Паҳлавонони тоҷик аз Ҷоми ҷаҳонии самбо медали биринҷӣ оварданд

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, поягузори гуштии самбо, ки Ҷоми ҷаҳонӣ ҳисоб меёбад, шаби 26-уми март дар шаҳри Маскави Русия ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз чаҳор варзишгар намояндагӣ кард.

Ду гуштингири тоҷик - Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило ва Аҳтам Ҳусейнов дар вазни беш аз 100 кило - ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Ду нафари дигар – Зафар Олимшоев дар вазни зери 82 кило ва Раҳимардон Раҳимов дар вазни зери 90 кило - ноком шуданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, аз шаҳри Маскав хабар дод ва гуфт, ки дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ беш аз 160 варзишгар аз 26 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё ширкат карданд.

Мусобиқа дар 9 вазн миёни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ ва байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, Хушқадам Хусравов соли гузашта дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки ба ёдбуди Харлампиев дар Маскав баргузор гардид, дар вазни то 62 кило соҳиби медали тилло шуда буд.

Хушқадам Хусравов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақсади аслиаш ба даст овардани медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон мебошад.

Бояд гуфт, ки баъд аз пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус, дар муддати беш аз 40 сол ягон намояндаи дигари Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ мушарраф нашудааст.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳон “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” оид ба самбои варзишӣ байни мардон

52 кг

1. Тигран КИРАКОСЯН (Арманистон)

2. Алексей КЛЮКИН (Русия)

3. Беимбет КАНЖАНОВ (Қазоқистон)

3. Матте КАСТЕЛЛАНОС (Венесуэла)

57 кг

1. Игор БЕГЛЕРОВ (Русия)

2. Белек БАРАКАНОВ (Қирғизистон)

3. Ҷамбулат АҲМАДОВ (Беларус)

3. Такахито НАКАМУРА (Ҷопон)

62 кг

1. Эссет КУАНОВ (Қазоқистон)

2. Вае ТУТХАЛЯН (Беларус)

3. Геннадий ЧИРГАДЗЕ (Гурҷистон)

3. Хушқадам ХУСРАВОВ (Тоҷикистон)

68 кг

1. Сорбон ЭРНАЗАРОВ (Узбакистон)

2. Георгий ШЕМАЗАШВИЛИ (Русия)

3. Владислав САЯПИН (Беларус)

3. Миндиа ЛИЛУАШВИЛИ (Гурҷистон)

74 кг

1. Олег БАГБОЕВ (Русия)

2. Жин Ву ЛИ (Корея)

3. Ойдин ДАРТАЕВ (Қазоқистон)

3. Вадим МИКУЛСКИЙ (Беларус)

82 кг

1. Андрей ПЕРЕПЕЛЮК (Русия)

2. Тимофей ЕМЕЛЯНОВ (Беларус)

3. Германс ЖУКОВС (Латвия)

3. Нико КУТСИЯ (Гурҷистон)

90 кг

1. Евгений МАКСИМОВ (Русия)

2. Сергей ОСЛОБАНУ (Молдова)

3. Сергей ЛЕСЯК (Беларус)

3. Ҷон ҶЕЙНИ (ИМА)

100 кг

1. Эдуард КУРГИНЯН (Русия)

2. Денис ТАХИЙ (Молдова)

3. Викторс РЕСКО (Латвия)

3. Чингиз ШОКПУТОВ (Қазоқистон)

+100 кг

1. Бека БЕРДЗЕНИШВИЛИ (Гурҷистон)

2. Роман МИХАЛЧЕНКО (Русия)

3. Аҳтам ҲУСЕЙНОВ (Тоҷикистон)