Ҷустуҷӯи муҳоҷирон дар бому таҳхонаҳои Русия, боздошти бесабаби онҳо, аз мусобиқа маҳрум кардани қаҳрамони олимпии Тоҷикистон ва рафтану нарафтан ба артиш видеову мавзуҳоест, ки дар мебинем ва дар бораашон гап мезанем.
Як муҳоҷири тоҷик видеоро аз як боздоштгоҳи ноҳияи Одинсово аз Маскав фиристод, ки нишон медиҳад, чанд нафар нимашабӣ дар дохили боздоштгоҳ ҳастанд ва мегуяд, рӯзи дароз чизе нахӯрдаанд. Муаллифи видео баъдан ба Радиои Озодӣ гуфт, хешовандони ин бачаҳо нигарон набошанд, чун ҳамаи онҳоро рӯзи 25-уми сентябр озод карда ва гуфтаанд, ки аз пайи корашон шаванд. Ҳамин бачаҳо видеои дигареро ҳам ба Радиои Озодӣ фиристоданд, ки нишон медиҳад, пулиси Русия муҳоҷиронро дар болои боми биноҳои баландошёнае тафтиш мекунад. Ин муҳоҷир мегӯяд, мо на дар осмон рӯз дорем, на дар замин.
Даъвати Комил Саидов, як сарбози собиқи тоҷик, ки дар саҳифаи Инстаграми Радиои Озодӣ шароити хидмат дар артишро таъриф кард, баҳси дарозу аҷиберо барангехт. Аксарият баъди дидани суҳбатҳои Комил гуфтаанд, ки ӯ афсона мехонад. Фаррух7991 гуфтааст, ки “як бародари мо хизмат рафт, 90 кило буд, баъди 6 моҳ рухсатӣ гирифта хона омад, бечора ҷавон 63-64 килограм буд. Ягон одам нашинохташ. Ин реп мехонад, одамонро фиреб дода. “
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як корбари дигар навиштааст, “барои бародарам, ки дар артиш буд, мурғ бурдам, аз гуруснагӣ мурғро бо устухонҳояш хӯрд.” Абдураҳмон дар Инстаграмм навиштааст, “99 дар сади сарбозони собиқро бипурсед, мегӯянд, 2 соли умрашон талаф шуд, аз ҷумла аз ман, ки дар маркази Душанбе хидмат кардам. Чунин хурок онҷо нест, вақти дарси ҷисмонӣ инҷо хурданӣ омадед, гуфта он қадар медавонанд, ногуфтанӣ. “ Kulob__7555 навиштааст, “бародарон артиш хонаи модари мо нест, ки хоб кунем. Мушкилиҳое ки мегуед ҳеҷ чизанд, фақат аз он дилгир мешавед, ки аз дохили қисми низомӣ берун намеоед. Ҳоло хизмат нисбат ба солҳои пеш 1000 маротиба хуб аст. “
Бадалов гуфтааст, “ман артиш нарафтаам ва намеравам.” Ба гуфтаи ӯ, агар фарзандони сарватмандон ва раисон ҳам ба артиш бираванд убол намешавад: ”Қонун барои ҳама як мегуянд, вале иҷро намекунанд. “ Аз гапи артиш мегузарем ва дар бораи Дилшод Назаров қаҳрамонии олимпии гурзандозӣ аз Тоҷикистон суҳбат мекунем, ки бо гумони истифода аз допинг аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум шуд. Баҳси зиёде дар ин бора дар Фейсбук идома дорад.
Аз ҷумла Ҷаннат Шерматова навиштааст, “Ин қадар сол гузашт нав шубҳа карданд? Дурӯғ аст ҳамааш, шояд касе намехоҳад, ки боз тоҷик қаҳрамон шавад. Худо хоҳад аз ин овозаҳо пок мебарояд.“ Суҳроби Акбаршо гуфтааст, “дар ҳар мусобиқае, ки Дилшод Назаров ширкат мекунад, назорати допинг вуҷуд дорад. Ва созмони зиддидопинги ВАДА яке аз созмонҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад ва ба ин хатогиҳо роҳ намедиҳад. “
Носир Бозоров, мураббии гуштии самбо ҳам дар бораи Дилшод Назаров дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст, “аз мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудан ё нашудани ӯро Федератсияи байналмилалии варзиши сабук ва Кумитаи байнмилалии олимпӣ муайян месозад.“
Шумо ҳам назару андешаҳои худро бигуед ва фиристодани видеову аксу хабарҳоятонро фаромуш накунед. Ба телефонҳое
+420 607 900 808;
+992 980 15 10 10,
+420 724 056 681;
+420 724 053 959.
Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ИМО дорем. То дидор дар барномаҳои дигар.