Маҳбуба Рустамова, ҳамсари Саидқул Ашӯров рӯзи 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мулоқоти охиринаш дар зиндони Тошканд шавҳарашро бисёр рӯҳафтодву ноумед дарёфт: “Ман охирҳои моҳи сентябр, рӯзҳои 20-уми сентябр рафта будам. Гепатити В, ки доранд, вазъи саломатиашон бад аст, рӯҳафтода шудаанд ва ягон боварӣ надоранд, ки аз ҳабсхона мебароянд.”
Облоқул Ризоев, бародари Саидқул низ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз вазъи сиҳатии бародари бемораш бисёр нигарон аст ва “метарсад, ки ӯ зиндан намебарояд.” Маҳбуба Саидова афзуд, шавҳараш аз муносибати посбонҳову маъмурони амниятии зиндон бо ӯ шикоят надорад, зеро бо ӯ бадрафторӣ ва ё рафтори дурушт намекардаанд, аммо дар шароити зиндон бемории хатарнокаш бадтар мешавад. Ҳамсари Саидқул Ашӯров, ки дар ҳар се моҳ танҳо як бор иҷозаи дидорбинӣ бо шавҳарашро дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло муҳимтар аз ҳама раҳо шудани падари се фарзандаш аст, ки муштоқи дидори ӯ ҳастанд:
“Айни замон ман ягон касро гунаҳкор кардан намехоҳам ва фақат мехоҳам, ки шавҳарам аз маҳбас озод шавад. Ман намехоҳам, ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳкор кунам, намехоҳам ҳукумати Узбакистонро гунаҳкор кунам, ё ширкати “Оксус Голд”-ро гунаҳкор кунам. Ман фақат мехоҳам, шавҳарам аз маҳбас озод шавад, вале барои ин ман намедонам, чӣ кор кунам.”
Саидқул Ашӯров муҳандиси собиқадори 49-солаи тоҷикро, ки ба ҳайси муҳандиси калон дар ширкати бритониёии Оксус Голд кор мекард, мақомоти Узбакистон моҳи августи соли 2011 бо гуноҳи ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум карданд, ҳарчанд худаш мегӯяд, ҳеҷ гуноҳе надорад ва қурбонии ҷанҷоли ҳукумати Тошканд ва ширкати “Оксус Голд” шудааст. Байни ин ширкати истихроҷи тилло ва ҳукумати Узбакистон қабл аз боздошти Саидқул Ашӯров ҷанҷол сар зад ва дар ниҳоят “Оксус Голд” Узбакистонро тарк кард.
Мақомоти Узбакистон мегӯянд, ки ҳангоми боздошти Саидқул Ашӯров, дар компютер ва флешкарти ӯ, иттилооти махфӣ дар бораи захоири тиллои Узбакистон ва нақшаи корхонаи истихроҷи тиллоро пайдо карданд, ҳарчанд ба гуфтаи вакилони ширкати Оксус Голд ин иттилоот махфӣ набуданд ва дар Интернет дастрас ҳастанд.
Саидқул Ашуров дар Узбакистон ду сол баъд аз он ба зиндон маҳкум шуд, ки дар Тоҷикистон се корманди баландпояи корхонаи «Востокредмет», аз ҷумла Виссарион Тен, шаҳрванди Узбакистонро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи ин кишвар ба 20 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гуфтаи Облоқул Ризоев, мақомоти Узбакистон ду дафъа ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки омодаанд, мутахассиси узбакистониро бо Саидқул Ашӯров иваз кунанд, вале Тоҷикистон ин дархостро рад кардааст.
Облоқул Ризоев, мегӯяд, муроҷиатҳои пайвастаи хонаводаи онҳо ба ҳукумати Бритониё, порлумон ва малика Елизавета барои озод кардани бародараш ҳеҷ натиҷа надодааст ва дар ин миён модари 85-солаи пираш чашм ба роҳи Саидқул аст ва то ҳол намедонад, ки ӯ дар зиндон ба сар мебарад.