Манижа - овозхони 28-солаи тоҷики муқими Маскав дар рӯзҳои охири соли 2019 клипи наваш бо номи "Недославянка"-ро нашр кард. Тарона аз калимаи сохтаи русӣ гирифта шуда маънояш "славяни нокомил" аст.
Овозхоне, ки ҳанӯз дар кӯдакӣ ба Маскав муҳоҷират кардааст, бо шеваи мазҳакавӣ дар бораи мушкилоти мисли ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар кишвари бегона баҳс мекунад. "Ман муҳоҷирам, муҳоҷири рӯҳу равони худ ҳастам",- мегӯяд ӯ.
Дар як сӯҳбати видеоӣ тавассути барномаи "Скайп", Манижа ба чанд пурсиши Радиои Озодӣ дар бораи ин ва дигар барномаҳои эҷодиаш посух дод.
Радиои Озодӣ: Манижа, клипи нав муборак. Ин мавзӯъ чӣ хел пайдо шуд? Чаро номашро "Недославянка" гузоштед?
Манижа: Ба ҳама салом. Сипос барои даъват ва имкони сӯҳбат, чунки таҳияи клип, ростӣ, осон набуд. Идеяи сохтани чунин як клип тахминан ним сол пеш, яъне замони эҷоди таронаи "Недославянка" пайдо шуд. Вале дар маҷмӯъ, ин масъала маро дар зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳӣ кардааст. Билохира, мо онро сохта тавонистем.
Радиои Озодӣ: Яъне шумо худатон эҳсосотеро, ки тасвир мекунед, аз сар гузаронидед? Ин клип ба шакли як филми пурмоҷарои Ҳолливуду мазҳакавӣ эҷод шуда, вале дар бораи мушкилоти хеле ҷиддӣ баҳс мекунад. Магар дар Русия славян будан муҳим аст?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Манижа: На, ин як ихтилофи дарунии ҳар касест, ки ба кишвари дигар кӯч мебандад. Ба кишвари дигар, ки дар он таваллуд нашудааст, вақте ӯ бо фарҳанги дигар рӯбарӯ мешавад, вақте маҷбур аст забони дигарро омӯзад, забони модариашро фаромӯш мекунад. Вале дар асл ин ҷо ҳеҷ фоҷеае нест. Ман хушбахтам, ки ба забони русӣ сӯҳбат кардаву матн навишта метавонам. Хушбахтам, ки шунавандаи худро дорам. Вале дар ин муддат робитаҳои ман бо Тоҷикистон хеле кам шуд. Вақте он ҷо меравам, худро дигаргуна эҳсос мекунам. Шояд ҳамин чиз маро бештар дилгир мекард. Ва шояд ман аз ин чиз бештар ғамгин мешудам, то аз он ки дар Русия зиндагӣ мекунам. Мутаассифона, ин эҳсоси худӣ дар миёни бегонаҳо ва бегона дар миёни худиҳоро мемонад.
Радиои Озодӣ: Пас ин як таронаи шарҳиҳолӣ аст ваё як паёми иҷтимоӣ аз номи бисёр муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик аст, ки тарки ватан мекунанд?
Манижа: Бисёр мехоҳам, ки ин тарона танҳо баёнгари дили ман набошад. Мехостам, нафарони дигар ҳам аз мазмуни ин тарона он чиро, ки аз сарашон гузаштааст, пайдо бикунанд. Ҳар кори эҷодие, ки мекунам, ба он хотир аст, ки барҳадар наравад. Шунавандаҳо на танҳо эҳсосоти ман, балки эҳсосоти худро ҳам дар он биёбанд. Яъне, каме замири худро пок карда, як дараҷа беҳтар шаванд.
Радиои Озодӣ: Манижа, роҳи пок кардани худро дар чӣ мебинед? Ҳоло гуфтед, ки вақте Тоҷикистон меравед, як андоза ғамгин мешавед.
Манижа: На, ғамгин намешавам.... Ман ин ҳолатро аллакай дарк кардам, қабул кардам. Бо ин ки ман чанд сол дар Тоҷикистон набудам, ахиран чанд рӯзи хуберо дар он ҷо пушти сар кардам. Шояд ман бештар ёди кӯдакӣ мекунам. Кӯдакии беғаму беолоиш дар Душанберо ёд мекунам. Замоне буд, ки дар бораи ҳеҷ чиз, на дар бораи вақту соат, на дар бораи марзҳо фикр намекардӣ. Дар бораи тафовутҳои давлативу фарҳангӣ фикр намекардӣ. Ту як инсони оддӣ будӣ, ки аз дидори дӯстону инсонҳои мухталиф, фарҳангу табиати беҳад зебои кишвар ҳаловат мебурдӣ.
Радиои Озодӣ: Пас ҳуввияти шумо чӣ мегӯяд: шумо тоҷикед, рус ҳастед ё каси дигар?
Манижа: Ман шаҳрванди Сайёра ҳастам. Ман ҳам тоҷик, ҳам славянӣ, ҳам одаме ҳастам, ки ба англисӣ сӯҳбат мекунад. Ман кайҳо тамғагузориро бас кардам. Ман бад мебинам, вақте одамон тамға мегузоранд ва худро маҳдуд мекунанд. Ман мехоҳам, ки мутобиқи фарҳангу суннатҳое, ки дар ман ташаккул ёфтааст, зиндагӣ кунам. Ин фарҳанг ба шарофати тамоми чизҳое, ки дар зиндагии ман рух додааст, ташаккул ёфтааст.
Радиои Озодӣ: Арзишҳо ҳам муҳим будагист? Медонам, ки модаратон дар ташккули шахсияти шумо нақши муҳим бозидаанд?
Манижа: Нақши муҳим бозидаанд. Ба фикрам, ин кори хеле мушкил аст, ки кӯдакро дар як кишвари бегона бузург бикунӣ. Модарам панҷ кӯдакро бузург карданд ва муҳимтарин хидмати он кас ҳамин аст, ки ба ҳамаи мо иҷоза доданд, ки кореро, ки дили мо мехоҳад, бикунем. Чунки мутаассифона, волидони ман маҷбур шуданд аз орзуву манфиатҳои худ гузашт кунанд. Ҷанг аз бисёр чиз маҳрум кард. Барои ҳамин, ман бисёр шодам, ки суруд иҷро мекунам, эҷодкор ҳастам, зери боли модар ҳастам, таҳти назари касбии он кас кор мекунам. Он кас ҳамчун як продюсер ҳам бисёр чизҳоро беҳтар аз дигарҳо дарк мекунанд. Дар ҳар тим доштани чунин як узве хеле муҳим аст.
Радиои Озодӣ: Корҳои шумо бештар хусусияти иҷтимоӣ доранд, чандон тафреҳӣ нестанд. Вале чӣ назар доред, садои шумо шунида мешавад?
Манижа: Бале, ман инро бо чашми сар мебинам. Ман номаҳои зиёд дарёфт мекунам. Мухотабони ман хеле дигаргун шудаанд. Ин чизест, ки ман давоми солҳои зиёд мехостам. Ин танҳо як идеяи муваққатии яксола нест. Аз оғози фаъолиятам ман ҳаминро мефаҳмидам, ки аввал бояд барои худ тамошобин пайдо кунам, то тавонам баъди ин дар бораи гапҳои муҳим сӯҳбат кунам. Яъне аввал дар бораи он чӣ, ки маро ташвиш медиҳад мегӯяму баъдан дар бораи дигарҳо. Дар маҷмӯъ, тамоми кору барномаҳое, ки имсол аз дастам омаду иҷро кардам, як пирӯзӣ аст. Худо кунад, ки соли оянда аз ин ҳам бештарашол бикунам.
Радиои Озодӣ: Яке аз ин барномаҳо - "Силсила" ном дорад, ки барои кӯмак ба занону наврасони қурбонии хушунат нигаронида шудааст. Ин чӣ барнома аст, чӣ гуна кор мекунад?
Манижа: Ин як замимаи кӯмаккунанда аст ваё соддатар гӯям, як тугман барои кӯмак аст. Ин тугмаро пахш мекунӣ ва наздикони ту дар бораи ҷойи ту хабар меёбанд. Замима дар телефонат насб мешавад, ба он наздикон - онҳое, ки ту ба онҳо эътимод дорӣ, пайваст мешаванд. Баъди ин, дар ҳама ҳолати хатарнок, шарт нест, ки танҳо хушунат бошад, ту метавонӣ дар ҳолати зарурӣ ин нуқтаро пахш кунӣ ва наздиконат огаҳ мешаванд, ки ту ба ёрӣ ниёз дорӣ. Чунки на ҳамеша пулис ҳам сари вақт вокуниш мекунад, бахусус вақте гап дар бораи мушкили оилавӣ меравад.
Радиои Озодӣ: Яъне, нахуст бояд ин замима насб шавад?
Манижа: Он дар Appstore, Google Play, Android, iOS дастрас аст. Маҳдудиятҳои ҷуғрофӣ буд, мо онро бардоштем. Ба наздикӣ ба Чеченистон, шаҳри Грозний, баъд ба Владикавказ рафта будем. Кор мекунем
Радиои Озодӣ: Ин барнома дар Русия амал мекунад. Вале ният надоред, ки онро дар қаламравҳои фаротар, мисли Тоҷикистон ҳам паҳн кунед?
Манижа: Ҳатман. Ин як тарҳи ғайритиҷоратӣ аст, сармоягузор надорад. Давлат пуштибонӣ намекунад. Ду муаллиф дорад, ки ману модарам ҳастем. Ин барнома ҳамеша бепул кор мекунад ва бисёр умедворам, ки кӯмак хоҳад кард.
Радиои Озодӣ: Каме ба мавзӯе, ки шурӯъ кардем, бармегардем. Дар Русия тоҷикони зиёд кору зиндагӣ мекунанд ва мушкилашон кам нест. Оё шумо ҳам барои он, ки як тоҷик ҳастед, дар Русия азият шудаед?
Манижа: Албатта, буданд чунин ҳолатҳо, чаро пинҳон кунам? Вале ман аз ин мавзӯъ як фоҷеа сохтанӣ нестам. Бешубҳа, барои ҳама мардум дар зиндагӣ мушкил эҷод мешавад. Вале бояд сари худамон кор кунем, бояд таҳсил кунем, чунки ин хеле муҳим аст. Имкони таҳсилу гирифтани маълумот ҳамеша вуҷуд дорад. Зимнан, ман ба клипам аз Тоҷикистон чандин вокуниш дарёфт кардам. Бархе мегӯянд, ки "ту моро масхара мекунӣ".
На, ба ҳеҷ сурат ман масхара накардам. Ман ҳамаи мушкилотеро, ки муҳоҷирон дучор мешаванд, хуб дарк мекунаму боэҳтиром муносибат мекунам. Чунки ман медонам, ки ин чӣ мушкил аст ва оилаи мо ҳам зиндагиро дар ин ҷо аз сифр шурӯъ карда буд. Ман ҳоло ҳақ дорам, ки як оҳи сабук бикашам, чунки оилаи ман дар ҳолате нест, ки дар ғами бурдаи ноне бошад.
Ман метавонам бинишинаму фикр кунам, ки чӣ гуна метавонам онҳоеро, ки ҳамарӯза зӯр мезананд, барои зиндагии беҳтаре ташвиқ кунам. Бисёри онҳо ба як ҳарфи гарму дастгирӣ ниёз доранд, ба як калима гап, ки "ғам нахӯр, ҳамааш хуб мешавад, табассум кун. Ин тарона дар бораи ту аст ва ба зудӣ ту бар ҳамаи мушкилотат пирӯз мешавӣ".
Радиои Озодӣ: Манижа, шумо як одами фаъолу серкор ҳастед, вале агар дар Тоҷикистон будед, ҳатман аз ҳар ҷо ба шумо як савол медонанд: "Кай тӯй мешавӣ?"
Манижа: (механдад) Ман одами боз ҳастам, хушбахт ҳастам. Ман як зани хушбахтам, ҳар вақте дилам хост, ҳамон вақт тӯй мешавам. Ман ҳеҷ вақт сари ин чиз азият нашудам ва касе ҳам аз наздикон, Худоро шукр, маро бо чунин пурсишҳо азоб намедиҳад. Оилаамон ба ман иҷоза медиҳад, ки ҳар касеро, ки дилам хост, интихоб кунам.
Радиои Озодӣ: Дар остонаи соли 2020 қарор дорем. Чӣ нақшаву барномаҳо доред?
Манижа: Мехоҳам, ки саломатӣ бошад. Ҳамеша имкон бошад, ки танаффусе бикунӣ ва бори дигар ба худ баҳо бидиҳӣ. Мехоҳам, ки ҳар кори хубе, ки одамон мекунанд, натиҷа дошта бошад. Бигузор соли 2020 натиҷабахш бошад.