Чунин ба назар мерасад, ки имсол дар ҷашнҳои солинавии бисёре аз мактабҳо дар пойтахти Тоҷикистон низ Бобои барфиву Барфак ва арчаи солинавиро роҳ намедиҳанд.
Имсол ҷойи арча дар мактабҳо холӣ аст. Хонандаҳо Бобои барфиву Барфакро ҳам дигар интизор нахоҳанд буд. Онҳо мегӯянд, ҷашни соли нав дар мактабҳояшон манъ шудааст.
Дар мактаби рақами 10, воқеъ дар маркази шаҳр ҳамагӣ чанд тасвири Бобои барфӣ ва арча дар тирезаҳо аз фарорасии соли нав ва омодагии хонандаҳо ба ин ҷашн дарак медод. Хонандаҳо ба мо толореро нишон медиҳанд, ки ҳар сол дар он арча гузоштаву оро дода мешуд. Аммо имсол омӯзгорон ба онҳо гуфтаанд, ин ҷашн ҷашни хонаводагист ва бояд фақат дар муҳити падару модар ва наздикон ҷашн гирифта шавад.
Замира, як хонандаи мактаби рақами 10 дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Мехостем, ки бо арчаи соли навӣ, бобои барфӣ ва шеъру тарона ҷашн гирем соли навро. Аммо имсол дар хона ҷашн мегирем, ҳамроҳ бо ҳамсабақону дугонаҳоям не, чун дар мактаб мумкин нест.»
Мавҷуда Ҷабборова, муовини раҳбари мактаби 10 дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тибқи як дастур ҷашни соли нав дар мактаб танҳо дар доираи соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад. Аммо рақсу таронахонӣ ва гузоштани арчаву даъвати Бобои барфӣ манъ шудааст: «Хонандаҳо одат кардаанд, ки аз ин ҷашн дар мактаб таҷлил мекарданд ва барои он ки якбора онҳо нороҳат накунем, мо дар соати тарбия ба хонандаҳо дар бораи соли нав маълумот медиҳем ва шеърхонӣ мешавад. Дар сатҳи баланд аз соли нав ҷашн намегирем. Ба мо дастур омад, ки қайд карда нашавад Соли нав. Ҳар гуна ҳодисаҳо шуданаш мумкин. Барои ҳамин ба хотири ҷилавгирӣ аз бетартибиҳо ин ҷашн манъ шудааст дар мактаб.»
Аммо муаллима афзуд, дақиқ намедонад, ки ин супориш бо дастур ё фармони кӣ содир шудааст. Соли гузашта вазорати маорифи кишвар таҷлили бошукӯҳ аз Соли нав дар мактабҳоро манъ карда буд, аммо дар охир боз муассисаҳои таълими барои ташкили чорабиниҳо идона иҷоза гирифтанд.
Имсол ба қавли Маҳмудхон Шоев, сухангӯи вазорати илму маориф, то ҳол ин ниҳод ягон супориш ё дастуре роҷеъ ба ҷашн гирифтан ё нагирифтани соли нав надодааст. Аммо ба гуфтаи Маҳмудхон Шоев, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш, шояд соли нав мисли солҳои пешин ҷашн гирифта нашавад: «Барои халалдор нашудани ҷараёни дарс, ба хотири таъминоти бехтарӣ ва ҷилавгирӣ аз сӯхторҳо чунин тасмим гирифта мешавад. Маълум аст, ки дар чунин рӯзҳо одамони зиёд ҷамъ мешаванд ва ҳар гуна ҳодиса шуданаш мумкин.»
Бояд гуфт, ба чорабиниҳои солинавӣ дар мактаб солҳои қабл хонандаҳо омодагии вижа медиданд. Бо либосҳои махсуси идона ва барномаҳои вижаи иборат аз рақсу бозиву шӯхиву ҳаҷвияҳо тамоми мактаб сарҷамъ аз ин ид таҷлил мекард. Ва ғолибан мактаб ягона маконе буд, ки дар он хонандаҳо имкон доштанд дар ҳалқаи атфоли дигар ва ҳамсолони худ гирди арчаи солинавӣ шодиву хурсандӣ ва рақсу бозӣ кунанд. Чун ба барномаҳои дигари соли навӣ дар пойтахт, ки ройгон нестанд, на ҳама кӯдакон роҳ меёбанд.
Ҷамила, хонандаи гурӯҳи русии як мактаби дигари пойтахт дар ин маврид гуфт: «Ҳамеша ҳамин хел буд, чорабиниву озмуну бозиҳои ҷолиб мегузаронидем. Ҳамин 2 соли ахир дигар ин чизҳо нест, аммо имсол тамоман чизе нест, ҳатто арча ҳам нагузоштанд дар мактаб. Барои наврасон махсусан синфҳои поёнӣ, ҷашни соли нав хеле писанд буд, онҳо интизор мешуданд.»
Дар ҳамин ҳол, масъулони чанд мактаби дигар дар Қӯрғонтеппаву Суғд ба "Озодӣ" гуфтанд, ки дар бораи барпо накардани ҷашни Соли нав дар мактабҳо дастуре нагирифтаанд ва омодагиҳо ба соли нав дар мактабҳои онҳо ба сурати маъмулӣ идома дорад. Албатта, на ба он шукӯҳе ки ин ҷашнҳо дар солҳои гузашта дошт.
Аммо маҳдуд шудани барномаҳои идона дар макотиб дар ҳолест, ки чанде пеш масъулини телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълон доштанд, ки барномаҳои солинавии худро бе ҳузури Бобои барфиву арча ва рамзҳои аслии соли навӣ сабту омода мекунанд.