C.Фозилов: "Аз саҳна дур шуданам иштибоҳ буд"

Сироҷиддин Фозилов, овозхони тоҷик.

Сӯҳбати ихтисосӣ бо Сироҷиддин Фозилов, овозхони маъруфи тоҷик, ки баъди чанд соли канор рафтан аз толору мухлисон, дубора ба саҳна баргашт.
Озодӣ: Аз як таронаатон – «Пас аз чандин сабуриҳо, ту аз дур омадӣ, аз дури дуриҳо» бармеояд, ки гӯё як сафарии роҳи дур будед, ки инак, бозгаштаед. Суоли аввалини мо ҳам ин аст, ки чаро ба ин сафар рафтед, чаро як муддат саҳнаро тарк кардед?

Сироҷиддин Фозилов: Сабаб ин буд, ки ман дилхунук шудам. Албатта, мард бояд ба ҳар дарде, ки мекашад, иқрор нашавад, садо набарорад. Аммо дилхунукии ман фақат ба ман вобаста набуд. Ман беқадрии ҳунар ва ҳунармандро дидам. Ҳама аз рушди санъати муосир, эстрадаи тоҷик ҳарф мезаданд ва мо саҳми худро гузоштему мегузоштем, аммо одамоне пайдо шуданд, ки масъули ин ҳастанд, аммо моро нафаҳмиданд.

Озодӣ: Дақиқан, кай ва чӣ рух дод?

Сироҷиддин Фозилов: Дилмондагии ман аз соли 2008 сар шуд. Он сол ман дар Кохи Ваҳдат як консерти «зинда» додам. Ягон ритми барқӣ набуд. Ҳамаро «зинда» навохтем. Асбобҳои зарбиву нафасиву ториро мустақим навозандагон навохтанд, ҳатто бек – вокалҳо – овозҳои дуюму сеюми занонаву мардонаро аз Театри опера ва балет овардем, то ҳама табиӣ ва зебо бошад. Ин корро ба он хотир кардам, ки як дарсе шавад ба овозхонҳои ҷавони эстрада. Худам, ки овозхони эстрадӣ ҳастам. Аммо ин ҳама кори осон набуд. Хароҷоти зиёд дошт…


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сироҷиддин дубора ба саҳна баргашт


Озодӣ: Дар умум чӣ қадар харҷ кардед?

Сироҷиддин Фозилов: 12, 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз ҳисоби худам харҷ кардам. Аз ин кор афсӯс ҳам намехӯрам, зеро кори арзанда ва даркор буд. Ин ҳам як кори хуб буд. Пешравии санъатро нишон медод. Хулоса, ҳамон консертро монтаж кардам ва маводи хубе шуд барои телевизион. Онро гирифтаму ба телевизиони «Сафина» рафтам ва хоҳиш кардам, ки онро нишон диҳанд. Аммо медонед, онҳо чӣ гуфтанд? Гуфтанд, ки 24 ҳазор сомонӣ биёр, баъд як соат вақт медиҳем. Ман дар ҳайрат мондам, зеро медидам, ки ягон овозхони хориҷӣ вақте омада консерт медод, онро пахш мекарданд. Хулоса, ҳамин ҳодиса боиси ранҷиши ман шуд.

Озодӣ: Фикр мекунед, ки саросема нашудед? Тоқат мекардед, шояд мегузоштанд?

Сироҷиддин Фозилов: Намонданд, охир. Чанд маротибаи дигар фиристодам, аммо бо баҳонаҳои ночиз боз бармегардонданд. Ман ба хулосае омадам, ки барои як муддати номуайян таваққуф кунам.

Озодӣ: Бубинед, он қадар, ки огоҳ ҳастем, санъаткорони асил ба хотири пул, шӯҳрат, телевизион, ҳатто мардум тарона намехонанд. Фикр намекунед, ки Шумо хато кардед?

Сироҷиддин Фозилов: Бале, хатои бузурги ман ҳам дар ҳамин аст. Баъдтар дар як мулоқот як бародари хеле хубам, ки номашонро намеорам, як мансабдор ҳастанд, гуфтанд, ки ту барои худат бихон, барои дигарон не. Дигарон, бигзор, ҳар чӣ ту хондӣ, талаб кунанд. Ҳарфи он кас ба ман сахт таъсир кард ва кам-кам ба фаъолият оғоз кардам.

Озодӣ: Шумо аз аввалин овозхонҳои тоҷике будед, ки дар замони истиқлолият, ба истилоҳ «ситора» шуданд. Сабаби инро дар чӣ мебинед?

Сироҷиддин Фозилов: Як чунин давра буд. Агар дар хотир дошта бошед, тақрибан аз солҳои 1996 то 1999 даврони баъд аз ҷанг дар Тоҷикистон асосан майдони овозхонҳои эрониву афғон гарм буд. Ман бо овозхонҳои кишварҳои ҳамдину ҳамзабони худ мухолифат надорам. Худ устодони санъат – Гугуш, Муин, Сиёвуш, Мартикро аз эрониҳо ва Аҳмад Зоҳиру Сароҳангу Ношиносу Маҳвашро аз афғонҳо устодони хеш мешиносам. Аммо мушкил ин аст, ки ҳар миллат бояд таронаи худро дошта бошад. Мардум хуб аст, бад аст, бештар ба таронаи худ алоқа доранд. Маҳз дар он давра мо панҷ нафар вориди саҳна шудем ва ба қавле, як гуна таҳаввулот кардем.

Озодӣ: Киҳо?

Зимни суҳбат бо хабарнигори "Озодӣ"

Сироҷиддин Фозилов: Банда, Зикруллоҳ Ҳакимов, Садриддин Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Манижа Давлатова. Таронаҳои моро мардум зуд қабул кард. Ин раванд сар шуд ва тайи чанд соли охир чеҳраҳои нав вориди саҳна шуданд, ки аксарияти онҳоро ман намешиносам. Ин маро хурсанд мекунад. Шабнами Сурайё як дастовард аст. Худораҳматии Суҳроб буд, Остону Меҳрубон, Файзаливу Валиҷон омаданд, ки ҳама мебинанду онҳоро мешунаванд. Каме ҳам бошад шояд таъсири мо ба ин раванд буд. Ман ҳамин гуна як эҳсос дорам.

Озодӣ: Пас аз ин ки шумо дар саргаҳи ин таҳаввулот меистодед, гуфтед, ки афроди нав пайдо шуданд. Фикр мекунед, мусиқии эстрадаи Тоҷикистон ба роҳи дуруст рафта истодааст, ҳамон тавре, ки шумо оғоз кардед? Масалан, имрӯз копихонӣ ҳасту дуздиву…

Сироҷиддин Фозилов: Имрӯз не. Бахусус ду соли ахир мусиқии мо хеле олуда шуд. Ҳатто баъзе таронаҳо маззаи тоҷикӣ надоранд. Инро рӯйрост мегӯям, аммо афроди алоҳидаро зикр намекунам, ки наранҷанд. Эстрадаи тоҷик андак фалаҷ шуд. Таронаҳое ҳастанд, ки навозиши хориҷӣ доранд, аммо хондани тоҷикӣ. Намешавад, ки навозишу хондан тоҷикӣ бошанд, аммо зарб хориҷӣ, ҳол он ки зарбҳои тамоми инсоният қариб ки якхелаанд? Русҳоро бинед, вақте мехонанд, русӣ аст, аммо зарби аврупоӣ ё шарқӣ доранд.

Озодӣ: Мегӯянд, ки Шумо як студияи кори калон доштед. Тамоми асбобҳоро доштед, беҳтарин навозандагони давр бо Шумо машқ мекарданд, аз ҷумла Соҳиб Нозимов, Илҳоми гиторист, Диловари найнавоз… Ҳоло ҳам ҳаст он студия?

Сироҷиддин Фозилов: Бале, доштем як студия дар Боғи «Локомотив». Чор сол раҳбараш будам. Як зале ҳам доштем, ки нав тайёр карда будем. Масалан, як овозхон онҷо метавонист консерташро бо навозишҳои «зинда» тамрин кунад ва ба саҳнаи калон равад. Аммо нақшаҳоямон барбод рафтанд.

Озодӣ: Асбобҳои мусиқиатон куҷо шуданд?

Сироҷиддин Фозилов: Тамоми асбоби мусиқии ҳозиразамон, ки баромада буд, ҳамаи онро рафта, бо маблағи худ аз Дубай оварда будам. Ҳоло санъаткорон мекӯшанд мошини беҳтарин дошта бошанд, аммо ман мошини беҳтарин, он вақт ҳатто мӯдшуда – «Максима»-амро фурӯхтам, то асбобҳои хуб биёрам. Вақте консерти «зинда» - амро барпо кардаму дар телевизион ин гуна рафторро дидам, омадам ба ҷои ҳаққи кор ҳамаи асбобҳоро ба навозандагон тақсим кардам. Ба касе кам рафт, ба касе зиёд, гуфтам, ки маро бубахшед, дигар коре аз дастам намеояд, ҳисоби ману шумо баробар.

НАВОР АЗ YOUTUBE

http://www.youtube.com/embed/tI1NbsVonNQ

Озодӣ: Сироҷиддин, шунидем, ки дар ҳамин муддати дур шуданатон аз саҳна як тоҷири хуб ҳам шудаед? Оё ин дуруст аст?

Сироҷиддин Фозилов: Бале, чанд муддат тиҷорат кардам. Муфассал намегӯям, аммо ҳаминро зикр мекунам, ки тиҷорати оддӣ доштам, аз ҷумла маводи хӯрокаву масолеҳи сохтмонӣ тиҷорат мекардам ва ҳоло ҳам мекунам.

Озодӣ: Бубинед, як ҳақиқате дорад саҳна. Як касро боло мебарад, як мезанад ба замин. Фикр намекунед, ки Шуморо дигар мисли пешина шӯҳрат пайдо карда наметавонед?

Сироҷиддин Фозилов: Ҳеҷ гоҳ. Бедил мегӯяд, ки:
Обрӯ зотист, Бедил, варна монанди гуҳар,
Муҳраи гил ҳам тавонад дар дили дарё нишаст.

Обрӯ аз Худост ва агар банда ношукрӣ кард, аз он маҳрум мешавад. Мо ҳам бар инем, ки ҳанӯз саҳнаи мо хунук нашудааст. Бубинед, Аҳмад Зоҳирро 35 сол боз гӯш мекунанд. Наход, ки дар ду сол маро фаромӯш карда бошанд?

Озодӣ: Ба назари Шумо, як ҳунарманд бояд то куҷо ба ҳукумат, ё телевизону радио бояд такя кунад?

Сироҷиддин Фозилов: Ман дигар такя намекунам. Фақат барои худ хоҳам хонд ва барои онҳое, ки мухлиси ман ҳастанд. Агар ба ягон барнома даъват карданд, рад намекунам. Агар овозхонро дар телевизион нишон надоданд,
магар овозхон нест? Хеле аз овозхонҳоеро мебинем, ки ҳамарӯз дар телевизиону радиоянд, аммо баробари онҳое, ки дар телевизион умуман намоиш намедиҳанд, шӯҳрату маҳбубият надоранд. Дигар ин ки асри нав аст, интернет ҳаст, диск ҳаст. Шунаванда таронаи заруриашро ба ҳар роҳ пайдо мекунад.

Озодӣ: Ахиран андоз барои овозхонҳо зиёд карда шуд. Шумо бо ин тасмими ҳукумат розӣ ҳастед?

Сироҷиддин Фозилов: Хеле кӯтоҳ посух медиҳам. Ман ба ин тарзи муносибат розӣ нестам. Ҳукумат бояд аз даромади овозхон андоз гирад. Масалан, ман дар як-ду моҳ як бор туй меравам, ё не, аммо бояд 500 – 600 сомонӣ супорам. Шояд айби мо ҳаст, ки бояд тамоми ҳисобу китоби худро роҳандозӣ кунем. Аммо дар ин маврид ҳам магарам, ки фақат дар ба дари идораҳо гардем. Аммо ин тарзи муносибат ба ҳунар хуб нест. Ин ҳунар ҳам нест. Ҳунар озодиро талаб мекунад.


Сироҷиддин Фозилов соли 1974 дар деҳаи Ҷалҷит, ҳоло Солеҳони ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар ин деҳа хатм кардааст. Аз соли 1991 то 1996 донишҷӯӣ Донигоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон буд. Як сол устоди дирижёри хори ин донишгоҳ ва то соли 1999 муҳоҷири корӣ дар Русия буд. Аз соли 1998 ба гурӯҳи рақсу таронаи вазорати дифоъи Тоҷикистон – «Ватан» ба кор даромад. Соли 1999 мустақилона ба фаъолияти овозхонӣ шурӯъ кард. Дар ин миён панҷ албом - «Ҳаргиз», «Ошиқ», «Набзи дил», «Намегардам», «Қаҳр» - ро сабт кард. Соли 2008 саҳнаро тарк кард ва пас аз ду сол дигарбора баргашт. Соли 2010 ба омода кардани албоми наваш - «Пас аз чандин сабуриҳо» оғоз кард, ки 16 таронаро дарбар мегирад ва ҳамин ҳоло такмил шудаву дар дасти студияҳои пахши тарона аст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.