз тариқи Вайбер ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бовар дошт, рақибашро шикаст медиҳад, чун аз Тоҷикистон “барои бурдан омада буд”/ “Ман бо ҳамин мақсад ба мусобиқа омада будам”, – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Беҳрӯз, ки сокини ноҳияи Варзоб аст, аз синни 11 – солагӣ ба гуштӣ машғул аст ва асосан зери раҳбарии мураббиаш Садриддин Обидов тамрин мекунад. Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии варзиши Тоҷикистон таҳсилро идома медиҳад.

Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки баъди овехтани нишони тилло ба гарданаш чӣ эҳсосе дошт, гуфт: “Ман ин эҳсосро тасвир карда наметавонам, вале вақте парчами кишваратро баланд мебардоранд, эҳсос фақат ифтихор аст.”

Беҳрӯз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мусобиқоти зиёди дигаре дар пеш дорад ва умедвор аст, ки мухлисонаш дар Тоҷикистонро ноумед намекунад. Беҳрӯз рӯзи шанбе бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар паҳлавони Беларус Степан Попов пирӯз омад ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ шуд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқот – 11-уми ноябр – чаҳор паҳлавони тоҷик рақобат карданд. Ба ҷуз Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмалиддин Каримов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 57 кило мақоми дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари русиягӣ Саян Хертек мағлуб шуд. Инчунин дирӯз ду нафари дигар дар риштаи самбои размӣ қувваозмоӣ карданд. Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Вале Бахтовар Замиров дар вазни зери 82 кило бе медал монд.