Зикрулло Ҳакимов: "Наврӯз бӯи очаам мекунад"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зикрулло Ҳакимов, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик мегӯяд, Наврӯз ҳамеша ба ёди ӯ бӯи модарро меорад. Бӯе, ки инсон ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарад. Зикрулло Ҳакимов дар сӯҳбати муфассале бо Радиои Озодӣ аз хотироти наврӯзиаш қисса кард.