Муқоисаи Эмомалӣ Раҳмон бо Авраам Линколн, Шарл де Голл ва Камол Отатурк

Ду мушовири собиқадори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар матлабе аз нигоҳи хидматҳояш ба мардум бо шахсиятҳои таърихие, чун враам Линколн, Шарл де Голл ва Камол Отатурк монанд кардаанд.

Ду мушовири собиқадори раисиҷумҳури Тоҷикистон дар матлабе бо номи “Президенти мардумӣ», ки рӯзи 5 октябр, дар зодрӯзи 62-юми Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи хабаргузории давлатии «Ховар» нашр шуд, Эмомалӣ Раҳмонро ба шахсиятҳои бузурги таърихие, чун Авраам Линколн, Шарл де Голл ва Камол Отатурк монанд кардаанд.

Дар ин матлаб ё ба таъбири муаллифон, «очерк», ки аз ҷониби ду мушовири собиқадори Эмомалӣ Раҳмон – Саидмурод Фаттоев ва Мансур Сайфиддинов – ва зоҳиран ба муносибати солгарди 20-уми пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 1994 бар Абдумалик Абдуллоҷонов ва даст ёфтанаш ба нахустин давраи президентӣ навишта шудааст, аз ҷумла омадааст: «Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар назди Ватан ва миллат бо саҳме, ки Авраам Линколн, де Голл, Камол Отатурк ва дигар шахсиятҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ дар замонҳои гуногун дар роҳи рушди кишварҳои худ гузоштаанд, метавон қиёс намуд.»

Муаллифон менависанд, Эмомалӣ Раҳмон, соли 1992, вақте ба раҳбарии Тоҷикистон омад, ба фарқ аз Нурсултон Назарбоев, ё Эдуард Шеварднадзе ва дигар раҳбарони вақти кишварҳои шӯравӣ таҷрибаи ғании раҳбариро надошт ва хеле аз зинаҳои раёсатро тай накарда буд. Манзури эшон зоҳиран якбора аз мақоми раиси як колхоз дар ноҳияи Данғара ба курсии раиси вилояти вақти Кӯлоб ва баъди ҳамагӣ ду ҳафтаи кор дар ин мақом интихоб шуданаш ба раёсати Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон – дар поёни соли 1992 мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Қасри Арбоб

Эмомалӣ Раҳмони 62-сола, қарори маълум, дар моҳи ноябри соли 1992, вақте ҳамагӣ 40 сол дошт, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд дар пайи пирӯзии нирӯҳои Фронти халқӣ ба раҳбарии Сангак Сафаров дар водии Вахш ва наздики шудани онҳо ба пойтахт, шаҳри Душанбе раҳбари Тоҷикистон интихоб шуд ва инак, давраи чоруми президентиаш бар ин фақиртарин кишвари Шӯравии собиқро тай мекунад.

5 сирри муваффақияти Э.Раҳмон аз нигоҳи мушовиронаш

Фаттоев ва Сайфиддинов бо зикри солҳои мушкиле, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли инак 22 соли раҳбариаш бар Тоҷикистон пушти сар гузошт, аз ҷумла солҳои ҷанги шаҳрвандӣ,чандин кӯшиши ошӯбу табаддулоти давлатӣ ва сӯъиқасд ба ҷони худи оқои Раҳмон ин суолро матраҳ карданд ки оё сирри ба «чунин парвози баланду босуръат» даст ёфтани ӯ чист?

Ба ақидаи онҳо, сирри «муваффақият»-и Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама дар «ба халқ наздик» будану «аз байни халқ баромадан»-и ӯст: «Дар урфият чунин таъбирҳо роиҷанд: "ба халқ наздик", "аз миёни мардум баромадааст", "фарзанди халқ", "вакили мардум" ва ғайра. Ин суханон ҳосили мушоҳидаву таҷрибаи мардуманд ва ҳар кадом дорои маънии амиқ аст. Мардум таҷрибаи андӯхтаи худро ба наслҳои минбаъда қабл аз ҳама аз тариқи он намояндагони худ, ки нисбат ба хираду заковати мардум бештар таъсирпазиранд, мунтақил месозад; аз тариқи касоне, ки ҳамеша бо халқанд, касоне, ки онҳоро "фарзанди халқ" меноманд. Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин гуна фарзанди халқ аст.»

Дар идомаи матлаб паҳлуҳои мухталифи тарҷумаи ҳоли Эмомалӣ Раҳмон – аз таҳсилаш дар омӯзишгоҳу хидматаш дар флоти артиши Шӯравӣ ва раисиаш ба совхозе дар Данғара – зик шуда, муаллифонашро ба хулосае мерасонад, ки «вай ҳамеша бо халқ ва дар миёни халқ буд... Асрори муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳақиқат сода аст: зарурати дорои сифатҳои мардумӣ будан.»

Ба гуфтаи Саидмурод Фаттоев ва Мансур Сайфиддинов, сирри дигари комёбии Эмомалӣ Раҳмон хидмат карданаш ба мардум аст: «Вай на фақат беҳтарин сифатҳоро аз мардум қабул намудааст, балки ба халқ хидмат низ мекунад. Хидмате бо шӯру шавқ, хидмате бо эътимод ва пайгирона!»

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992

«Омӯхтан аз ҳама: аз ҳамсафон, ҳамтоён, аз рақибони сиёсӣ… сабақ гирифтан аз хатову иштибоҳҳои худ» ва ҳам аз хатову и, ба бовари муаллифон, сеюмин шохиси симои сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аст. Шохиси чорум, ба ақидаи онҳо, «сиёсатмадори модарзод» будани ҷаноби Раҳмон ва шохиси панҷум ё сирри панҷуми муваффақияти ӯ «ҳисси дурӣ ҷустан аз иштибоҳи сиёсӣ»-аст.

Хидматҳои Раҳмон: Аз хатми ҷанг то қонуни танзим...

Мушовирони раисиҷумҳури Тоҷикистон чанд намунаи «хидмат»-ҳои ӯ дар 22 соли раҳбариашро низ барчида, истиқрори низоми конститутсионӣ дар соли 1993, таҳияи Қонуни асосӣ ва баргузории интихоботи алтернативии президентӣ дар соли 1994, интихоби роҳи таъсиси давлати демокративу ҳуқуқбунёд, интихоби иқтисоди бозорӣ, нуқта гузоштан ба ҷанги шаҳвандонӣ, имзои созишномаи сулҳ ва барпгардондани ҳамаи оворагони иҷбориро дар ин ҷумла ном бурдааанд.

«Нияти нек»-и дигари президент, ба навиштаи мушовиронаш, қонуни танзими расму оин буд, ки бори гарони ҷашнҳои пурхарҷ ва миёншиканро аз дӯши мардум гирифт: «Алалхусус, ин бори сангин барои хонаводаҳои камбизоат, ки буҷаи онҳо имкони таъмини чунин хароҷотро надошт, тоқатфарсо буд…Сарфи назар аз он, ки қарори Сарвари давлат ифодаи нияти нек ва тадбири оқилона буд, ба шикваи хомӯшона ва мухолифати бесару садои доираҳои муайян рӯ ба рӯ шуд. Аммо Президент як ваҷаб ҳам аз роҳи худ ақиб барнагашт.»

Саидмурод Фаттоев

Саидмурод Фаттоев ва Мансур Сайфиддинов манъи тӯю сӯр ва маъракаҳои дигари пурхарҷро аз муҳимтарин хидматҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон баршумурда , менависанд, баъдан кишварҳои дигар, аз ҷумла Узбакистон, низ ба ин таҷрибаи Тоҷикистон пайравӣ карданд, ки ба ақидаи муаллифон, «ба кадом андоза дуруст ва мутобиқи тақозои замон» будани қарори Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди танзими расму оинро нишон медиҳад.

Тарҷумаи ҳол

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Падараш Шариф Раҳмонов - иштирокчии Ҷанги бузурги ватанист. Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кориашро ба ҳайси барқчӣ дар корхонаи равғани шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ карда, солҳои 1971-1974 дар флоти уқёнуси Ороми нирӯҳои баҳрии артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1982 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ба номи Ленин (ҳоло - Донишгоҳи миллӣ)-ро ғоибона хатм кард. Аз соли 1988 то 1992 раиси совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Соли 1990 аз ҳамин ноҳияи вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. 2 ноябри соли 1992 раиси вилояти Кӯлоб ва 19 ноябри ҳамон сол раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар интихоботҳои президентии солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 ғалаба карда, инак, 20 сол боз раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Аз соли 1998 раҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократиро низ бар дӯш дорад.

Мунтақидон Эмомалӣ Раҳмонро айбдор мекунанд, ки дар солҳои охир мансабҳои муҳими давлатӣ ва тиҷоратҳои пурфоидаро дар дасти хешу табораш мунсаҷим кардааст. Ҳоло писари ӯ Рустам Эмомалӣ - раиси Хадамоти гумрук, духтараш Озода Раҳмон - муовини аввали вазири хориҷа ва шавҳари ӯ - Ҷамолиддин Нуралиев - муовини аввали вазири молияанд. Додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон - Ҳасани Асадуллоҳзода - раҳбарии "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки Тоҷикистонро бар ӯҳда дошта, додарарӯси дигараш - Амируллоҳ Холов - шаҳрдори Қӯрғонтеппа ва як бародари дигари онҳо - Амонуллоҳ Саъдуллоев - муовини раиси ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" аст. Домоди дигари президент Ашраф Гулов ҳоло консули Тоҷикистон дар Русия мебошад.