Ба гуфтаи вазорат, масъулини мактабҳо ҳақ надоранд, аз наздикони хонандагон маблағ талаб кунанд. Аммо баъзе волидайн мегӯянд, вазъ дигар аст ва ҳатто барои кӯдаконе ки ба синфи аввал мераванд, омӯзгорон аз 40 то 200 сомонӣ маблағ талаб мекунанд.
Ҳушдор баъд аз он садо додааст, ки теъдоде аз волидон ба вазорат шикоят кардаанд, ки аз онҳо дар мактабҳо барои таҳсил, ё кори дигаре пул талаб мекунанд.
Эҳсони Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф рӯзи 26 август ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси Қонун дар бораи маориф, "ҷамъоварии ҳама навъ маблағ дар мактабҳо манъ аст". Сухангӯи Вазорати маориф тасдиқ кард, ки онҳо низ аз пулталабӣ дар мактабҳо шикоят дарёфт кардаанд, вале иддаоҳо дар ин бора собит нашудаанд.
Ин мақоми Вазорати маориф афзуд, "фақат дар ҳолати дарсҳои иловагӣ ҳамон ҳам бо розигии волидайн дар суратҳисоби муассиса бояд пардохт шавад. Дигар ҳамагуна ҷамъоварии маблағ манъ аст. Агар, ки корҳои ободонӣ аст ва волидайн мехоҳанд, кӯмак кунанд, муассисаҳо суратҳисобашонро кушояд ва маблағро барад, дар ҳисоби муассиса супорад. Дар дасти муаллим пул додан қатъиян манъ аст".
Изҳороти Вазорати маориф дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд нафар ба Радиои Озодӣ навишта, шикоят карданд, ки масъулини мактабҳо пеш аз қабули фарзандонашон нахуст пул мепурсанд. Ба айни мазмун чандин сокинони ноҳияи Ёвон ва Шаҳринав ба Радиои Озодӣ шикоят карданд. Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, намехоҳанд номашон зикр шавад, чун метарсанд, ки барои фарзандашон мушкил эҷод мешавад.
"Пул насупорӣ, кӯдакатро қабул намекунем"
Як сокини ноҳияи Ёвон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш бояд нахустин маротиба ба мактаб равад, вале масъулини мактаби №1-и ин ноҳия аз ӯ талаб доранд, ки бояд 220 сомонӣ маблағ супорад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо барои шикоят ба назди раиси ноҳия ва мудири маориф рафтанд, вале касе ба додашон нарасид.
Вай афзуд: "Мегӯяд, пул барои таъмир, барои ошхона ва барои ҳуҷҷат кардан зарур аст. Гуфтанд, ки то маблағро насупорӣ, кӯдакатро қабул намекунем. 150 сомонӣ супоридем, вале барои ин маблағ касе расид ҳам надод." Масъулини мактаби №1-и ноҳияи Ёвон маблағ ҷамъ карданро рад намекунанд, вале мегӯянд, ин кор ихтиёрӣ аст.
Гулшан Бобизода, директори мактаб рӯзи 26 август ба Радиои Озодӣ гуфт, маблағи ҷамъшуда барои хӯроки яксолаи хонандагон ва барои корҳои ободонӣ сарф мешавад. Хонум Бобизода афзуд, супурдани маблағ барои волидайн ихтиёрӣ аст ва онҳо метавонанд на якбора, балки ҳар моҳ барои хӯроки фарзандонашон 15 сомонӣ супоранд, ки дар даҳ моҳ 150 сомонӣ мешавад. Инчунин мудири мактаб мегӯяд, волидайн ихтиёрӣ барои ҳар талаба ҳар моҳ панҷ сомонӣ ба мактаб кӯмак мекунанд.
"Мо бо падару модарон маҷлис гузаронда, пешниҳод кардем, ки волидайн вобаста ба шароити зиндагӣ ҳар моҳ ба маблағи 5 сомонӣ муассисаро дастгирӣ мекунанд. Барои ободонии муассиса, ҳавасмандгардонии омӯзгорону хонандагон, ки дар озмунҳо берун аз муассиса сазовори ҷойҳои намоён мегардад, ҳар моҳ ба маблағи 5 сомонӣ дастгирӣ шавад" - афзуд мудири мактаб. Ба гуфтаи Гулшан Бобизода, ин маблағ танҳо аз падару модароне гирифта мешавад, ки ихтиёрӣ барои супурдани он имзо гузоштанд. Ин директори мактаб афзуд, хонаводаҳои камбизоат аз супурдани ин маблағ озод ҳастанд.
Мактаби рақами 1-и ноҳияи Ёвон ба гуфтаи мудираш наздики 1500 талаба дорад, ки аз онҳо ҳудуди 500 нафараш имкони супурдани маблағи 5 сомонаи ҳармоҳаро надоштаанд. Мудири мактаб мегӯяд, онҳо аз ин ҳисоб ҳоҷатхона, китобхона ва ошхонаи мактабро таъмир кардаанд.
Дар Тоҷикистон таҳсил дар мактаби миёна ҳатмӣ ва ройгон аст, вале талаб кардани маблағ дар мактабҳо ҳарфи тоза нест. Тақрибан ҳамасола бо шуруъ ва анҷоми соли таҳсил ин мавзуъ доғ мешавад. Ин маблағҳо аксаран бо баҳонаи таъмири мактабҳо аз хонандагон ҷамъоварӣ мешавад. Ҳарчанд мақомотҳои маҳаллӣ борҳо ҷамъ кардани пули таъмири мактаб аз волидайнро манъ кардаанд, вале шикояти сокинон ҳамчунон аз ин кор кам намешавад.