Вакилони Маҷлиси намояндагон мегӯянд, бо татбиқи "Созишномаи Тоҷикистону Чин дар мавриди бозпас гардондани маҳкумшудагон" афви 16 шаҳрванди кишвар, ки дар зиндонҳои Чин ба сар мебаранд ва чаҳор нафарашон ба марг маҳкум шудаанд, имконпазир мегардад. Ҳукми эъдоми чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, се зан ва як мард, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд, то ҳол иҷро нашудааст.
Созишномаи табдили зиндониён дар байни Тоҷикистону Чин ҳанӯз соли 2014 дар Душанбе имзо шуда, аммо танҳо рӯзи чоршанбеи 20 май бо раъйи 63 вакили Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ба тасвиб расид.
Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 20 май ҳангоми муаррифии "Созишномаи миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи бозпас гардонидани маҳкумшудагон" гуфт, дар ҳоли ҳозир 16 шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 шаҳрванди Чин дар зиндони ин кишварҳо адои ҷазо мекунанд. Ба қавли Раҳмонов, аз 16 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳама барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудаанд, 9 нафар мард ва 7 тани дигар зан мебошанд.
"Сокинони ҷумҳурии Чин дар зиндонҳои мо се нафаранд ва барои таҷовуз ба номус, қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ва даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба сар мебаранд. Албатта, бозпас гардондани маҳкумшудагон хароҷот талаб менамояд, ки ин яке аз хусусиятҳои чунин созишномаҳост,"--афзуд додситони кулл.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи Юсуф Раҳмонов, бар асоси ин санад интиқоли маҳбусон бо ризояти худи онҳо ва бо маблағи пайвандонашон сурат хоҳад гирифт ва ҳукми онҳо ба қонунгузории Тоҷикистон мутобиқ хоҳад шуд. Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, вакил аз Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон гуфт, ин созишнома имкони авф ва ё бахшида шудани маҳбусонро низ фароҳам меорад.
Ӯ мегӯяд, "дар моддаи 16-и Қонуни асосӣ омадааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ зери ҳимояи давлат мебошанд. Ҳангоми зарурат тарафҳо метавонанд, нисбат ба маҳбусон қонуни афвро татбиқ кунанд ва ин як амали инсондӯстист."
Ин вакил ҳадафи тасвиби шартномаро ҳифзи ҳуқуқу манфиати шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани имконияти гузарондани қисми боқимондаи ҷазо дар ватани худ унвон кард. Умедвории намояндаи парлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки Чин дар робита ба ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир шадидтарин қонунҳо дорад ва эъдоми муҷримони марбут ба қочоқи ин маводро ба таъхир намегузорад.
Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ ба зарурати баргардондани маҳбусони тоҷик ба ватан таъкид карда гуфт, "бо вуҷуди он ки ин афрод ҷинояткор ҳастанд, вале шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва бояд талош кард, онҳо ба ватан оварда шуда, дар ин ҷо адои ҷазо кунанд. Зеро дар он давлатҳо ҷойи пурсишу кӯшиш нест, ҳамин ки вақт омад, ҳукм иҷро мешавад. Аз ин хотир агар тезтар ин созишномаро тасдиқ кунем, ниҳодҳои зарурӣ барои ҳарчӣ тезтар амалӣ кардани ин шартнома кӯшиш хоҳанд кард ва мо ақаллан ҳаёти одамонро ҳифз карда метавонем. Зеро ҳеч чиз аз ҳаёти одамӣ болотар нест."
Эълони теъдоди маҳбусони тоҷик ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар зиндонҳои Чин аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли гузашта мийни ду кишвар як амалиёти муштарак дар марз сурат гирфта буд, ки бар асари он 38 нафар бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда буданд. Дар пайи ин амалиёт, ки муддати 25 рӯз - аз 27 октябр то 21 ноябр - давом кард, 181 кило маводи мухаддир мусодира гардид.
Хабаргузории “Синхуа” аз қавли Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин навишт, дар ҷараёни ин амалиёт асосан ҳероин, афюн, банг ва метафетамин ном як навъи маводи мухаддири синтетикӣ мусодира шудааст. Ин амалиёт дар вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур, воқеъ дар марз бо Тоҷикистон дар ғарби Чин сурат гирифт.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, нозирони умур низ мегӯянд, ки 16 нафаре, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар зиндонҳои Чин ба сар мебаранд, аз шумули боздоштшудаҳои ин амалиёт будаанд.
Тоҷикистон бо Чин дар қисмати вилояти Бахашони Кӯҳӣ дар имтидоди 500 км марзи муштарак дорад ва ҳамчунин ин кишварҳо бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошанд. Тасвиби созишномаи миёни Тоҷикистону Чин дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагон дар ҳолест, ки то кунун Тоҷикистон бо Русия, Эрон, Украина, Афғонистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамин гуна шартномаҳо бастааст.