Геологи тоҷик барои Русия уран меҷӯяд

Фарҳод Ғафуров, донишманди тоҷик.

Фарҳод Ғафуров, донишманди тоҷик чанд сол аст, ки майдонҳои нафту газ, уран ва ё дигар маъданҳои табиӣ дар Русияро таҳқиқ ва муайян мекунад, ки масалан кадом кон чӣ қадар нафту газ ё уран дорад.

Фарҳод Ғафуров, донишманди тоҷик се сол аст, ки дар Институти минералогия, геохимия ва маъдану металҳои нодири Русия ба ҳайси геологи пешбар кор мекунад. Ӯ дар Тоҷикистон, аз ҷумла майдони маъдани карбонатити “Думкелдик” дар Помири Шарқиро таҳқиқ кардааст, ки баъди соли 2013 ба қаламрави Чин гузашт.

Фарҳод Ғафуров ҳамчунин дар кашфи ду минерали нав дар майдони “Дараи Пиёз”-и водии Рашт, ки якеро бо номи Абдулҳақ Файзиев, минералшиноси маъруф “файзиевит” ном гузоштаанд, нақши муҳим дорад.

Донишманди тоҷик ва мудири собиқи кафедраи геология ва иктишофи маъданҳои Донишгоҳи миллӣ, 5 сол пеш Тоҷикистонро тарк кард ва соли 2013 ӯро дар муассисаи таҳқиқотии мазкур бе пурсуҷӯи зиёд ба кор гирифтанд, зеро ба ин гуна мутахассис эҳтиёҷ доштанд: “Кори мо асосан аз рӯи тарҳҳои давлатӣ аст, мо меравем, таҳқиқ мекунем, корҳои иктишофӣ мебарем, захираҳои кон чӣ қадар аст, дар кадом чуқурӣ ҷойгир аст ва баъди ин ба вазорати геологияи Русия гузориш медиҳем.”

Пеш аз қабул шуданаш ба Пажӯҳишгоҳи минералогия, геохимия ва маъдану металҳои нодири Русия, ки захираҳои нодири Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст, Фарҳод Ғафуров дар Осорхонаи минералогии Русия кор мекард. Азбаски ҳаққи иқомат надошт, ӯро ба унвони “муҳоҷири ғайриқонунӣ” наметавонистанд, ба кори доимӣ бигиранд.

Донишманди 45-солаи тоҷик, ки дар синни 25-солагиаш номзади илм шудааст, муаллифи 100 мақолаи илмӣ ва муаллифи 6 китоби дарсӣ бо забони тоҷикӣ барои геологҳои ҷавон аст. Ӯ баъди ба вуҷуд омадани ихтилофи назар бо раҳбарони Донишгоҳи миллӣ, Тоҷикистонро тарк кард ва Русия рафт. Ӯ мегӯяд, рафтан аз ватан ва хидмат кардан барои кишвари дигар барояш аламовар аст, вале аз ноилоҷӣ ин корро кард:

“Барои ман ин ҳам алам мекунад, ки чаро ман дар ватани худам барои тарбияи фарзандони тоҷик хидмат накунам. Ҷавонони тоҷик, ки аз деҳот меоянд, забони русиро намедонанд, агар бо забони тоҷикӣ таҳсил кунанд, бештар меомӯзанд, дард аст, алам аст ба кӣ мегӯед. Ман метавонистам рафта дар Тоҷикистон хидмат кунам. Инҷо ду сол аст, ки дар барои иктишофи захираҳои нафту газ ва уран чӣ корҳое накардем. Ман метавонистам, ҳамаи таҷрибаҳоро дар Тоҷикистон ба кор барам, аммо дар онҷо шуморо касе қадр намекунад“.

Фарҳод Ғафуров мегӯяд, бо вуҷудӣ дурӣ аз Тоҷикистон, ҳанӯз дар андешаи инкишофу тараққии кишвар аст ва ду китоби дигари сесад саҳифаӣ бо забони тоҷикӣ дар бораи геология таҳия кардааст, аммо ҳоло чоп нашудаанд. Китобҳое, ки ба гуфтаи геологи тоҷик, барои кишвар ба мисли обу ҳаво заруранд.

Геологи тоҷик, ки сокини Душанбест, ҳар сол як дафъа назди ҳамсар ва се фарзандаш ба Тоҷикистон меояд. Аз фаъолияташ дар Пажӯҳишгоҳ розӣ аст ва мегӯяд, ҳоло барои гирифтани ҳаққи шаҳрвандии Русия кӯшиш дорад. Мисли садҳо мутахассиси ҷавоне, ки дар Тоҷикистон тарбияву таҷриба гирифтаанд, вале бинобар набуди ҷойи кори муносиб ва ё ба гуфтаи Фарҳод Ғафуров қадрашонро надонистан, аз ватани худ дилмонда шудаанд.