Се маҳбуси тоҷик дар зиндони Русия қасди худкушӣ кардаанд

Муассисаи ислоҳӣ дар Мордовия. Акс аз бойгонӣ

Се маҳбуси тоҷик, ба қавли наздиконашон, дар муассисаи ислоҳии рақами 22-и ҷумҳурии Мордовияи Русия қасди худкушӣ кардаанд.

Ҳанӯз вазъи сиҳатӣ ва дар кадом шароит нигаҳ доштани ин се маҳбус маълум нест.

Пайвандони Мирзоалӣ Шоҳинови 35 сола, Мирмуҳаммад Шералиеви 33 сола ва Тоҷиддин Шерови 32 сола ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин се маҳбус бо нишони эътироз дар пайи фишору азияти кормандони зиндон рагҳои дастони худро буридаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ба мақомоти зиндон рӯзи 10-уми октябр нома равон кардаанд, вале мақомоти зиндон аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Мавлуда Саидова, холаи Тоҷиддин Шеров, яке аз маҳбусоне, ки гуфта мешавад, қасд ба ҷони худ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти зиндон ба онҳо низ ҳеҷ иттилоъ намедиҳанд.

Ӯ гуфт, аз рӯйи иттилое, ки дастраси онҳо шуд, хоҳарзодаи ӯ ва ду маҳбуси дигари тоҷик рӯзи 4-уми октябр қасди ҷони худ кардаанд.

Ин хабарро ба онҳо як маҳбусе, ки тоза аз маҳбас озод шуд, расонидааст. Ба гуфтаи Мавлуда Саидова, аз ин пеш нафари ношиносе низ ба онҳо занг зада, аз ин ҳодиса хабар дод.

“Инҳо дар фабрикаи дохили муассисаи ислоҳӣ кор мекарданд. Ҳатто рӯзҳои истироҳат низ онҳоро кор мефармуданд. Чанд моҳ ҳақи корашонро надоданд. Гуфтаанд, ки моро касе хабар намегирад, бароямон ҳақи корамонро диҳед. Вале ба ҷойи додани пул масъулони муассиса онҳоро таҳқир ва шадидан лату куб кардаанд. Ҷиянам мегуфт, ки мо хурокҳои бо гушти хук омодашудаи муассисаро намехурем ва бо пули кор кардаамон дигар хурокҳо харида мехурем”,--гуфт ӯ.

Ин зан мегӯяд, аз рӯзе, ки ин хабарро шуниданд, мақомоти зиндон иҷозаи дидор бо хоҳарзодаашро намедиҳанд, дар ҳоле, ки пештар чунин мушкил вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, ӯ мегӯяд, ба ин хабар бовар кардаанд ва аз сарнавишти хоҳарзодааш, ки пас аз марги модараш мисли фарзандаш мебошад, нигарон аст.

Шеров Тоҷиддин, сокини шаҳри Душанбе соли 2012 бо иттиҳоми “пинҳон кардани 2,5 грамм маводи мухаддир” боздошт ва ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуда буд. То замони боздошт ӯ дар Москва ронандаи таксӣ буд. Пайвандонаш мегӯянд, ба ин иттиҳом низ бовар надоранд ва Тоҷиддин бегуноҳ аст. Шаш моҳ пас мӯҳлати ҷазояш тамом мешавад.

Шоҳмуҳаммад Шералиев, бародари Мирмуҳаммад Шералиев, зиндонии дигар мегӯяд, то ин ҳодиса дидор бо бародараш мушкил надошт, вале ҳоло номумкин шудааст.

“Ба мо гуфтанд, ки чанд ҷойи баданашро пас аз лату куби зиёд буридааст. Саломатиаш нохуб аст. Ӯро пеш аз ҳодиса бисёр азоб додаанд. Нафаре, ки ба мо ин хабарро расонд, гуфт, ки зудтар ба мақомот муроҷиат кунед ва бародаратонро наҷот диҳед. Ҳоло намедонам чӣ кор кунам”,--гуфт ӯ.

Мирмуҳаммад Шералиев, сокини шаҳри Норак низ соли 2013 бо иттиҳоми фуруши маводи мухаддир боздошт ва 13 сол зиндонӣ шуд.

Пайвандони Мирзоалӣ Шоҳинов маҳбуси дигар низ мегӯянд, айни чунин хабарҳоро дастрас кардаанд.

Ба гуфтаи наздикони маҳбусон, дар муассисаи рақами 22-и ҷумҳурии Мордовия бештар аз сад тоҷик нигаҳдорӣ мешавад. Онҳо бо такя ба сӯҳбати наздиконашон мегӯянд, шароити маҳбас бад аст ва муҳоҷирон зери азияти пайвастаи бархе кормандони зиндон қарор доранд.

Рӯзи 11-уми октябр хабарнигори Радиои Озодӣ ба мақомҳои гуногуни Раёсати зиндонҳои ҷумҳурии Мордовия занг зад. Онҳо вуҷуди чунин ҳодисаро тасдиқ ва ё рад накарданд.

Як намояндаи муассисаи ислоҳии рақами 22-и ҷумҳурии Мордовия дар тамоси телефонӣ гуфт, “тариқи телефон дар ин бора сӯҳбат намекунад ва бояд мактуб фиристед”.

Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки онҳо бар асоси муроҷиати пайвандони зиндониён ин мавзуро пайгирӣ доранд.

Дар зиндонҳои Русия беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Аз шароити нохуби онҳо зуд-зуд гузоришҳо нашр мешавад. Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ҳамасола ба Русия мераванд.

Дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, нақзи қонунҳои Русия ва куштор боздошту зиндонӣ мешуданд.

Аммо аз соли 2013 ба ин тараф хабарҳо дар бораи дастгир шудани муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм афзудааст.

Бархе аз ин афрод ба кишвар истирдод ва аксаран дар ҳудуди Русия муҳокима мешаванд.