"Искандар Ҳошимӣ маҷбур аст, барои як бурда нон худро Александр Хашимов кунад"ВИДЕО

Имрӯз дар бораи ному насаб гап мезанем, ки дар солҳои ахир бахусус барои муҳоҷирон мушкилоти зиёде офаридааст. Дар бораи тағйири номҳо ва истифодаи пасвандҳои зода ва даст кашидан аз пасвандҳои ову ев.

Як ҷавони тоҷик дар Шветсия аз додгоҳ хостааст, ки ба ӯ иҷоза диҳад, пасванди "ов"-ро аз насабаш бардорад. Муртазо Назаров, донишманди ҷавон гуфтааст, ки пасванди "ов"-ро дар насаби ӯ дар аҳди Шӯравии пешин гузошта буданд ва ӯ мехоҳад, насабашро тоҷикӣ кунад.

Аммо ҳоло ин тамоюл идома дорад, ки баъзе аз муҳоҷирон барои гирифтани ҳаққи иқомат ва шаҳрвандии Русия аз пасвандҳои тоҷикии "зода" ва ё "пур" даст мекашанд. Ҳоло баҳс дар вебсайт ва саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм идома дорад, ки оё кори Муртазо Назаров дуруст аст, ё кори муҳоҷирони талабгори шаҳрвандии Русия.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Россия равад, азоб кашида кор кунад"

Баъзеҳо мегӯянд, кори дуруст аст, қисмати дигар гуфтаанд, пасванди русиро набояд аз насаб бардоред. Аз шарҳи корбаре оғоз мекунем, ки худро Анас муаррифӣ карда ва дар вебсайти мо чунин навиштааст:

"Ман бо доштани насаби хоси фарҳангии форсу тоҷик мувофиқам! Агар ба насли пешин нигарем, ягон бузургони мо насаби ба монанди "ев"-"ов" надоштанд! Ҳоло бошад, ба ҷойи оне, ки насаби пешини худро ба расмият дохил кунем, баръакс боз иловаҳои нав ворид шудааст! Ҳоло мушоҳида мекунем, ки ба фарзанд насаби бобояшро гузоштаанд."

Гуруҳи дигаре гуфтаанд, ки ному насабашон бо пасвандҳои тоҷикист ва дар ҳеч ҷой на ба мушкилӣ дучор шудаанд ва на касе ба онҳо эрод гирифтааст, ки чаро номи шумо "ов" ё "ев" надорад. Шарҳи дигареро аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем, ки аз номи корбари беноме расидааст:

"Насаби ман ҳам бо "зода" ба охир мерасад. Бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ному насаби тоҷикӣ дошта бошад, чунки ин як муқаддасоти миллиамон ба ҳисоб меравад. То кай мо бояд аз "ов"-у "овна"-ҳо истифода кунем. Сониян ин барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳеч монеае намегузорад. Ман ҳам дар муҳоҷират ҳастам ва ному насабам ягон монеа пеш наовардааст."

Корбарони дигар гуфтаанд, даст кашидан аз пасвандҳои русӣ барои тоҷикон дарди сар меофарад, чунки ҳоло мардуми зиёде зиндагии худро аз ҳисоби кор дар Русия пеш мебаранд. Ба қавли як корбар, ки номашро нагуфтааст, тоҷикӣ кардани ному насаб баръакс на ба манфиати волидон аст, на ба манфиати фарзандонашон.

Шарҳ чунин аст: “Ба монанди Украина аз тамоми чизе, ки моро бо Русия мепайвандад, даст мекашем. Ҳангоме ки зиндагии мо аз Русия ва аз кор дар Русия вобаста аст. Бо ин кор, мо худро як навъ бо дастони худ зинда ба гӯр мекунем, чун роҳи дигаре барои ба даст овардани пул ва зиндагӣ надорем.”

Яке дигар гуфтааст, мояи таассуф ва бисёр ҳузнангез аст, ки гуруҳе аз мардум бо назардошти муҳоҷирати корӣ ба Русия барои фарзанди навзод ном меҷӯянд. Ин корбар, ки дар Инстаграм барои худ номи Арсенал -10-ро интихоб кардааст, чунин шарҳеро дар саҳифаи мо дар ин шабакаи иҷтимоӣ гузоштааст:

"Кӯдаки бечора нав таваллуд шудааст. Инҳо ҳоло бо фикри муҳоҷирати корӣ ба ӯ номе мемонанд, ки Россия равад, азоб кашида кор кунад. Охир шумо чӣ гуна одамед? Агар шумо ҳамон кӯдакро нағз тарбия ва соҳиби дониш кунед, номи ӯ барои корёбӣ ва кор ҳеч нақше намебозад, ки "зода" аст ва ё "ов."

Як корбари дигар ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардааст, ки чанд сол пеш амр дод, то номҳо асосан бо пасвандҳои тоҷикӣ, бахусус “зода” бошанд, на бо пасояндҳои русӣ ба мисли “ову ев”. Ӯ гуфтааст, агар вазъи иқтисодӣ хуб бошад ва мардум зиндагии хуб дошта бошанд, худашон ба арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ рӯ меоранд.

Ин корбар, ки худро Бекор номидааст, чунин менависад: "Аввалан, ҳукумату давлатро ба ному насаби одамҳо чӣ кор? Сониян, ҳой мардум, сатҳи зиндагии худро баланд бардоред! Ҳой ҳукуматдорон сатҳи некӯаҳволии мардумро баланд бардоред, ин гуна мушкилиҳо худ аз худ ҳал мешаванд. Шумо коре кунед, ки Александр Петрович ба Тоҷикистон омада, худашро Искандар Пётрзода кунад. Бадбахтона натиҷаи давлатдории шумо ҳамин аст, ки Искандар Ҳошимӣ маҷбур аст, барои як бурда нон худро Александр Хашимов кунад."

Шумо чӣ мегӯед, ба ин андеша мувофиқ ҳастед, ё не? Дар вебсайти Радиои Озодӣ нависед ва ё дар телефон садову видеоятонро сабт кунед ва ба ҳамин шумора : (+420) 607 900 808 бифристед. Вотсапу Телеграму Вайберу Имо дорад. Озодӣ Онлайн ба поён расид. То дидор дар барномаҳои дигар.