“Наврӯзи Озодӣ” – Наврӯзро бо Озодӣ таҷлил кунед!

Гардонандагони барномаи "Наврӯзи Озодӣ" - Хиромон Бақозода ва Тоҳири Сафар

​Шоми 20 март дар сомонаи Озодӣ видеобарномаи “Наврӯзи Озодӣ” тақдим мешавад.

Шоми 20 март дар сомонаи Радиои Озодӣ вижабарномаи видеоии “Наврӯзи Озодӣ” тақдим мешавад, ки аз ҷониби ҳайати эҷодии мо таҳия шудааст.

Дар ин барнома шумо бо:

таърихи Қалъаи Хуҷанд – маҳалли ҷашни расмии Наврӯзи соли 2015,

суннатҳои суманакпазии сокинони Файзободу Қӯрғонтеппа,

назари донишмандон ба мақоми иди Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон,

нарху навои дастурхони наврӯзӣ,

ҷашни Наврӯз дар як хонадони эронӣ ва суфраи ҳафтсину ҳафтшин,

Наврӯзи тоҷикони Сибир ва Бишкек шинос мешавед.

Илова ба ин, аз муҳимтарин рӯйдодҳои як соли Тоҷикистон – аз Наврӯз то Наврӯз - ёдовар хоҳем шуд.

Дар таҳияи ин барнома кормандони Радиои Озодӣ дар Прага, Душанбе, Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва Хуҷанд саҳм гузошта, бархе аз қисматҳои ин барномаро ҳаводорони Озодӣ аз маҳалҳои зисти худ фиристодаанд. Гардонандагони ин барнома – Тоҳири Сафар ва Хиромон Бақозода.

“Наврӯзи Озодӣ”-ро аз даст надиҳед!

Наврӯзро бо Озодӣ ва дар Озодӣ таҷлил кунед!

​“Наврӯзи Озодӣ” – ҷашни Наврӯзро бо Озодӣ таҷлил кунед