Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, дар бораи таърихи Наврӯз, ҳикмати таҷлил аз он ва ҳамзамон бархе аз мухолифатҳо аз сӯи бархе аз давоири мазҳабӣ дар таҷлили ин ҷашн, ибрози назар кард.
Зафар Мирзоён пажӯҳиши беш аз 20 солаи худ дар бораи ҷашни Наврӯзро дар шакли як китоб бо номи «Ҷашни Наврӯз омили худогохии миллӣ» ба табъ расонидааст. Дар ин китоб аслан матлабҳои пажӯҳишии донишманди тоҷик гирдоварӣ шудаанд, ки солҳои гуногун дар матбуот нашр шуда, вижагиҳои Наврӯзро аз паҳлӯҳои таърихӣ ва аҳамияти фарҳангиаш ба хонанда пешкаш менамояд. Дар баробари ин китоб, ду асари дигари ин донишманд бо номҳои «Ниёиши некону покон» ва «Худовандагори сухани порсӣ», ба дасти хонанда расидааст.
Радиои Озодӣ: Наврӯз чӣ ҳуввият дошт ва таърихи Наврӯз аз кадом замон сарманшаъ мегирифт, ки ҷаҳониён онро пазируфтанд ва ҳамсола ҷашнаш мегиранд?
Зафар Мирзоён: Ин ҷашн аз дуриҳои дур то асри 21 омада расидааст ва акнун мақоми байналмилалӣ ҳосил кардааст. Мақоми байналмилалӣ касб кардани ҷашни Наврӯз маънии онро дорад, ки гузаштагони дури мо он гуна ба доду диҳиши Худованд арҷ гузоштанд, ки дигарҳо ба ин мартаба натавонистанд бирасанд. Ҷашни Наврӯз аз замони Ҷамшед ибтидо гирифтааст, аз замони ба тахт нишастан ва ба додгустарӣ пардохтани ӯ. Замони фармонравоии Ҷамшед, ҳазораи фарҳанговарии эронитаборон аст. Яъне дар 1000 сол гузаштагони дури мо либос кашф карданд, аз санг оҳан бурун оварданд, гандумро кашф карданд, оташро кашф карданд ва пизишкиву ҳатто атру хушбӯиҳоро эҷод кардаанд.
Оғози ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед пайваста медонанд ва Ҷамшед номи дигари Меҳр мебошад. Рӯзе ки офтоб ба авҷи Ҳамал омад, фармуда буд, ки тахти мурассаъеро (ороиш додаеро) дар ҷои баланде гузоштанд ва тоҷи мурассаъе бар сар ниҳода бар он тахт нишаст. Чун офтоб тулӯъ кард, шуоъ ва партави офтоб бар он тоҷу тахт афтод, шуоъе дар ғояти равшанӣ падид омад ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро ШЕД мегӯянд, ин лафзро бар Ҷам афзуданд ва Ҷамшед гуфтанд, яъне ПОДШОҲИ РАВШАН. Наврӯз дар сайри чандҳазорсолаи худ аз миёни тирарӯзиҳову бадрӯзгориҳои иҷтимоиву сиёсӣ, аз халои сари кӯрдилону нотавонбинони мазҳабиву сиёсӣ гузашта, то рӯзгорони мо расидааст. Дар рӯзгори чирамандии араб, ки бо баҳонаи диноварӣ мехост Наврӯзро чун арзишҳои дигари мардуми таҳҷоӣ ба пуррагӣ зери по гузорад, нахуст ин ойини ҳуввиятсозро ҷашни маҷусон номида, онро манъ дошта буданд. Равшанандешони мо ғам мехӯрданд, ки ин суннати падаронро аз байн мебаранд ва дар ин росто Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и бемарги худ овардааст:
Аз ин зоғсорони беобу ранг,
На ҳушу, на дониш, на ному на нанг.
Ҳам оташ бимирад ба оташкада,
Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.
Сипас ниёкони ҳушманди мо ба Наврӯз ҷилои мусалмонӣ дода, аз нобудӣ раҳоӣ бахшидандаш. Онҳо тавонистанд тозиён ва мутаассибонро, ки Наврӯзро ҷашни мункирони дин хонда буданд, бовар кунонанд, ки Наврӯз рӯзи ба дунё омадани Одам алайҳиссалом аст. Ва онҳо пиндорҳои зартуштии дар шаш рӯз бино ёфтани дунёро аз тарафи Аҳурамаздо, ба ояҳои Қуръон, “Инна раббакум аллоҳуллази халақас-самовоти вал арза фи ситтати айёмин", яъне парвардигори шумо худоест, ки осмону заминро дар шаш рӯз офарид.), созгор намуда, нагузоштанд то ин ҷашни бузурги эронинажодон хору ҳақир гардад. Ва дар солҳои 60-уми замони шӯравӣ низ андешамандони донои тоҷик вижагиҳои ориёии онро ниҳон дошта, Наврӯзро чун ҷашни оғози киштукори баҳорӣ, ҷашни деҳқон ва навзоии табиат намоёнданд, ки ин биниш ба сиёсати аграрии шӯравӣ созгор буд. Ин шарҳи донишмандону шоирон ба сиёсатгароёни шӯравӣ писанд омад ва барои ёдкарди он дар суханрониҳо ва сайру гаштҳои баҳорӣ монеъ нашуданд.
Акнун Наврӯз дар замони истиқлолияти миллӣ метавон гуфт ҷилои тоза гирифт. Бояд ба таври вижа ёдовар шуд, ки дар амри дубора шукӯҳманд гардондани ин ойини муқаддаси ниёкон нақши президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон равшану намоён аст. Дигар акнун Наврӯз на танҳо дар саросарӣ ҷумҳурӣ, ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад, балки ба он мартабаи ҷаҳонӣ бахшида шудааст. Ҷолиб он аст, ки бо пешниҳоди ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру навоҳӣ наврӯзгоҳҳо бунёд гардидааст, ки ин баёнгари арҷгузории хоса ба андешаҳои фарҳангии гузаштагони нексиришти тоҷикон мебошад.
Радиои Озодӣ: Аз Наврӯз мардуми мо чӣ бурд кардааст?
Зафар Мирзоён: Он ки ба Наврӯз пайваста бурд кард, на танҳо тоҷикон, балки тамоми қавмҳое, ки Наврӯзро ситоиш карданд бурд карданд, чаро чунки ин рӯзе ҳаст, ки як силсила вижагиҳои инсондӯстӣ ёдоварӣ мешавад; вижагиҳои табиатдӯстӣ, вижагиҳои сабзу зебову зоянда кардани замин, вижагиҳои парастиши обҳои пок, вижагиҳои парастиши оромӣ ва осудагии мардум.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Кадом омил боис шуд, ки дар баробари даҳҳо ҷашн Наврӯз пойдор боқӣ монд?
Зафар Мирзоён: Баъзан мегӯем, ки фалон шоирро, аз ҷумла классики моро душманон омада ҳамаи шеърҳояшро сӯхтанд, якеро девонаш нобуд шуд, чизе намонд. Аммо чаро 50 ҳазор байти «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо нобуд нашуд, балки 60 ҳазор шуд, яъне илова шуд ҳатто. Чаро? Чунки «Шоҳнома» ба дарди мардум мехӯрд. Мардум дар саҳфаҳои он торихи худ, таърихи андешаҳои падарони худро медиданд, асолати қавмии хешро аз он дармеёфтанд. «Шоҳнома» шиносномаи мардуми тоҷику эронитабор буд, бинобар ин аз байн нарафт. Аз сина ба сина, аз даҳон ба даҳон то имрӯз боқӣ монд. Ва Наврӯз низ чун баёнгари ҳуввияти миллии мо аст, бегонагон ҳарчи кӯшиш карданд натавонистанд онро аз байн бибаранд. Дар ойинҳои наврӯзӣ фалсафаи қавмҳои эронитабор нуҳуфта аст. Наврӯз ҷавононро тарбият медиҳад, ки ба замин, обҳо, дарахтон, ҷонварон эҳтиром дошта бошанд. Сипосгузор бошанд, ки офтоб барояшон он қадар гармӣ бахшидааст, ки аз партави он киштаҳо сабзу хуррам мебошанд, гиёҳҳо аз синаи замин берун меоянд, вале дар бархе сарзаминҳо чун тобиши баланд аз меъёр дорад, заминашон хушку биёбонӣ гаштааст. Ва ё дар сарзаминҳои дигар офтоб танҳо 40-50 рӯз гармиву рӯшноибахш аст. Наврӯз мардумро водор месозад, ки ба замин ҳамчун ба модар бингаранд, обҳоро гиромӣ бидоранд. Наврӯз одамонро ба оромиву осудагӣ, ба шодиву хушнудӣ, ба берун афкандани ранҷу кудуратҳо, дӯст доштану бахшоиши гуноҳҳои ҳамдигар ва дигар бинишу кунишҳои мардумсолорӣ мехонад. Ҳамин хирадофаринии ӯст ки мардумони саросари замин Наврӯзро моли худ медонанд. Бигзор чунин ҳам бошад; аз ин меваи пурнакҳати дарахти коштаи падарони мо нӯш кунанд, вале набояд боғбони онро, ки мо тоҷикону форсҳо мебошем, фаромуш созанд.
Радиои Озодӣ: Бархе гурӯҳҳо бар инанд, ки Наврӯзро ҷашн нагирем, зеро ин ҷашни исломӣ нест. Умуман, Наврӯз ба дину мазҳаб чӣ пайванд дорад?
Зафар Мирзоён: Дар ин бора пештар гуфтем. Ва ин нуктаро бояд илова кард, ки онҳое ки чунин андешаи норост доранд, пайдост, ки аз мутаассибони андакхонда мебошад. Ҳамаи шоирону адибони классики форсу тоҷик дар сароишҳои худ ба зоҳидони мутаасиб ва обидони гумроҳ сарзанишҳо фиристодаанд. Дини мо ҳамеша ба суннатҳои мардумӣ аз пушти айнаки хирад менигарист. Дар «Қуръон»- и маҷид нукоти зиёде дида мешавад ба гиромидошти офаридаҳои Худованд. Аз ҷумла, дар мавриди гиромидошти офтоб дар сураи «Аш-Шамс» паёмҳои бохираде ба чашм мехӯранд. Ҳоло он чи Худо додааст, ба он шукр бояд кард. Бояд чеҳараро кушод, ба мисли офтоби Наврӯзӣ. Таманно бояд дошт, ки ханда дар лаби зану марди тоҷик ҳамеша гул кунад, гармиву рушноии офтоб ва обҳои поку фазои орому осоишта фарогири кишвари азизамон бошад.
Радиои Озодӣ: Ташаккур.