Коршиносон: "Зоҳиран, масъалаи пойгоҳ ҳалшуда аст"

Изҳороти ахири мақомоти Тоҷикистону Русия ба вуҷуди ҳусни тафоҳум дар масъалаи пойгоҳ ишора дорад.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар бораи идомаи музокирот бар сари тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки кишвараш cӯҳбат карда таъкид мекунад, ки дар тасмимгириҳои худ танҳо аз манофеи миллӣ кор хоҳад гирифт, мақомоти баландпояи Русия изҳор мекунанд, ки гуфтушунидҳо дар фазои созанда пеш мераваду усулан Тоҷикистон ба тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия мувофиқат кардааст.

Рӯзи душанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ таъкид кард, ки гуфтугӯҳои Душанбеву Маскав ҳанӯз ба анҷом нарасидаанд ва дар бораи шароити тамдиди ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон чизе гуфта наметавонад.

- Пахши ҳар гуна иттилоъ дар бораи музокирот, маблағ ва ё муддати (тамдиди ҳузури нерӯҳо) имкон надорад ва ман чизе гуфта наметавонам, зеро музокирот идома дорад. Ба фикрам, то интиҳои музокирот набояд кадом вазире ва ё кадом сиёсатмадоре ин мавзӯъро шарҳу арзёбӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбе фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия генерал-полковник Владимир Чиркин изҳороти қаблиаш дар бораи таваққуфи сармоягузории пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро канор гузошта, иброз дошт, ки ҷонибҳо усулан ба созиш расидаанду Маскав пешниҳод кардааст, ки сарбозони рус дар бузургтарин пойгоҳи русии берун аз қаламрави ин кишвар ба мӯҳлати 49 сол бидуни пардохти маблағ боқӣ монанд.

Изҳороти генерали рус ба ин маъност, ки Русия ба тағйири шароити ҳузури сарбозонаш майл надорад.


Коршиносон мегӯянд, сабаби чунин пештозии фармондеҳон ин аст, ки онҳо воқеиятҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро нодида гирифта, намебинанд ва ё намехоҳанд бубинанд, ки имрӯз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) нигарониҳои амниятии кишварҳои минтақаро аз байн набурд ва бар илова, ҳоло дар Осиёи Марказӣ бозигарони бузурге ба монанди ИМА ва Чин ҷои пой пайдо карда, омодаанд дар муқобили ҳузурашон дар хоки ин кишварҳо подоши муносибе ҳам пардохт кунанд.

Александр Голтс, шореҳи умури низомии Русия мегӯяд:

- Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон бо амрикоиҳо ин масъалро баҳс дорад. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ чандин мақола навишта буданд. Албатта хеле хуб
мебуд, ки Амрико ва Русия дар ин минтақа як сиёсати амниятии ҳамоҳангшударо пиёда мекарданду ба муқовимат роҳ намедоданд. Феълан мо шоҳиди ин ҳол нестем ва тавре ба назар мерасад, ҳоло Тоҷикистон саъй дорад, каме тиҷорат карда, аз Русия пули бештар ба даст орад.

Ба қавли Голтс, на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбакистону Қирғизистон ҳам аз СПАД дилсард шудаанду, Тошканд узвияташ дар онро мутаваққиф карда, Бишкек ишора кардааст, ки дар муқобили тамдиди ҳузури пойгоҳи ҳавоии Кант аз Русия пули иловагӣ мехоҳад.

Фикри Голтсро хонум Лилит Геворгян - шореҳи умури ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ дар пажӯҳишгоҳи Ҷейни шаҳри Лондон ҳам дастгирӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, воқеан дар шароити ҳозира минтақаи Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷӯҳи кишварҳои абарқудрат қарор дорад ва онҳо низ мефаҳманд, ки метавонанд вазъро ба нафъи худ истифода баранд.


Вале, ба гуфти ин хонум имконоти Тоҷикистон барои анҷоми “як маневри сиёсӣх” маҳдуд аст:



- Фарқ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ин аст, ки Тошканд метавонад мисли гузашта бо Русия ба истилоҳ “бозӣ “кунад. Вале Тоҷикистон аз нуқтаи назари иқтисодӣ заифтар аст ва наметавонад чунин вазъро зиёд тӯл диҳад. Ба фикрам, баҳсҳои Тоҷикистон рӯи ҳамон пулест, ки метавонад ба даст орад, вале усулан ба ҳузури сарбозони Русия дар ин кишвар мухолиф нест.

Ба қавли хонум Геворгян, соли 2014-ум ҳам созиши даҳсолаи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба поён мерасад ва сарбозони эътилофи байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО аз Афғонистон берун мешаванд, яъне то он замон тамоми паҳлӯҳои созиш ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Сергей Строкан - шореҳи ҳафтаномаи “Коммерсант”, чопи Маскав мегӯяд, ӯ шубҳа надорад, ки музокирот бо муваффақият ба анҷом мерасад, зеро пойгоҳи низомии Русия кафили амнияти дохили Тоҷикистон низ мебошад:



- Воқеан, ин пойгоҳ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон хеле муҳим аст. Президент дар дохил бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ шудааст. Ин пойгоҳ бидуни шубҳа як омили амният ва ба вижа амнияти дохилии Тоҷикистон аст.

Хуллас, тамдиди ҳузури пойгоҳ масъалаи зоҳиран ҳалшуда аст, вале шароити ин ҳузури то ҳанӯз мавриди баҳс аст.