Танқиди президенту парлумон. Нашрияҳо "далер" шудаанд?

Нозирони вазъ мегӯянд, дар муқоиса ба солҳои пеш ҷуръати нашрияҳои дохилии Тоҷикистон бештар шудааст.
Мушовири умури матбуоти намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе гуфт, ҷуръат ва ҷасорати журналистони тоҷик дар моҳҳои охир як андоза бештар шудааст. Михаил Унланд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин таҳаввул дар ҳоле рӯй медиҳад, ки нашрияҳои Тоҷикистон солҳои охир дар қиёс бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз истиқлолияти бештар бархӯрдор будаанд.

"Нашрияҳои Тоҷикистон нисбат ба расонаҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бо нашру чопи матолиб бо нуқтаи назарҳои мухталиф фарқ мекунанд. Ба гумони ман, яке аз далелҳои чунин ҷуръат пайдо кардани нашрияҳо дастури раисиҷумҳур барои мансабдорон аст, ки онҳоро вазифадор кардааст, ки ба навиштаҳои нашрияҳо вокуниш нишон диҳанд",-мегӯяд ӯ.

Ҷуръати бештари нашрияҳоро дар бозтоби мушкилоти умдаи ҷомеа коршиносони дохилӣ низ тасдиқ мекунанд. Музаффар Олимов, мудири маркази таҳлилии «Шарқ», яке аз сабабҳои далертар шудани журналистонро ба бекор шудани моддаҳои «таҳқир» ва «тӯҳмат» дар Кодекси ҷиноии кишвар бастагӣ медиҳад. Тағйири қонун муаллифонро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард ва масъалаи “таҳқиру тӯҳмат”-ро парвандаи маъмурӣ донист.

Михаил Унланд

То ин тағйир ба журналистон ду соли зиндон ва ҷаримаҳои бузург таҳдид мекард. Вале ба ақидаи ҷаноби Олимов, аз сӯи дигар шароите пеш омадааст, ки расонаҳо барои ҳифзи ҷойи худ дар бозор матолиби доғро “ангушт” мезананд ва ин ҳам дар ҳоле ки дарёфти иттилоъ назар ба солҳои пеш осонтар шудааст.

Иттифоқан афзоиши ҷасорати нашрияҳои мустақилро хонандаҳои одӣ низ ҳис кардаанд. Зиёи Сулаймон, як сокини шаҳри Душанбе, ки аз хонандаҳои доимии ин ҳафтаномаҳост, мегӯяд, бархе аз нашрияҳои мустақил ба унвони худи роҳбари давлат низ суханони танқидӣ чоп мекунанд, ки дар гузашта мушоҳида намешуд: «Абзатс, абзатс дар аксарияти мақолаҳо ҳарфҳои танқидӣ ҷо дорад.

Ё ин ки дар рубрикаи пурсишу посухҳо ишораҳои ошкоро карда мешавад. Агар ҳукумат дар воқеъ таҳлил кунад, ҳамаи намуди танқид дар матбуоти озод мавҷуд аст. Дар «Миллат» ҳам ҳаст. Аз ҳама бештар дар «Фараж» ва «Озодагон» танқид ҷо дорад ва дар «Нигоҳ» ва «Наҷот» мақолаҳои таҳлилии ҷиддӣ чоп мешаванд. Вақте мехонед, «оилаи як кас», «оилаи фалонӣ» худи ҳамин ҳарфҳо ишора ба ҷаноб доштанро мефаҳмонад. Ҳадафашон ҳам ин аст, ки нишон бидиҳанд ҳамаи боигарии Тоҷикистон дар дасти як шахс, як авлод ва ҳамаи кадрҳо аз як минтақа аст.»

Талаби истеъфои ҳукумат ва пароканда кардани парлумон, танқиди фаъолияти мансабдорони наздик ба роҳбарияти сиёсӣ ва сиёсати интихоби кадрҳо дар заминаи маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ аз мавзӯъҳоенд, ки дар ин авохир дар нашрияҳои мустақили Тоҷикистон бештар таҳлил ва арзёбӣ мешаванд.

Қироншоҳ Шарифзода

Аммо, ба ақидаи коршиносон, бо ин ҳол низ нашрияҳои мустақил ҳанӯз ба сатҳи зарурии ҷасорат нарасидаанд. Қироншоҳи Шарифзода, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, тағйири нисбие, ки дар самтгириии расонаҳо рӯй додааст, бештар натиҷаи воқеаҳои кишвар ва рӯҳияи ҷомеа аст, то тасмими сардабирон. Ба ақидаи ӯ, ҳанӯз зуд аст, ба ин падидаи бештар вокунишӣ ҷомаи таҳаввулот ё чархишро пӯшонд. «Нашрияҳои мустақил бояд ба ҳадде боҷуръат бошанд, ки аз мушкилоти воқеии мардум ва камбуди кори ҳокимият ҳарф зананд»,-мегӯяд ӯ.

Ҷаноби Шарифзода илова кард, “ба танқиди рӯирости вазоратхонаҳо ва ин ё он ниҳодҳои ҳукуматӣ аз матбуот пештар ҳизбҳои сиёсӣ даст заданд ва ин як омили такондиҳанда барои матбуот шуд. Бубинед, имрӯз ҷомеаи мо дигар шудааст, афкори мардум то андозае тағйир ёфтааст."

Ин ақида маъмул аст, ки нашрияҳои мустақил дар ташаккули афкори ҷомеа таъсиреро надоранд, ки хоси телевизион ва радиоҳо бошад. Аммо бо вуҷуди он ки нашрияҳои давлатӣ тиражи бамаротиб бештар доранд, аз лиҳоз нуфуз ба афкори иҷтимоӣ бо нашрияҳои мустақил баробар дониста намешаванд. Ҳарчанд ба ақидаи Михаил Унланд, мушовири умури матбуотии дафтари САҲА дар Тоҷикистон, наметавон мутмаин буд, ки худсонсурӣ дар нашрияҳои хусусӣ комилан аз байн рафта ва тамаркуз ба факт ҷойгоҳи марказӣ касб карда бошад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!