Ширкати паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки аз 11-ум то 13-уми ноябр дар Булғористон баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки муовини сардовари мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон мебошад, рӯзи 10-уми ноябр хабар дод.

Вай гуфт, “ба ҳайати мунтахаби кишвар Ҷомӣ Ҳасанӣ (-52 кг), Акмалиддин Каримов (-57 кг), Хушқадам Хусравов (-62 кг), Мустафо Ҳасанов (-68 кг), Ҳамроз Раҷабов (-74 кг), Зафар Олимшоев (-82 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Шамшод Абдуллоев (-100 кг) дохиланд. Онҳо дар мусобиқа оид ба самбои варзишӣ иштирок мекунанд. Инчунин дар сабқати самбои размӣ Тоҷикистонро Умед Ҳасанбеков дар вазни то 90 кило намояндагӣ хоҳад кард.”

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат меварзанд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат мегирад.

Рӯзи аввали мусобиқа – 11-уми ноябр – мардон оид ба самбои варзишӣ дар вазнҳои 52, 68, 90 кг ва оид ба самбои размӣ дар вазнҳои 57, 74, 100 кг вориди рақобат мешаванд. Занон бошанд, дар намуди самбои варзишӣ дар вазнҳои 48, 60, 72 кг қувваозмоӣ мекунанд. Мусобиқа дар вазнҳои дигар рӯзҳои 12-ум ва 13-уми ноябр доир хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш дар риштаи самбои варзишӣ ду медал ба даст оварда буданд. Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштаанд.

Бояд тазаккур дод, гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо медалҳои нуқраву биринҷӣ гирифтаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон мушарраф нашудааст.