Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари корияш ба Тошканд бо Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти президент гуфт, дар мулоқоти рӯзи 23 июн "ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба" баррасӣ шуда, "оид ба дарёфти роҳҳои нави рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун" табодули назар сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов вазъи сиёсии Афғонистонро низ баррасӣ карда, "ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун шарти суботи иҷтимоию сиёсии Осиёи Марказӣ" таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, "рушди манфиатбахши муносибатҳои дӯстию ҳамкории байни ҷумҳуриҳо" аз қаъри асрҳо маншаъ гирифта ва дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳим ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон баъд аз тақрибан ду соли мулоқоташ бо Ислом Каримов дар Душанбе субҳи 23 июн бо сафари корӣ ба Узбакистон рафт. Вай дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) дар шаҳри Тошканд иштирок мекунад.
Аксҳои бештари Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов дар инҷост:
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари раисиҷумҳур дар умури масъалаҳои равобити хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва вазири энержӣ ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ҳамроҳӣ доранд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки оқои Раҳмон ва ҳамроҳонашро дар фурудгоҳи пойтахти Узбакистон нахуствазири он кишвар Шавкат Мирзиёев истиқбол гирифтааст.
Мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзҳои 23 ва 24 июн дар Тошканд баргузор мешавад.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон баъд аз тақрибан ду соли мулоқоташ бо Ислом Каримов дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Каримов моҳи сентябри соли 2014 барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви ШОС ба Тоҷикистон омада буд.
Дар чаҳорчӯбаи саммити Тошканд қарор аст беш аз даҳ санади ҳуқуқӣ имзо шаванд. Дар ин нишаст, инчунин, ду кишвари нозир ва рақиби қадимӣ - Ҳиндустон ва Покистон - узви комилҳуқуқи ин созмон хоҳанд шуд.
Коршиносон мегӯянд, ки ворид шудани Ҳинду Покистон Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро обрӯманд мекунад, зеро бо вуҷуди узвияти кишварҳои дигар, ин ташаккули минтақавӣ ҳанӯз ҳамчун эътилофи Русияву Чин шинохта мешавад.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 1996 ибтидо бо номи “Панҷгонаи Шанхай” ва он ҳам дар оғоз танҳо барои ҳалли баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои пасошӯравӣ – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкил ёфт. Ин кишварҳо то соли 2001 аз тариқи ироаи бахше аз қаламравҳои худ баҳсҳои марзиашон бо Пекинро нуқта гузоштанд.
Дар соли 2001 бо пайвастани Узбакистон, нахустин кишваре, ки бо Чин марзи мустақим ва табъан ягон мушкили марзӣ надошт, “Панҷгонаи Шанхай” ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай табдили ном кард. Соли 2004 Муғулистон, соле баъд аз он Покистону Ҳинду Эрон ва дар соли 2012 Афғонистон дар Созмони Шанхай соҳиби мақоми нозир шуданд.