Медали тиллои Ҳамроз Раҷабов дар қаҳрамонии Осиё оид ба самбо

Акс аз бойгонӣ.

Ҳамроз Раҷабов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё дар Ишқобод медали тилло ба даст овард.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод – ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Ҳамроз Раҷабов соҳиби медали тилло гардид. Ӯ дар рӯзи дувуми мусобиқот, 28 май, дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни то 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз шуд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот, 27 май, варзишгарони тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Нозила Каримова дар сабқати самбои варзишӣ миёни духтарон дар вазни то 56 кг мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Валерия Сякова (Узбакистон) мақоми аввал ва Меҳрубон Қурбонова (Туркманистон) мақоми дувумро соҳиб шуданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Дилбар Султонова дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 72 кило мақоми севумро азони худ кард. Нилуфар Давлатова (Узбакистон) ҳам севум шуд. Дар ин вазн Зере Бехтошқизӣ (Қазоқистон) дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Гавҳар Атдаева (Туркманистон) ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки 27 май дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод – оғоз ёфт, мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоев сардовари ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ таъин шудааст. Ӯ раиси комиссиюни доварони Иттиҳоди самбои Осиё мебошад.

Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, сардори шуъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар маҷмааи варзишии якҳарбаҳои шаҳрчаи олимпии Ишқобод баргузор шудааст.

Вай афзуд, “мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки барои аввалин бор дар пойтахти Туркманистон доир шудааст, як санҷишест пеш аз Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Ишқобод баргузор мешаванд. Ба барномаи ин Бозиҳо самбо низ шомил шудааст.”

Ба иттилои оқои Абдуллоев дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ миёни наврасону ҷавонон, бузургсолон ва занон ҳудуди 400 варзишгар аз 17 кишвари қора ширкат дорад.

Мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё дар Ишқобод бегоҳи имрӯз, 29 май, ба анҷом мерасад.