Интиқоди Кумитаи андози Тоҷикистон аз овозхонҳои тоҷик барои гӯё саркашӣ аз пардохти молиёт бо вокунишҳои тунди ҳунармандон рӯбарӯ шуд.
Ахиран Кумитаи андоз гуфт, беш аз 100 овозхон барои фаъолияти бидуни патент ва фирор аз пардохти молиёт айбдор мешаванд ва исми онҳо дар рӯйхати қарздорон нашр шуд. Аксари ҳунармандон,
Ҳеч вақт аз супоридани андоз саркашӣ намекунам. Лекин кори мо мавсимӣ аст. Вақте мавсим сар шуд ва мардум барои даъват ба маърака муроҷиат кунанд, ҳатман патент мегирам
ки аз пахши чунин изҳорот шадидан нороҳат шуданд, мегӯянд, бо набуди бозори шоу-бизнес ва даромади дақиқ набояд онҳо зери фишори шадиди молӣ қарор бигиранд. Таҳлилгарони масоили фарҳанг низ мегӯянд, дар кишвар барои овозхонон бояд нахуст шароите фароҳам оварда шавад, ки тавонанд барои маҳсули эҷодашон даромаде ба даст биоранд.
Наздикони Шабнам: “Ҳама вақт андозро месупорад”
Наздикони Шабнами Сурайё (Шабнами Қосимзода), овозхони маъруфи тоҷик, ки номаш дар рӯйхати қарздорони андоз зикр шудааст, рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҳунарманд ҳеч гоҳ аз пардохти андоз саркашӣ накардааст. Худи Шабнами Сурайё бо сабабҳои номаълум нахост дар ин бора суҳбат кунад. Аммо наздиконаш бо ирсоли нусхаи патент ва расид (квитансия)-ҳои пардохти андози ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин овозхон ҳама вақт талош мекунад андозашро супорад.
Ба қавли наздиконаш, Шабнами Сурайё бори охир 9-уми декабри соли 2013 патент гирифта то ҳол онро набастааст. “Шабнами Сурайё ҳама вақт талош мекунад, маблағи андозашро аз рӯи патент супорад. Ҳатто дар моҳҳое, ки ба ягон тӯй наравад ҳам, ӯ аз пардохти андоз саркашӣ намекунад,” - афзуд яке аз наздикони ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи андози Тоҷикистон дар баёнияи худ номи Шабнами Сурайёро дар қатори ҳунармандоне қарор додааст, ки аз андоз қарздор мебошанд. Ба қавли масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон, Шабнами Сурайё дар Нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст ва аз андоз 754,6 сомонӣ қарздор аст. Дар нусхаи расиде, ки наздикони Шабнами Сурайё ба Радиои Озодӣ ирсол кардаанд, омадааст, ин овозхон 12-уми январи соли равон 1520 сомонӣ андоз супурдааст.
Садриддин Наҷмиддин: “Вақте дар хориҷаам, чӣ гуна андоз супорам?”
Садриддини Наҷмиддин, овозхони дигари маъруф низ иддаои Кумитаи андоз дар бораи фирор аз молиётро рад кард. Садриддини Наҷмиддин, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ду соли ахир асосан дар хориҷи кишвар буд ва барои ҳар фаъолияташ дар дохили Тоҷикистон андозашро супурдааст.
“Шумо худатон мебинед, ки ду соли ахир ман дар Тоҷикистон нестам, ҳамааш дар берун, дар консертҳо ҳастам. Ман чӣ хел андоз месупорам? Маро то ҳол ягон дафъа ҷарима накардаанд ва ягон бор нашудааст, ки андозро насупорида бошам. Ман патентамро ба он хотир маҳкам кардам, ки дар Тоҷикистон нестам", - афзуд Садриддин Наҷмиддин.
Ин овозхони маъруфи тоҷик дар як паёми телефониаш аз хориҷа инчунин таъкид кард: “Ҳар дафъае, ки ба Тоҷикистон меравам ва як ё ду моҳ меистам, патентамро мегирам, барои чанд тӯю маъракае, ки мегузаронам, андоз месупорам.”
Интиқод аз Кумитаи андоз: “Ба номамон иснод меоранд”
Овозхонони тоҷик мегӯянд, аз амалкарди Кумитаи андоз норозӣ ҳастанд, ки бо каме таъхир дар пардохти молиёт ба номашон иснод оварда, онҳоро ҳамчун нақзкунандаи қонун эълон мекунад. Эркин Одинаев, овозхони тоҷик, ки дар рӯйхати Кумитаи андоз номаш зикр шудааст мегӯяд, ҳатто замони дар хориҷи кишвар будан, барои супурдани андоз маблағ мефиристад, аммо идораҳои андоз бо онҳо чунин муомиларо раво мебинанд.
Ин овозхони тоҷик дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ман дар дохили кишвар набудам ва дар хориҷ қарор доштам. Аз андоз ҳамагӣ 1090 сомонӣ қарздор шудем, аммо инро дарҳол эълон мекунанд. Қарзи ман беш аз 2 ҳазор сомонӣ буд, вақти дар Маскав будан пул фиристодам, ки қарзи андозро супоранд.”
“Ба мо ҳамчун соҳибкор муносибат накунед”
Дар умум овозхонони тоҷик мегӯянд, амалкарди Кумитаи андозро, ки бо онҳо ҳамчун соҳибкор муносибат мекунанд, қабул надоранд. Аксар овозхонҳое, ки дар ин мавзӯъ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, мегӯянд, онҳо даромади ҳамарӯза ва доимӣ надоранд ва танҳо бо фаро расидани мавсими тӯй метавонанд патенташонро фаъол кунанд.
Аз ҷумла, Суруш Холов, овозхони ҷавон мегӯяд, танҳо баъд аз гирифтани дархости мардум барои иштирок дар тӯйҳо метавонанд ба пардохти андоз шуруъ кунанд. Мақомоти андоз дар қатори дигар ҳунармандон Суруш Холовро бо он муттаҳам мекунанд, ки аз моҳи декабри соли гузашта патенташро қатъ карда, “эҳтимол бе қайд дар мақомоти андоз” фаъолият дорад.
Худи Суруш Холов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳеч вақт аз супоридани андоз дасткашӣ намекунам, лекин кори мо мавсимӣ аст. Вақте ки мавсим сар шуд ва мардум барои даъват кардан ба маърака муроҷиат кунанд, ҳатман патент мегирем."
“Вақте сарояндаҳо имкони даромад гирифтан надоранд”
Баҳс миёни Кумитаи андоз ва овозхонон падидаи нав нест ва солҳои гузашта низ вуҷуд дошт. Раҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон қаблан дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, исми 90 дарсади овозхонҳое, ки ҳунарнамоиашон тариқи телевизионҳо намоиш дода мешавад, дар феҳрасти андозсупорандаҳо нест. Аммо коршиносони бахши санъат мегӯянд, вақте дар кишвар шароити мусоид барои даромади овозхонон фароҳам нашудааст, талаби молиёти зиёд аз онҳо маънӣ надорад.
Аксар ҳунармандон мегӯянд, танҳо тӯю маросими шоди мардум аст, ки бозори онҳоро гарм ва даромади онҳоро таъмин мекунад, вагарна дигар бахши фаъолияти онҳо даромади чандоне надорад. Овозхонҳо эътироф мекунанд, ки на ҳамаи онҳо тавони ташкили консертҳои ҳунариро доранд, ки тавонад ба хазинаи онҳо даромади хубе ворид кунад. Ҳунарнамоии овозхонҳо дар арӯсиҳо бар асоси шартнома сурат мегирад ва онҳо муваззаф ҳастанд, ки баъди ҷашн андози даромадро бипардозанд.
Зеваршоҳи Муҳаммад, хабарнигори тоҷик, ки бештар масоили фарҳангиро пайгирӣ дорад мегӯяд, овозхонони тоҷик барои пахши сурудҳояшон дар телевизион ва радиоҳо маблағ намегиранд ва ҳисоби фурӯши фиттаҳо низ имкони ба даст овардани маблағ надоранд.
Ин таҳлилгари масоили ҳунар мегӯяд, шеваи амалкарди ҳозираи Кумитаи андоз бо санъаткорон қобили қабул нест ва ин ниҳод бояд роҳҳои беҳтари андозбандии санъаткоронро роҳандозӣ кунад.
“Ба монанди тоҷирон патент кушода аз ҳофизон ҳар моҳ маблағи андоз талаб кардан роҳи дуруст нест. Вақте як овозхон албоми нави худро мунташир мекунад ҳеҷ вақт наметавонад аз фурӯши он маблағ ба даст орад. Чун баъди ним соат аллакай фиттаҳои албомро ба тарзи қочоқ ба савдо мегузоранд. Вазифаи ҷонии ниҳодҳои давлатӣ ин аст, ки пеши роҳи инро бигиранд. Дар ҳоле, ки давлат ин корро намекунад ва ҳам рӯйи овозхононе, ки аз ҷашнҳои арӯсӣ як каме зиндагиашоно пеш мебаранд, фишор меоранд.”
Ба бовари Зеваршоҳи Муҳаммад, агар системаи давлатӣ комилан мисли як механизми соат пурра кор кунад, ҳатман овозхонон низ имкон пайдо хоҳанд кард то саривақт молиёти худро ба давлат бисупоранд.
Молиёт ё иҷозаи фаъолият барои овозхонӣ дар Тоҷикистон чанд соли пеш шуд ва овозхонон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд ҳар моҳ ба буҷети давлат пул супоранд. Маблағи патент барои овозхонон гуногун аст, аммо худи онҳо мегӯянд дар асоси патент ҳар моҳ беш аз 800 сомонӣ ё ҳудуди 100 доллар ба буҷет месупоранд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин 8 соли қабл Кумитаи андоз пардохти молиётро барои овозхонон ҳатмӣ кард. Дар ин байн борҳо масъулони ин ниҳод исми ҳунармандони маъруферо, ки аз андоз саркашӣ мекунанд, барои ҷомеа шинос кард ва соли 2013 ҳатто аз тариқи шабакаи аввал онҳо аз ҷаримабандии 200 овозхони тоҷик хабар дода аз онҳо ном бурд.