"Бачаҳои тоҷик"-и шабакаи Ал-Қоида

Иқбол валади Ҷаъфар

Дар ин авохир дар заминаи боздоштҳои пайдарпайи ҷангиён сӯҳбат ҳарчӣ бештар дар бораи ҷангиёни тоҷикистоние меравад, ки ба шабакаи террористии Ал-Қоида пайвастаанд.

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз сӯи мақомоти Афғонистон, узви Ал–Қоида эълон шуд ва эътирофоти ӯ дар ҷараёни бозрасӣ дигарбора ҳарфи дар марзҳои ду кишвар таҷаммӯъ кардани гурӯҳҳои тундравро ба миён овард. Иқбол валади Ҷаъфар, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ду ҳамтои афғонашро дар вулусволии Алиободи вилояти Қундузи Афғонистон дар ҳоле боздошт карданд, ки зери бурқа паноҳ бурда, мехост ба Кобул ва аз он ҷо ба Покистон равад.

Ғулом Мустафохон Муҳсинӣ, раиси пулиси вилояти Қундузи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Иқбол либоси занона ва ҳатто шиносномаи афғонӣ дар бар дошт ва ҳамчун зодаи Бадахшони Афғонистон ба Тоҷикистону Покистон ҳам рафта меомад: Худаш эътироф кард, ки ба Вазиристон рафта будам, таассуроташро ҳикоят кард ва гуфт, ки курсҳои тахрибкоронаро дар Вазиристон омӯхтам. Баъд маро ба Афғонистон овардаанд ва дар ин ҷо дар фаъолиятҳои тахрибкорона ҳам иштирок доштам. Ин эътирофоти худаш аст.”

Ғулом Мустафохон Муҳсинӣ

Раиси пулиси вилояти Қундуз мегӯяд, аз дигар манобеъ иттилоъ гирифтаанд, ки Иқбол номи ҷаълӣ аст ва дар асл ӯ Абдураҳмон, бо тахаллуси Ҷафъар буда, воқеан зодаи ноҳияи Рӯдакӣ аст. Аммо мавсуф ба сиҳат доштани ин иттилоъ ҳам машкук аст.

Вулусволиҳои Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиби вилояти Қундуз аз қабл минтақаҳои фаъолияти муассири афроди Ал – Қоида, Толибон ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ба шумор меоянд, ки Иқбол низ ду моҳ пеш он ҷо омада, дар як амалиёт аз пояш тир хӯрдааст.

Аммо дар эътирофоти ӯ ва дарёфтҳои мақомоти амниятии Қундузи Афғонистон ин нукта хеле ҷолиб аст, ки дар қаламрави ин вилоят дар маҷмуъ 25 то 30 ҷангии тоҷик дар қатори шаҳрвандони Покистон, Чеченистон ва Ӯзбакистон дар сафҳои Ал – Қоида, Толибон ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон меҷанганд. Яке бо номи “Мустафо тоҷик” маъруф аст, ки мегӯянд, вай инженер ё муҳандис буда, мина ҷойкорӣ мекунад ва ҳам фармондеҳи гурӯҳи тоҷикон аст. Бино ба ин манобеъ, гурӯҳи тоҷикон асосан дар минтақаи Ғӯртеппа амал мекунад.

Иқбол ва дар гузашта дигар боздоштшудагон дар эътирофоти худ гуфтаанд, ки аз Ал - Қоида дастури вусъат додани фаъолиятҳои худ ба ин тарафи Ому - Ӯзбакистону Тоҷикистонро ҳам гирифтаанд.

Иброҳим Аҳмадӣ, коршиноси афғон дар сӯҳбат бо "Озодӣ" ба ин нукта таъкид кард, ки кишварҳои минтақа набояд Афғонистонро барои худ хатар шуморанд, балки агар ба умқи қазия нигаранд, мебинанд, ки Афғонистон сипар аст, на хатар: “Онҳо мегӯянд, ки мо мехостем Тоҷикистон равем, вале наметавонем. Мушкил дар он пойгоҳҳоест, ки инҳо омода мешаванд, яъне дар хориҷи Афғонистон. Онҳо барои бадному ноамн кардани Афғонистону Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна меоянд.” Ишораи ин коршиноси афғон бештар ба сӯи Покистон аст.

Даст доштани Покистон дар ноамниҳои Афғонистон ва ҳам кӯшишҳояш барои дастрасӣ ба манобеъи табиии Осиёи Марказӣ пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлол гирифтани кишварҳои минтақа ҳадафи умдаи Исломобод арзёбӣ мешуду мешавад. Покистон ҳанӯз соли 1990 ин умедвориро дошт, ки аз нерӯгоҳи Роғун барқ ва ҳам тариқи лӯлаи гази Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳиндустон (ТАПИ) нафту газ мегирад. Ин тарҳҳо тайи 24 соли ахир ниҳоӣ нашуданд ва ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ ҳастанд.

Коршиносони дигар мегӯянд, Покистон бо он вуҷуд, ки аз Толибону ҷангиёни исломии Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мекунад, аз роҳи ноамниҳо ба аҳдофи стратегиаш дастрасӣ пайдо карданӣ нест. Аз нигоҳи онҳо, гурӯҳҳои террористиро Покистон маҳз барои ҳамеша таҳти фишор доштани Афғонистон ба хотири қазияи “Хатти Дюран” дар сиёсатҳои афғониаш истифода мекунад.

Аммо Қосимшоҳ Искандаров, афғонистоншиноси тоҷик, мегӯяд, дар шароити кунунӣ қудратҳои дастбакор барои ҷангиёни Осиёи Марказӣ ва умуман олами ислом рисолати дигареро эҷод кардаанд ва он ҳам ҳамоҳанг кардани фаъолиятҳои онҳо бо “Давлати исломӣ”.

Қосимшоҳ Искандаров

Оқои Искандаров афзуд: “Куҷое ҳадафҳои инҳоро қабул надоранд, он ҷо меҷанганд. Имрӯз ҳам дар Покистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки байрақи “Давлати исломӣ”-ро баланд кардаанд. Чанд қумондони гурӯҳҳои исломӣ дар Афғонистон бо “Давлати исломӣ” байъат карданд. Ин, ки мегӯянд, ҳадафашон Осиёи Миёна аст, як ҳарфи хушк нест, зеро ин ҷо ҳама кишварҳои исломӣ ва мардуми мусалмон ҳастанд ва табиист, ки мехоҳанд хилофаташонро ба ин паҳно ҳам васеъ кунанд. Ин, албатта, барои давлатмардони Осиёи Марказӣ боиси ташвиш ҳаст.”

Коршиносон бо ишора ба ин, ки таҷаммуъи гурӯҳҳои террористӣ дар Қундуз ва Бадахшон, вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистони Афғонистон, мушоҳида мешавад, мегӯянд, қудратҳо ноамниҳоро софу содда ва ба хотири кадом як ақида роҳандозӣ намекунанд, балки ҳадаф хеле дарозмуддат аст. Ва инчунин далел меоранд, ки худ дар ин манотиқ аз солҳои 90-ум “лона” ҷустани гурӯҳҳои террористӣ ва то ин муддат сармоягузорӣ шудани онҳо мисли бузург кардани ниҳолест, ки бояд ягон рӯз “бор” оварад.