Вазорати маорифи Тоҷикистон чорякҳои соли хонишро барҳам дода, ба ҷои онҳо ду давраи таҳсили нимсола ҷорӣ кардааст.
Вазорати маорифи Тоҷикистон чорякҳои соли хонишро барҳам дода, таҳсилро ба ду нимсола тақсим кард.
Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёнаи вазорати маориф мегӯяд, ин як таҷрибаест, ки бояд бартариҳои худро нишон диҳад ва доимӣ гардад. Сардори ин раёсат Икром Табаров афзуд, ҳангоми як моҳи истироҳат ҳам маҳфилҳои дарсӣ олимпиадаҳо дар назар дошта шудаанд, то мактаббачаҳодар ин муддат аз мактаб дур нашаванд.
Ҷаноби Табаров сабаби ин иқдоми вазоратро дар ворид шудани Тоҷикистон ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ ва ислоҳоти соҳа имаориф унвон кард: «Дар қонуни маориф тағйир ворид карда соли хониш 34 ҳафтаи пурра карда шуд. Соли хониш аз 1-уми сентябр то 7-уми июн минбаъд идома меёбад. Як моҳи таътиле, ки дар чорякҳо тақсим карда мешуд, ҳоли ҳозир ба моҳи январ оварда шуд.»
Аммо вокуниши мактабиён ба ин навоварӣ яксон нест. Меҳрангези Наврӯз, як хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе гуфт, замонбандии нави таҳсил барои хонандагон мушкилот меорад, зеро асаби кас монда шуда, майли хониш камтар мегардад. Ӯ меафзояд, ҷамъбасти чорякҳо фурсати муносибае буд, ки хонандагон нуқоти заъфи худро дарёбанд ва онҳоро ислоҳ кунанд: «Агар чоряки аввали мо баҳои паст мешуд, дар чоряки дуюм кӯшиш мекардем хубтар хондем. Зеро чоряки аввал он қадар муҳим набуда, фанҳое, ки дар як ҳафта як бор мехонем чоряк бароварда намешуд. Аммо то чоряки дуюм кӯшиш мекунем аз ҳама фанҳо баҳои хуб гирем. Барои онки дар номаи камол (аттестат) баҳои чоряки дуюм ва чорум гузаронида мешавад.»
Меҳрангез ба унвони мисол мегӯяд, соли гузашта дар асоси фармони вазири маорифи Тоҷикистон то моҳи июн дарс хонданд, вале хонандагон майли ба дарс омаданро надоштанд. Зеро онҳо одат карда буданд, ки баъд аз 25 май дигар дарс нахонанд ва ба имтиҳонҳо омодагӣ бинанд.
Ин дар ҳолест, ки омузгорон низ аз барҳам хӯрдани чоряк дар мактабҳои миёна изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба қавли онҳо хонандаи тоҷик ҳанӯз ба ин шеваи кор омода нестанд.
Нозук Бобоева, як омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷамъбасти ҳар як чоряк барои хонандагон шавқ медод, то хубтар бихонанд. Зеро аз рӯи психология барои мактаббачаҳо ҷамъбасти чорякҳо мисли поёни мусобиқа буданд ва ҳама талош мекарданд, бештар баҳои хуб гиранд.
Хонум Бобоева ишора кард, ки дар сурати барҳам хӯрдани чорякҳо он рақобати созандае, ки миёни хонандагон вуҷуд дорад, аз байн меравад: «Ҷамъбасти чоряк хуб аст. Мактабро ба қисм-қисм тақсим карда, муаллимон низ ба хулосае меоянд, ки кадом хонанда фаъол буд ва кадоме аз онҳо не.?
Замонбандии таҳсил ба чорякҳо инчунин имкон медод, ки баъд аз поёни онҳо мактабиён дастикам як ҳафта истироҳат кунанд ва бо нерӯи нав ба мактаб баргарданд. Гуфта мешавад, низоми нав аз таҷрибаи Амрико гирифта шуда, яке аз намунаҳои муваффақ ба шумор меравад. Аммо тақсимбандии нави соли таҳсил дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон бо сабаби набудани барқ дар фасли сармо чоряки аввалу сеюм барҳам хӯрда, хонандагон тақрибан тамоми моҳи январ истироҳат мекарданд.